fbpx

Мулоқоти пиронсолони тоҷику қирғиз бо ҳадафи рафъи муноқишаҳои марзӣ

Мулоқоти мазкурро мӯйсафедони кишвари ҳамсоя ташкил кардаанд.


-3
-3 points
Акс аз сомонаи turmush.kg

Рӯзи гузашта   як гуруҳ пиронсолони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни  Исфара бо ҳамсояҳои қирғизи худ мулоқот карданд. Ин мулоқот бо даъвати сокинону мақомоти пулиси Қирғизистон бо ҳадафи равобити неки ҳамсоядорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва бартараф кардани муноқишаҳо дар марз, ташкил карда шуд.

Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара гуфт, мулоқот дар чорроҳаи деҳаи Сомониён, қитъаи 275-метра сурат гирифт, ки як ҳафта пештар маҳз дар ин мавзеъ муноқишаи хунин сар зада буд. Вай гуфт, мулоқот бо даъвати сокинони деҳаҳои қирғизнишин ташкил шуда аз ду ҷониб даҳҳо нафар шаҳрвандон ва кормандони мақомоти милитсия иштирок карданд.

“Ҳамсояҳои қирғиз ба мақомоти милисаи Чоркӯҳ пешниҳод кардаанд, ки шахсони калонсоли деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёнро даъват кунанд. Гуфтаанд мо безор шудем аз гурез-гурезу ҷангу ҷанҷолу ғурбат ва даъват кардаанд бо пирони мо дарди дил бигӯянд. Мо розӣ шудем, чун ин ҷангу ҷанҷол ба касе лозим нест. Агар ҳамдигарфаҳмӣ кунем кори хуб мешавад”, – гуфт вакил.

Хабаргузории қирғизии “Turmush” мулоқоти сокинони деҳаҳои марзиро таъйид карда навиштааст, дар он пирони деҳаҳои Куктош, Оқсой, Тош-Тумшуқ ва сардори ШКД-и ноҳияи Бодканд Алмазбек Шағамурзаев, сардорони ШКД-2 Исфара ва Ворух Анвар Раҳмонзода ва Субҳон Мирализода иштирок карданд.

“Ин вохӯрӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона байни аҳолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаи марзӣ барпо шуд. Пирон ибрози ақида карданд, ки аҷдодони онҳо дар ин сарзамин зиндагӣ карда, аз як сарчашма об нӯшида дар ваҳдату ҳамбастагӣ зиндагӣ мекарданд. Барои ин насл низ бояд чунин бошад”.-навиштааст, Turmush

Асрор Шокиров мегӯяд, дар ин мулоқот гурӯҳи начандон зиёди сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ ширкат карданд. Аз ин сабаб, ӯ пешниҳод кардааст, дар мулоқоти минбаъда гурӯҳи зиёди пирону ҷавонони деҳаҳои Оқтатир, Оқсой, Самарқандаки Қирғизистон ва деҳаҳои Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аъло ва Ворухи Исфара даъват шаванд. “Агар мақсад дӯстӣ бошад, бояд доираҳои зиёди одамон дӯст шаванд”-мегӯяд, вакили деҳаи Хоҷаи Аъло:

“Аз ин пештар бисёр оши-оштӣ гуфта буданд, бисёр корҳоеро кардем ва байни сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Самарқандак бозии футбол ташкил кардем, аммо натиҷа надод. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки мо ҳам монда шудем, масъалаи замин, роҳ дигарро роҳбарият ҳал кунад. Мо халқ дигар баҳс накунем. Ман гуфтам, Шумҳо ба ҷавонони худ насиҳат кунед ин ҷангу ҷанҷол хуб нест”.

Дар мулоқот ягон созишнома ё санади рамзие байни сокинони деҳаҳои наздимарзӣ имзо нашудааст. Ҷонибҳо даъват кардаад, ҷавононро тарбия намуда муносибатҳои ҳамсоядориро беҳтар кунанд.

Охири моҳи сентябри соли гузашта ва баъди латукӯби як гурӯҳ хонандагони мактаби деҳаи Сомониён аз суйи қирғизҳо низ гурӯҳе аз занони наздимарзӣ мулоқот карда хостори сулҳ ва оштӣ шуда буданд. Восидахон Ҷалолова, яке аз занони фаъоли ҷамоати Чоркӯҳ гуфта буд, мулоқот бо даъвати занони қирғиз доир шуд ва ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ташкили Кумитаи занони фаъолро дар миён гузошт.

“Занони қирғиз пешниҳод карда буданд, ки ба ҳамдигар нафрат накунем, чун тоҷику қирғиз дар ин деҳа аз як кӯча мегузаранд. Бачаҳоро тарбия кунем ва байнашон дигар ҷангу нофаҳмӣ нашавад. Мо ҳам ба онҳо гуфтем, шумо низ бачаҳоро тарбия кунед, дигар нофаҳмиву занозанӣ накунанд, ба касе фоида намеорад”, – гуфта буд, Восидахон Ҷалолова.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод.

Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ.

Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend