Имрӯз, 24-уми май роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон зимни мулоқоти дар масъалаи марз ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳолати эҳтимолии муноқишаҳои марзӣ аз бесарнишинҳо (беспилотник) ва техникаи сангини низомӣ истифода нашавад.
Тавре “Азия-Плюс” аз гуфтаи Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд менависад, вохӯрӣ пеш аз зуҳри имрӯз, 24-уми май, дар гузаргоҳи наздимарзии Гулистони шаҳри Исфараи Тоҷикистон, воқеъ дар марз бо гузаргоҳи Қизилбели Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.
“Дар мулоқоти имрӯза раҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд ҳамчунин, раисони минтақаҳои наздимарзӣ ва мақомоти сарҳадбонӣ иштирок доштанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдукарим Алимбоев масоили мубрами вобаста ба марзро баррасӣ намуданд”,- гуфт Музаффар Юнусов.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти имрӯза ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар вақти рухдоди муноқишаҳои марзӣ аз бесарнишинҳо ва техникаҳои сангини низомӣ истифода нашавад.
Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки сулҳро дар сарҳад нигоҳ доранд, ба иғвогарӣ роҳ надиҳанд, бо созиши ҳамдигар аз об истифода баранд.
“Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин музокирот масоили роҳ, чароггоҳҳо ва пешгирӣ аз муноқишаҳои минбаъда дар марзро низ баррасӣ карданд”, – гуфт ӯ.
Истифода нашудани бесарнишинҳо ҳангоми рух додани низои марзӣ дар ҳолест, ки дар муноқишаи охири марзии байни ду кишвар, ки даҳҳо куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт, Қирғизистон аз бесарнишинҳо истифода кард ва дар натиҷаи он чандин шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд.
Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъйин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли гузашта аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд.