fbpx

Мулоқоти сеҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар Бодканд

Дар дидори раисони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баҳси марз масъалаи асосӣ будааст.


0
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон дирӯз, 17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои асосии ин вохӯрӣ дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев баҳси марз будааст.

“Азия-Плюс” аз нақли як манбаи худ менависад, рӯзи гузашта фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.

“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, – гуфтааст манбаъ.

млоқоти ҳайатҳои се кишвар
Акс аз саҳифаи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд баргузории ин мулоқотро тасдиқ карда, гуфтааст, ки мулоқоти сеҷониба бо иштироки раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд – Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона – Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

 “Мақсад аз ин мулоқот таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни вилоятҳои Суғду Фарғонаву Бодканд аст. Се ҷониб дар ин дидор таъкид карданд, ки солҳои охир ҳамкориҳо мустаҳкам гардида истодааст. Муносибатҳои ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз барои ин боз ҳам замина хоҳад гузошт”, – гуфт Музаффар Юнусзода

Юнусзода афзуд, ки дар ин сафар Раҷаббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён гирифтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бодканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.

Номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend