logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Муноқишаи наврасон ва марги як нафар дар Душанбе

Муноқишаи гурӯҳӣ дар заминаи баҳси ду наврас дар шабакаи иҷтимоии Instagram ба амал омадааст.

Your tj

17:1822.06.2023

Муноқишаи наврасон ва марги як нафар дар Душанбе

Дар натиҷаи муноқишаи ду гурӯҳ наврасон як нафари онҳо ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса рӯзи 9-уми июн ба амал омада, шарҳи ҷузъиёти он шоми 21-уми июн дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шудааст.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузориши телевизионӣ гуфт, муноқиша аз баҳси лафзии ду наврас дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз шуда, бо марги як нафар ба анҷом расидааст.

“Рӯзи 9-уми июн Беҳрӯз Давлатов дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо Солеҳ Зокирҷонзода вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳо ҳамдигарро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд. Баъдан, барои ҳалли моҷаро онҳо дар кӯчаи А .Навоӣ, маҳаллаи 91-уми Душанбе мулоқот таъин кардаанд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Шакурӣ, Солеҳ Зокирҷонзода бо се ҳамроҳаш ва Беҳрӯз Давлатов бо чаҳор дӯсташ бо корд мусаллаҳ шуда, ба макони маслиҳатшуда ҳозир шудаанд.

“Мувофиқи маълумотҳои назорати видеоӣ, соати 21:57 дар назди маркази бозиҳои компютерӣ задухӯрд сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз бачаҳо Солеҳ Зокирҷонзодаро латукӯб карда, ба ӯ ду корд задааст. Худи Беҳрӯз Давлатов ба шиками Солеҳ боз як зарбаи сахт мезанад. Дар натиҷаи талафи зиёди хун Солеҳ ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Шакирӣ.

Сироҷиддин Шакурӣ гуфт, аз рӯи ин далел 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ