Мунтахаби бокси Тоҷикистон дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат меварзанд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии ташкилоти “World Boxing” аз 18 то 27-уми апрел баргузор мегардад.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 4 варзишгар Меҳроҷ Сӯфиҷонов (55 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Муродҷон Ашӯралиев (70 кг) ва Рамоил Қурбонов (80 кг) иштирок мекунанд. Дастаи мунтахаби кишварро мураббӣ Асомиддин Бурҳонов роҳбарӣ мекунад.
Ҷоми ҷаҳон аз се марҳила иборат буда, пас аз мусобиқаи Бразилия даври дуюм дар Чин баргузор мешавад. Баъдан, 8 муштзани беҳтарин дар ҳар вазн ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Тибқи низоми мусобиқа, натиҷаҳои ҳамаи марҳилаҳо барои ташаккули радабандии ҷаҳонӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ин рейтинг дар оянда метавонад яке аз меъёрҳои муҳими интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии соли 2028 бошад.
Ҳар як рақобат дар силсилаи Ҷоми ҷаҳон барои муштзанон аҳамияти калидӣ дар рушди касбӣ ва роҳ ёфтан ба сатҳи олимпӣ дорад.
