fbpx
0

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2026), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар бозии ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:0 мусовӣ кард. Ин натиҷа ба тими тоҷик имкон дод, ки бо 10 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи аввал қарор гирад.

Пеш аз бозии ниҳоӣ, наврасони тоҷик дар се вохӯрӣ пирӯз шуда буданд:

Туркманистон – 5:1

Қирғизистон – 4:0

Афғонистон – 3:2

Дар натиҷа, Ӯзбекистон бо 8 имтиёз медали нуқра ва Қирғизистон бо 6 имтиёз медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Қаблан дастаи U-16 дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 низ ғолиб омада буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend