Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0112.12.2025
Хусравхон Раҳимов муштзани 23-солаи тоҷик бар Хуҷаназар Нортоҷиев аз Узбекистон дар вазни 57 кг ғолиб омада, ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
Набарди муштзани тоҷик, имрӯз, 12 декабр дар Дубай (АМА) доир гардид. Хусравхон Раҳимов бо қарори якдилонаи доварон (5:0) ҳарифашро мағлуб кард.
Дар финал ӯ бо мушзани қазоқ Оразбек Асилқулов ба майдон мебарояд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, имсол кишвари моро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Қаҳрамонии ҷаҳон то 13 декабр идома меёбад. То кунун Акмал Убайдов дар вазни 60 кг медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад