Муин Ғафуровро барои истифодаи допинг аз иштирок дар мусобиқот маҳрум карданд

Истеҳсоли гушт дар Тоҷикистон зиёд шуд, вале нарх тағйир наёфт

Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт беш аз 5 дар сад зиёд шудааст, вале нархи он ҳамоно баланд аст.

Тибқи иттилои Кумитаи омор ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва чорвои майда дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз 180 ҳазор тонна гузаштааст. Ҳамчунин то 1- уми ноябр саршумори чорвои калони шохдор дар кишвар 2,4 миллион сарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, арзиши як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 67 сомонӣ аст.

Муин Ғафуровро барои истифодаи допинг аз иштирок дар мусобиқот маҳрум карданд

Варзишкори шинохтаи тоҷик Муин Ғафуровро, бар асари ташхиси мусбати допинг ба муҳлати шаш аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карданд.

Натиҷаи санҷиши варзишкори 26-сола муаян кардааст, ки дар бадани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст.

Муин Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо варзишгари канадагӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи Dana White’s Contender Series анҷом дод.

Дар сурати пирӯзӣ, Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размикор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб эълон шуд.

Дарёфти як фоҳишахона дар Хуҷанд

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд даҳ ҳуҷраеро дарёфтанд, ки  ба сифати фоҳишахона истифода мешуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, як ҷавонзани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 10 ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳр аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.

“Гуё чунин аст, аммо милитсия ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фоҳишахона ташкил шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд.

“Хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст, – зикр мешавад дар хабар. – Яъне аз 100 то 150 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд”.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Болоравии нархи иҷозатнома барои сиёҳкардани шишаи мошинҳо

Нарх бо далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо тағйир ёфтааст. Ҳоло як нишондиҳанда дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ҳисоб мешавад, вале аз 1-уми январи соли 2022 он ба 64 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2005, аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 160 сомонӣ аст.

Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ хоҳад буд. Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомониро ташкил хоҳад дод.

ИМА ба Тоҷикистон боз 153 ҳазор воя ваксина дод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 13 декабр ба Тоҷикистон 153 ҳазор вояи иловагии ваксинаи Pfizer эҳдо кард.

Боқимонда 146 ҳазору 520 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 ҳазору 520 адад мерасад.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии хайрияи ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, ки то имрӯз интиқол дода шудааст, аз ваксинҳои Pfizer – 823 ҳазору 680 воя ва Модерна – 1 млн 622 ҳазору 500 вояро ташкил дода, дар маҷмӯъ ба 2 млн 446 ҳазору 180 воя расонида хоҳад шуд.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронии Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 40 дарсади кишварро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод:

«Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда дар доираи барномаи ваксинзанӣ ба 70 дарсади пурраи эмкунӣ бирасад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Президент Байден «Ҷаҳонро эм кунед!” мебошад”.

Skip to toolbar