fbpx

Мушкилот дар низоми гармидиҳии Душанбе. Сокинон аз хонаҳои сард шикоят доранд.

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point

Сафари Қамчибек Тошиев ба Душанбе бо чӣ анҷомид

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои ширкат дар музокироти марзӣ, ба Душанбе омадааст.

Ба иттилои  АМИТ “Ховар” ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории марзии давлатии ду кишвар, рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Манбаъ афзудааст, музокирот таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҷараён гирифтааст.

Аз ҷараёни музокирот тафсилоти бештар дода нашуда, танҳо зикр гардидааст, ки ҷонибҳо дар натиҷаи нишаст як санад имзо кардаанд. Мақомоти амнияти ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссия дар Қирғизистон доир карда мешавад.

Гуфтушуниди қаблии Ятимов ва Тошиев охирҳои моҳи сентябр баргузор шуда буд, ки дар натиҷаи он ҷонибҳо барои берун кашидани неруҳо аз минтақаҳои наздимарзӣ ва пурра бартараф кардану минбаъд нагузоштани 8 дидбонгоҳи марзбонӣ аз ҳарду тараф, тавофуқ карда буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст.

Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Мушкилот дар низоми гармидиҳии Душанбе. Сокинон аз хонаҳои сард шикоят доранд.

Аз оғози мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ду ҳафта гузашт. Вале то ҳанӯз сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт аз мушкилот дар кори низоми гармидиҳии шаҳр шикоят доранд ва мегӯянд, то кунун хонаҳояшон сард аст. Мақомот вуҷуди мушкилро тасдиқ мекунанд, вале ҳаллашро ба дӯши якдигар мепартоянд.

Сокинони кӯчаи Раҳимӣ 11 (рӯбарӯи Маркази саломатити №2) аз он шикоят мекунанд, ки бо гузашти ду ҳафтаи оғози мавсими гармидиҳӣ, ҳанӯз ҳам хонаҳои онҳо сард аст ва бо вуҷуди муроҷиати пайваста касе ба доди онҳо намерасад.
Онҳо мегӯянд, дар рӯзҳои аввали гармидиҳӣ, як қисми дастгоҳҳои гармидиҳии хонаҳо ва қубурҳои асосии бино гарм буд, вале бо гузашти вақт хунук шуд ва интиқоли оби гарм қатъ гардид.

Ба гуфтаи сокинон, масъулин ба онҳо тавсия доданд, ки ҳавои дохили дастгоҳҳои гармидиҳии дохили хона ва таҳхонаи биноро бароранд, шояд мушкил дар он ҷо бошад. Вале мушкил ҳал нашуд.

“Вақте ҳаворо баровардем, 10-15 дақиқа гарм шуд, вале мушкил мисли пештара боқӣ монд. Ҳоло акнун ҳамаи дастгоҳҳои гармидиҳӣ хунук аст ва намедонем, чӣ кор кунем”, – нигаронӣ карданд сокинон.
Онҳо гуфтанд, баъди муроҷиат ба маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе онҳо мушкилоти мавҷударо тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин ба онҳо вобастагӣ надорад, балки мушкилӣ дар Маркази барқу гармидиҳӣ-1 аст.

Худи сокинон иддао доранд, ки шояд мушкил дар фишори оби гарм аст, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар ва афзоиши шумораи биноҳо фишори он поин шуда, оби гарм то ҷои зарурӣ намерасад.

“Масъулинро зарур аст, ки пеш аз пайваст намудани биноҳои дигар аввал иқтидори марказҳои барқу гармидиҳиҳоро ба инобат гиранд. Мантиқӣ аст, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар фишори об паст мешавад ва ба тақсимот халал ворид мекунад. Аз ин рӯ, аввал иқтидори хизматрасонӣ ба назар гирифта шуда, баъд дигар биноҳо пайваст шаванд”, – гуфтанд сокинони ин маҳалла.

Аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ҷой доштани мушкилоти мазкурро дар бархе маҳаллаҳои Душанбе, аз ҷумла, кӯчаи Раҳимӣ 11, маҳаллаҳои Яккачинор, 11, 12 ва 46-ум тасдиқ карданд ва гуфтанд, мушкилӣ ба Маркази барқу гармидиҳӣ-1, ки бо гази Ӯзбекистон кор мекунад, рабт дорад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ин мушкил аз оғози мавсими гармидиҳии имсола дар ҳамаи минтақаҳое, ки ба Маркази барқу гармидиҳӣ-1 пайвастанд, рабт дорад ва онҳо кушиш карда истодаанд, ки онро ҳарҷӣ зудтар бартараф намоянд.

“Мо барои бартараф кардани он супориш гирифтем. Муҳандисон дар пайи ислоҳанд. Вале ин мушкил ба мо рабт надорад, ба Маркази барқу гармидиҳӣ -1 вобаста аст, ки бо газ фаъолият мекунад ва маҳз он ба биноҳо фишор дода наметавонад. Ба онҳо муроҷиат кунед”, – гуфтанд аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе”.

Онҳо рабт доштани мушкилоти мазкурро ба пайваст шудани биноҳои иловагӣ ба маркази гармидиҳӣ рад ё тасдиқ накарданд ва гуфтанд, ин масъаларо аз Маркази барқу гармидиҳӣ -1 пурсем.

Ҳамчунин, аз шаҳрдории Душанбе низ ҷой доштани мушкилоти мазкурро тасдиқ карда, гуфтанд, мушкил дар кори Маркази барқу гармидиҳӣ -1 аст, ки бо газ кор мекунад ва маҳз кор бо газ сабаби мушкилӣ дар кори гармидиҳӣ шудааст.
“Ин мушкил муваққатӣ аст. Рӯзҳои наздик мушкилоти фишор ва дигар масъалаҳо ҳали худро меёбанд”, – гуфтанд аз шаҳрдории Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, аз Маркази барқу гармидиҳӣ -1 ваъда доданд, ки дар робита ба масъалаи мазкур мавқеашонро мегӯянд, вале баъдан ба зангҳои пайвастаи мо посух надоданд. “Азия-Плюс” омода аст, ки назари ин марказро пахш намояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 14-уми октябр то 1-уми ноябр дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз гардида, давра ба давра аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин шуданд.
Имсол 2 ҳазору 762 иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд: 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот. Ба низоми гармидиҳӣ дар ноҳияи Сино ҳамагӣ 1297 иншоот, дар ноҳияи Шоҳзмансур – 512, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 510 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ – 443 иншооот пайваст шудаанд.

Мувофиқи қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ, масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.

Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд. Моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеа эҷод насозанд.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Душанбе пурра иҷро шуд ё нашуд?

Шаҳрдории Душанбе аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳӣ хабар дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, онҳо ҳанӯз рӯзи 10-уми ноябри соли равон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро карданд. Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 14-уми ноябр Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода буд, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 97 дарсад иҷро шудааст.

15-уми ноябр Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иҷрои нақшаи давъати ҳарбиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда гуфтааст, онҳо нақшаро аз рӯи пуррагардонӣ, яъне ворид шудани даъватшаванда ба Комиссариати ҳарбӣ ба инобат мегаранд ва ҳукумати шаҳру ноҳияҳо, ки масъули даъват ҳастанд, аз рӯи ҳисботи комиссияи давъатӣ маълумот медиҳанд.

Акнун, шаҳри Душанбе дуввумин минтақае дар кишвар аст, ки нақшаи давъатро пеш аз муҳлат сад дарсад иҷро кард. ВМКБ дар рӯзи аввали давъат нақшаро иҷро карда буд.

Фариддун Маҳмадализода афзуд, то ҳол дар робита ба даъвати ғайриқонунӣ ба артиш, аз ҷумла сарбозшикор ё “облава” шикоят нагирифтаанд ва танҳо муроҷиатҳо ворид шудааст, ки онҳо бештар ба шеваи даъват ба артиш рабт доранд.

Номбурда гуфт, ки сабаби асосии муроҷиатҳо ноогоҳии аҳолӣ аз қонун дар бораи даъват ба артиш аст.

“Асалан, дар робита ба шеваи давъат аҳолӣ ба ҳукумати шаҳру навоҳиҳо, ки масъули асосии давъат ҳастанд, муроҷиат мекунанд. Агар дар ҳукумати шаҳру навоҳӣ ба муроҷиати мардум расидагӣ накунанд, сокинон ба Вазорати мудофиа шикоят мекунанд ва мо ҳатман онро баррасӣ мекунем. Мо таҳлил гузаронида, баъди анҷоми маъракаи даъват хабар хоҳем, ки дод, ки дар кадом самт чӣ қадар муроҷиат гирифтем ва ба кадомаш расидагӣ шуд”, – гуфт Маҳмадалиев.

Дирӯз аз ин ниҳод хабар доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст.

Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 72 фоиз, вилояти Хатлон – 81 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 94 дарсад иҷро кардаанд.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.

Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳар сол аз набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend