fbpx

Мусалмон метавонанд бо номусалмон никоҳ кунад? Шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи rbc.ru

Истиқболи Тоҷикистон аз оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳоротеро нашр кард, ки дар он аз қатъи амалиётҳои ҳарбӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ истиқбол мекунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд.

Мо аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем”.

40 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 12-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11496 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 84 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10853 нафар баробар шуд.

Ба мардон мумкин, ба занон не: Шарҳи шӯрои уламо ба никоҳи мусалмон бо ғайримусалмон

Домулло Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дини ислом никоҳи мардони мусалмон бо заноини ғайримусалмони аҳли китобро ҷоиз медонад.

Аммо Маҳмуд Сангалиев мегӯяд, ки аз назари дини ислом издивоҷ ё никоҳи марди мусалмон бо зани мусалмони аҳли китоб раво аст ва ин як масъали қуръонист.

“Дар дини мо забиҳа ва никоҳ бо аҳли китоб ҷоиз аст, ки асл дар Қуръон дорад. Забиҳа, яъне ҳар он чи аҳли китоб забҳ мекунад, мекушад хӯрданаш барои мусалмон ҷоиз аст ва никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб ҳам ҳамчунин”.

Дар дини ислом аҳли китоб онҳоеро мегӯянд, ки ба пайғамбари онҳо китоби осмонӣ нозил шудааст. Пайравони паёмбароне чун Довуд, Мӯсо ва Исо аҳли китоб дониста мешаванд.

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, ки танҳо дар замони хилофати Ҳазрати Умар бо иттифоқи саҳобаҳо амр бар ин шуд, ки зани мусалмон наметавонад бо марди ғайри мусалмони аҳли китоб ақди никоҳ бубандад. Вале никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб аз назари дини мо, хусусан мазҳаби мо – ҳанафӣ, фиқҳи Имоми Аъзам мушкиле надорад. Ҳатто дигар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат бо ин мушкиле надоранд, зеро ин як масъалаи иттифоқӣ аст,-мегӯяд Маҳмуд Сангалиев.

Ин изҳори назари Маҳмуд Сангалиев дар ҳолест, ки ахиран Идораи диннии мусалмонони Русия фатвое содир кард, ки “никоҳ бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо – ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяну хос бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”, – гуфта мешавад дар фатвое, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.

Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд

Баъди 9 моҳи ҷудоӣ, наздикони Далер Шарифов, рӯзноманигори маъруфи зиндонии тоҷик тавонистанд бо ӯ мулоқот намоянд.

Тавре аз хонаводаи Далер Шарифов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, онҳо тавонистаанд рӯзи 10-ум ноябр баъди расман иҷозат додани дидорбинӣ бо зиндониён дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон бо Далер мулоқот намоянд.

Саида Қурбонова ҳамсари рӯзноманигор гуфт, ки вазъи саломатии Далер хуб ва аз дидорбинӣ хеле шод гардида буд.

“Ҳамроҳи фарзандон ба мулоқот рафтем. Саломатии Далер хуб аст, худро хуб ҳис мекунад ва аз чизе шикоят накард. Бо дидани фарзандон хеле шуҳол гардид. Мо низ хеле шодем, ки баъди моҳҳои тӯлонӣ ҳамдигарро дидему каме суҳбат намудем”.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохту як сол равонаи зиндон кард.

Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд

Дурнамои барқарорсозии иртибототи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русияро роҳбарони мақомоти авиатсионии кишварҳо зимни як видеоконфронс баррасӣ карданд

Барқарорсозии ҳаракати ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро директори Агентии Авиатсияи Граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва роҳбари Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоии Русия Александр Нерадко баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи асосии музокирот азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар буда, ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

“Мо дурнамои барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон, масъалаи ташкили парвозҳои содиротӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русияу Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи қобилияти ҳавопаймоҳоро баррасӣ кардем”,- хабар додааст Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия.

Гуфта мешавад, ҳоло давлатҳо барои барқарорсозии марҳилаи марҳила аз низоми маҳдудкунии эпидемия ва барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ фаъолона кор мебаранд.

Дар ҷараёни ҷаласа, тартиби додани иҷозатномаҳо барои парвозҳои содиротӣ тасдиқ карда шуда, ғайр аз ин ниҳодҳо барои имзои як созишномаи дуҷониба дар соҳаи парвоз то соли 2021 омодагӣ мегиранд.

Пул нест, об нест!

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат тартиби ҷадиди маҳдуд ва ё қатъ кардани интиқоли оби ошомиданӣ ба мизоҷонро тасдиқ намуд.

Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон охири октябр имзо кард, шабакаҳои обрасонӣ дар ҳолати қарздории мизоҷ метавонанд обрасониро қатъ намоянд.

Дар тартиби тасдиқкардаи Ҳукумат таъкид шудааст, ки қабл аз қатъи обрасонӣ мизоҷи қарздор бояд ду бор расман огоҳ карда шавад.

Инчунин ҳолатҳои дигари қатъи обрасонӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла дар сурати садама ва ё бад шудани сифати оби ошомиданӣ интиқоли он қатъ мегардад. Зикр шудааст, ки меъёри сифати оби ошомиданиро мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ муайян мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend