Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар Финландия соҳиби медали тилло шуд

Медали тилои муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар GeeBee Boxing Tournament-2022

Баҳодур Усмонов муштзан ва варзишгари пуровозаи кишвар дар 40-уми мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд.

Ин мусобиқот рӯзҳои 7-10-уми апрел дар шаҳри Хелсинки бо бо ҳузури 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Маҷористон, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Укроин баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз кард. Варзишкори тоҷик бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дар нимфинал ҳарифаш аз Маҷористон Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод ва дар финал бар варзишгари шотландӣ Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд медали тиллоро соҳиб шуд.

Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.

Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Гуруҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.

Мулоқоти гуруҳҳои кории кишварҳо аз 5 то 10 апрел дар Душанбе баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд гуфтааст, ки иштирокчиёни ин машваратҳо протоколеро низ имзо карданд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, афзудааст ин ниҳод.

Қарор аст, ҷаласаи навбатӣ дар масъалаи тақсими марз дар Қирғизистон баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 март ҳайатҳои ду кишвар дар гузаргоҳи “Гулистон-автодорожный” дидору гуфтугӯ доштанд. Зарурати баргузории нишасти изтирорӣ ба далели ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуҷуд омад.

Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо як қатор қарорҳои муҳим қабул карданд, ки манъи истифодаи силоҳ аз ҷониби марзбонон бидуни асосҳои қонунӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ аз ҷумлаи онҳост.

Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.

Русия содироти тухми офтобпараст ва равғани онро манъ кард

Русия барои ҳифзи бозори дохилии худ дар пасманзари болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, то охири тобистон содироти тухми офтобпараст ва рапсро манъ кард.

Гуфта мешавад, маҳдудияти содироти тухми офтобпараст ва рапс ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) дахл надошта, ҳамчунин содироти ин маҳсулот бар асосии созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ имконпазир аст.

Чанде пеш мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти равғани офтобпараст квота ҷорӣ мекунанд. Квота дар ҳаҷми 1,5 млн тонна аз 15 апрел то 31 август ҷорӣ мешавад. Боҷ барои содироти равғани офтобпараст то 313 доллар зиёд мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2021 ба Тоҷикистон ба маблағи 148 млн доллар зиёда аз 123 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид шудааст, ки 90,6 ҳазор тоннаи он ба Русия рост меояд.

Мутахассисон талаботи солонаи Тоҷикистонро дар ҳаҷми 155-160 ҳазор тонна арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти Агенти омор, соли 2021 дар ҷумҳурӣ 23,4 ҳазор тонна равғани растанӣ, асосан равғани пахта истеҳсол шудааст.

Дар Тоҷикистон барои Ҳаҷ рафтан 5 ҳазор навбат гирифтаанд

Бори нахуст тайи се соли ахир Арабистони Саудӣ ба адои маросими ҳаҷ ба зойирин аз хориҷи кишвар иҷоза дода, шумори онҳоро то 1 млн нафар зиёд кард. Дар Тоҷикистон ҳоло масъалаи ба ҳаҷ фиристодаи зойирин баррасӣ намешавад, зеро то ҳанӯз аз кишвари қабулкунанда даъватномаи расмӣ нарасидааст.

“Мо аз Арабистони Саудӣ то ҳол даъватномаи расмӣ нагирифтаем, аз ин рӯ, масъалаи фиристодани зойирин мавриди баррасӣ қарор надорад, зеро намедонем, ки ба кишвари мо чӣ қадар квота ҷудо мешавад, – мегӯяд сухангӯи Кумита Афшин Муқим. – Вақте ки даъватнома ба дастамон расид, сипас масъалаи фиристодани зойиринро баррасӣ мекунем”.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дастрас шудани даъватномаи расмӣ, зойирине ба адои маросим ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд, ки аз соли 2019 дар навбат қарор доранд.

“Бо назардошти рӯйхати зойирин аз соли 2019 иборат аз 5 ҳазор нафар аз шаҳру навоҳии кишвар, имсол рӯйхати нав тартиб дода намешавад. Онҳо бояд ҳанӯз соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ фиристода мешуданд, лекин бо сабаби маҳдудиятҳои марбут ба коронавиру, сафар карда натавонистанд. Дар навбати аввал онҳо фиристода мешаванд”, – изҳор дошт Афшин Муқим.

Сухангӯи Кумита зикр кард, ки арзиши адои маросими ҳаҷи имсола низ ҳоло маълум набуда, пас аз гирифтани даъватнома муқаррар карда мешавад.

“Давоми 10 соли ахир нархи ҳаҷ бо пардохти доллар тағйир наёфта, аз 3 ҳазору 700 то 3 ҳазору 720 долларро ташкил медод. Мувофиқи қурби мубодила бо сомонӣ ин маблағ ҳамасола боло мерафт. Соли 2019 адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ нарх дошт”, – гуфт Афшин Муқим.

Skip to toolbar