Мудири як кӯдакистон дар Хуҷанд ва корманди бонк ба тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд гумонбар ҳастанд

Маблағи умумии қарзҳо зиёда аз 161 ҳазор доллар ва 727,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Онҳо ин маблағро тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.


Тасарруфи ғайриқонунии маблағ

Акси марбута аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Мадинаҷон Раупова, мудири муассисаи томактабии №7-и шаҳри Хуҷанд ва Маликхӯҷа Раҳимобоев, корманди филиали ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд.

Тавре Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо

“Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд”.

Гуфта мешавад, маблағи умумии қарзҳо зиёда аз 161 ҳазор доллар ва 727,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Онҳо ин маблағро тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.

“Нисбати онҳо бо моддаҳои 246 (Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Дар моддаи аввал ҷарима дар ҳаҷми аз 547 то 1 ҳазору 460 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи дуюм ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо муқаррар шудааст.