Мусодираи беш аз 4 тонна маводи нашъаовар дар Тоҷикистон

ММТ пули хидматрасонии дохилшавӣ ба макотиби олиро дар соли 2022 муқаррар кард

Зимни нишасти матбуотии имрӯза директори Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ хабар дод, ки ҳудуди 80%-и донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассиаҳои касбӣ-техникӣ тибқи шартномаи пулакӣ таҳсил мекунанд.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта 55 ҳазору 823 нафар донишҷӯён тариқи супурдани тест ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуда, айни замон 45 ҳазору 168 нафари онҳо тибқи шартнома пулакӣ таҳсил мекунанд.

“30 ҳазору 484 довталаб ба муассисаҳои миёнаи касбӣ-техникӣ дохил шуда, 23 ҳазору 372 нафар пулакӣ таҳсил доранд”, – иброз дошт вай.

Зикр шуд, ки соли 2021 дар низоми ММТ 36 мактаби олӣ ва 67 муассисаи миёнаи касбӣ-техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Икромӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз 1 марти соли равон марҳилаи асосии сабти довталабон ба имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ оғоз мегардад.

“Таърифаҳо барои хидматрасонии Марказ дар соли 2022 мисли соли пешин дар мувофиқа бо Хадамоти зиддинҳисорӣ барои довталабони дорои маълумоти миёна (синфи 11) 240 сомонӣ, маълумоти миёнаи нопурра (синфи 9) – 180 сомонӣ муқаррар шуд”, – гуфт роҳбари Марказ.

Дар робита ба нархи таҳсил дар гуруҳҳои шартномавӣ (пулакӣ) зикр шуд, ки онро худи муассисаҳои таълимӣ муайян мекунанд.

“Маълумот дар бораи нақшаи қабул ва нархҳо айни замон навсозӣ шуда, ба наздикӣ дар сомонаи Марказ нашр мешавад”, – илова кард Икромӣ.

Даргузашти Аловиддин Абдуллоев

Намози ҷанозаи ҳунарпешаи саршинос ва пуровозаи кишвар, Аловуддин Абдуллоев, ки субҳи имрӯз бар асари фишорбаландӣ дар синни 57-солагӣ даргузашт, асри имрӯз дар шаҳри Бохтар баргузор шуд.

Намозаи ҷанозаи марҳум, дар масҷиди пушти Теппаи Қурғон, дар кӯчаи Абудуллоев (кӯчаи ба номи падари Аловуддин Абдуллоев) баргузор шуд.

Ҳарчанд бар асоси муқаррароти расмӣ ҳунарпешаву ҳунарманд ва шоиру нависандаҳое, ки дар соҳаи худ унвони давлатии “халқӣ”-ро доранд дар қабристони чеҳраҳои маъруфи кишвар, дар Лучоби Душанбе дафн карда мешаванд, аммо гуфта мешавад ин ҳунарпешаи номдори кишвар дар шаҳри Бохтар, дар паҳлӯи падараш ба хок супурда мешавад.

Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф, коргардон ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи “Шӯхиҳои Аловуддин” буд.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги ин ҳунарманд фишорбаландие гуфта мешавад, ки чанд рӯзи ахир ҳунарпеша аз он шикоят мекардааст.

Аловуддин Абдуллоев аз соли 2019 ба ин сӯ, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт. Соли гузашта бародараш аз бемории коронавирус даргузашта буд.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Сарбанд, Диловар Ашӯрзода гуфт, “дирӯз бо телефон суҳбат карда будем. Шикояте надоштанд. Баъзе масъалаҳои кориро суҳбат кардем, аммо ин субҳ хабари маргашро расониданд, ки дар маҷмуъ даргузашти устод талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои фарҳанги миллии мо аст”.

Ин ҳунарпешшаи саршинос, бо барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд миёни ҷомеаи Тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон, довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.

Шаҳрдорӣ: “Генплан” ба он хотир махфист, ки ба дасти террористҳову ифротгароҳо наафтад

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, махфӣ будани Нақшаи генералӣ бозсозӣ ё “Генплан”- и шаҳри Душанбе ба хотири бехатарӣ ва пешгирӣ кардан аз гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 17 январ муовини аввали раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода гуфт.

Ӯ аз шарҳи бештари масъала худдорӣ кард ва гуфт, маълумоти дигар вобаста ба “Генплан”-ро журналистон танҳо тариқи мактуб метавонанд бигиранд.

– “Генплан” муҳр ё хусусияти махфӣ дорад. Ба кадом хотир? Ба хотири он ки ин асос барои бехтарӣ, пешгирӣ кардан ҳатто аз ҳамаи гурӯҳҳои экстримистиву терористӣ ва дигар гурӯҳҳое ки дар нохунк шумо нағз медонед. Агар ягон маълумоти мушаххас, дақиқ дар доираи “Генплан”- и шаҳри Душанбе бошад, марҳамат метавонед, муроҷиат кунед, мо ҷавоб мегардонем, – гуфт Табарзода.

Дар шарҳи пурсиши он ки оё Чойхонаи “Роҳат”, Фурушгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва Театри “Лоҳутӣ” ҳам тибқи “Генплан” тахриб мешаванд ё не, намояндагони шаҳрдории Душанбе посухи мушаххас надоданд ва танҳо гуфтанд, ки “рӯйхати алоҳидаи иншооти ёдгориву арзиши таърихидошта ҳаст. Мо ҳамаи инро метавонем дар доираи муроҷиати расмӣ, дар доираи нақшаи генералӣ дида, баъд дастрас кунем. Албатта он иншооте, ки нигоҳдошташавандаанд, тибқи рӯйхат аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба тавсиб расидааст, муроҷиат кунанд, мо дастрас мекунем”.

Баҳси Нақшаи генералӣ ё “Генплан”, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, чанд соли охир доғ аст.

Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд

Соли 2021 дар Тоҷикистон 4 тоннаву 83 килову 274 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки 68,4% ё худ 1 тоннаву 658 килову 36 грамм зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби ВКД беш аз 2 тонна, КДАМ – зиёда аз 1 тонна, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – беш аз 30 кило ва Хадамоти гумрук – зиёда аз 1 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли 2020 дар соли 2021 ҳаҷми мусодираи героин 2,1 баробар, ҳашиш – 2,3 баробар афзуда, мусодираи афюн ва бангдона мутаносибан ба андозаи 24,7% ва 10,4% кам шудааст.

“Соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 106 кило маводи психотропӣ мусодира гардидааст, ки 2,4 баробар ё худ 63 кило зиёдтар дар муқоиса бо соли 2020 мебошад”, – гуфт Воҳидзода.

Ӯ зикр кард, ки соли гузашта кормандони Агентӣ 159 ҷинояти марбут ба гардиши маводи нашъаоварро ошкор намудаанд, ки 15 ҷиноят ё худ 10,4% бештар нисбат ба соли 2020 аст.

“Аз ин шумор 101 ҷиноят ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ё маводи психотропӣ барои фурӯш, 27 ҷиноят – ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, 14 ҷиноят – ба қочоқи маводи нашъаовар вобаста, дигар ҷиноятҳои марбут низ ҷой доштанд”, – гуфт роҳбари Агентӣ.

Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Агентӣ ба судҳо 134 парвандаи ҷиноятӣ (соли 2020 – 105 адад) нисбат ба 198 нафар (соли 2020 – 162 нафар) пешниҳод гардида, ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ молу мулк ҳабс шудааст.

Skip to toolbar