fbpx

Муовини вазири тандурустӣ: “Аз рӯйи нишонаҳо дар мо коронавруси навъи Делта вуҷуд дорад”

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Sputnik Тоҷикистон

28 июл ба Тоҷикистон 1,5 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда мешавад

“Рӯзи чоршанбе, 28 июл ба Тоҷикистон 1,5 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда мешавад. Ин кумаки башардӯстона аз Чин аст”, – изҳор дошт сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.

Дар Тоҷикистон аз 3 июл инҷониб гирифтани ваксина барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар куҷост? 

Ба иттилои дарёфтии Радио Озодӣ, се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл, пас аз марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, пизишкони баландпоя, аз ҷумла вазири тандурустии кишварро латукӯб кардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент дар натиҷаи ин ҳамла “сахт маҷрӯҳ шудаанд”.

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ намедиҳанд, вале манобеи Радиои Озодӣ дар Вазорати тандурустӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бе зикри ном хабарро тасдиқ карданд.

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари 64‑солаи президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл дар Маркази тиббии назди дастгоҳи иҷроия даргузашт. Тибқи иттилои дарёфтӣ, барои табобати ӯ аз Олмону Русия ва Узбекистон пизишкон ҷалб шуда будаанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ду соат пеш аз марг пизишки хориҷие шеваи табобати хоҳари президентро нодуруст номида, супориш додааст, то тарзи муолиҷаро дигар кунанд. Нодуруст номидани табобати хоҳари президент хашми наздиконашро овардааст.

“Пас аз эълони марги модар, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба пизишкон ҳамла карданд. Файзиддин, писари дигараш дахолат накардааст. Ҳама духтуронро задаанд. Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд”, ‑‑ гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26‑уми июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери итоаташ ширкат накард ва субҳ, замони қабули ваксинаи “Модерна” низ ҳузур надошт.

Аз қаллобӣ то ришва. Ба зидди чаҳор афсари милиса дар Кӯлоб парванда кушодаанд

Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб ба зидди чаҳор афсари милиса парванда кушода, баъзе аз онҳоро ба додгоҳ фиристодааст.

Ба иттилои расмӣ, афсарони милиса ба қаллобиву камомад, ришвагирӣ ва тасарруфи маблағ гумонбаранд. Назари онҳо ва наздиконашон дастрас нест.

Ҷамшед Гулмаҳмадзода, раиси Идораи зиддифасод дар минтақаи Кӯлоб, ҳафтаи гузашта гуфт, “тафтиши парвандаи сарваколатдори гурӯҳи махсус дар РКД-и Кӯлоб, Зафар Икромов, анҷом шуда, ба суд рафтааст. Вай ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ дастгир шуд.”

Ба қавли ӯ, алайҳи Нуриддин Неъматов, муфаттиши Идораи умури дохилии ноҳияи Фархор, бо гумони порагирӣ парванда кушоданд.

Умед Ҳомидов, корманди фаврии Идораи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қаллобӣ ва Ҷумъахон Сафаров, корманди идораи шиносномадиҳӣ дар ноҳияи Муъминобод, барои камомади пулӣ муттаҳам будаанд.

Соли 2020 дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба 7 маъмури милиса парванда боз карда буданд.

Дар Душанбе се наврас ба гумони куштани ҳамсолашон дастгир шуданд

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, се нафар наврасон – сокинони пойтахт бар асоси аризаи сокини 59-солаи маҳаллӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯйи далели куштори набераи ӯ дастгир шудаанд.

Дар ариза зикр шудааст, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби ин нафарон, наврас ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршудагони боздоштшу да ҳамагӣ 13, 14 ва 15-солаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.

Муовини вазири тандурустӣ: “Аз рӯйи нишонаҳо дар мо коронавруси навъи Делта вуҷуд дорад

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл гуфт, ки аз рӯйи нишонаҳо дар ҷумҳурии мо эҳтимолан, навъи коронавируси Делта вуҷуд дорад.

Муҳсинзода гуфт, ки дар ҳоле, ки ин навъи вирус дар кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад, аз рӯйи нишонаҳои беморон, эҳтимол дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Мувофиқи таҳлилҳои тазминии мо, ин вирус аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ворид шуд.

“Аммо барои дақиқ кардан вуҷуди навъи Делта, мо натиҷаҳи тестҳоро ба як озмоишгоҳи вижа дар Лондон фиристодаем ва мунтазири натиҷаҳои ташхис ҳастем”,-гуфт Муҳсинзода.

Ин изҳороти муовини вазир дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Взорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон то кунун навъи Делта сабти ном нашудааст.

Раиси вилояти Суғд омори коронавирус дар вилоятро гуфтааст

Раҷаббой Аҳмадзода раиси Суғд, дар нишасти хабарии имрӯзи ҳукумати вилоят эълом кард, ки дар хонаву беморхонаҳои ин вилоят дар умум 834 нафар беморони коронавирус бистарӣ ва зери табобати духтурон қарор доранд. Вай гуфт, ки аз субҳи имрӯз бори нахуст коҳиши сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд.

Аммо раиси вилоят, аз омори фавтидаҳо аз коронавирус дар Суғд чизе нагуфт.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар беморхонаҳои ҳудуди вилоят 349 нафар беморон бистарӣ буда, дар хонаҳо низ 485 нафар беморон дар ҳолати сабук табобат мегиранд.

Мақомот: 3 ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек дар Абхозистон дармондаанд

Бинобар маҳдудиятҳои COVID-19 ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбекистон дар ҷумҳурии Абхозистон банд мондаанд. Хабаргузории русии Интерфакс менависад, Рамин Габлай, раҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷирати Абхозистон гуфтааст, тоҷикону узбекҳо бо сабаби баста будани марз имкони бозгашт ба ватанҳояшонро надоранд.

Абхозистон соли 2008 аз ҳудуди Гурҷистон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил эълон кард, вале аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти онро ба расмият намешиносад. Бо ин вуҷуд, барои садҳо шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русия як минтақаи дигаре барои кору даромад шудааст.

Соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди Абхозистон берун карда, барои бозгашташон ба Тоҷикистон кӯмак намуд.

Кӯмаки тоҷикистониён дар бартарафсозии оқибатҳои обхезиҳои Олмон

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Олмон барои бартараф кардани паёмадҳои офати табии ахир ба сокинони маҳаллӣ кӯмак мерасонанд. Ба нақли панҷ зодаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва сокини гӯшаҳои гуногуни Олмон, онҳо як ҳафта инҷониб барои тоза кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шулд ихтиёран даст ба кор шудаанд.

Ба иттилои мақомоти олмонӣ, ин ноҳияи воқеъ дар қаламрави вилояти Рейнланд-Пфалтс, яке аз осебдидатарин нуқтаҳо дар паи обхезиҳои ду ҳафта пеш ба шумор меравад.

Дар ин минтақаи Олмон дар натиҷаи фаромадани сел дар рӯзи 15 уми июл, даҳҳо манзил вайрон шудаанд.

Сомон Маҳмадбеков баъди ду пирӯзӣ дар Токио шикаст хӯрд

Сомон Маҳмадбеков паҳлавони муъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 субҳи имрӯз дар вазни -73 кг ҳунарнамоӣ кард, баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрд.

Сомон дар даври аввал бар намояндаии кишвари паноҳандаҳо Аҳмад Аликайро пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомони ҷудокори кишвари Гамбия Файе Нжие мағлуб кард.

Аммо дар даври 1/8 финал Сомон аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ҷудокори маъруфи озарӣ, Рустам Оруҷов шикаст хӯрд.

Аз ин пештар, рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Мутзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба даври баъдӣ роҳ ёфт ва варзишгари дигар Шаббос Негматуллоев аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend