fbpx

Муроҷиати фаъолон ба Рустами Эмомалӣ, пас аз таҷовуз ва кушта шудани духтарчаи 7 сола

Руфейда Иноятоваро гумонбаршаванда Раҳматулло ном марди ҳамсояашон пора - пора кардааст. Дар пинҳон кардани ҷиноят ба ӯ модараш кӯмак расонидааст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи tomiks33.ru

Руфейда Иноятова духтарчаи 7 сола, сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рудакӣ, рӯзи 3 июл аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Дар ин бора аммаи духтарак Саида Иноятова дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода буд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи духтарчаро муайян ва дастгир кардаанд.

Ҳоло фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба номи Раиси маҷлиси милли Рустами Эмомали мактуб навиштаанд, то ки бобати ин масъала чора биандешад.

Саида Иноятова аммаи Руфейда имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш аз номи ҷияни кушташудааш, матлаби пурсӯзеро нашр кардааст. Аз навиштаҳои ӯ бар меояд, ки духтаракро марди ҳамсоя, ки Руфейда дугонаи духтаронаш будааст, бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, таҷовуз намудааст. Сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Ба Раҳматулло дар пинҳон кардани ҷиноят модараш кӯмак намудааст. Зан изҳои хунро аз фарши даромадгоҳи бино ва дохили хонаашон тоза шуста, сипас наздикони Руфейда ва намояндагони мақомотро ба хонааш даъват карда, нишон додааст, ки Руфейда инҷо нест. Ин дар ҳоле будааст, ки ба навиштаи Саида Иноятова, пораҳои ҷасади Руфейда дар даруни халтаҳо ҳанӯз дар ин хона пинҳон буданд.

Ҳамчунин модари Раҳматулло волидони Руфейдаро дар ин кор гунаҳкор карда гуфтааст, ки духтаратонро бе назорат гузоштед.

Ҳоло фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба номи Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси олӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиатнома оиди ҳифзи кӯдакон аз таҷовуз ба номус навиштаанд. Хоҳишмандон метавонанд соати 17:30 ба боғи Куруши Кабир омада ба муроҷиатномаи хаттӣ имзо гузоранд. Ҳамчунин ҳар нафаре, ки барои ояндаи кӯдакон ва наврасон бетараф нест метавонад ин линкро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намояд.

“Мо ба Шумо дар ҳоле муроҷиат мекунем, ки бераҳмона кушта шудани Руфейдаи 7 сола сахт нигаронамон кардааст, -навиштаанд фаъолон дар муроҷиатномаи худ.

– Шумораи дақиқи таҷовуз ба номуси кӯдакон дар Тоҷиқистон маълум нест. Аммо вақтҳои охир хабарҳои таҷовуз ва қатли бераҳмонаи кӯдакон, дар кишвари мо зиёд шуда истодаанд. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли гузашта 16 ҳолати таҷовуз ба номуси ноболиғон маълум шуда буд. Инҳо танҳо ҳамон ҳолатҳоеанд, ки тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд”.

Вобаста ба ин масъала ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Рустами Эмомалӣ талаб доранд, ки дар таҳқиқоти марги Руфейда шахсан мусоидат кунад ва ин парвандаро таҳти назорат бигирад, то ки шафоффият ва адолат дар рафти тафтишот, нигоҳ дошта шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
29
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
57
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend