fbpx

“Муддате кандакорӣ бетаваҷҷуҳ монд”. Ҳунарманде аз Истаравшан баҳри ҳифзи ҳунари миллӣ мекӯшад

"Катҳои чӯбӣ ба оҳанӣ, сутунҳои мунаққаш ба якранг ва сандуқҳои кандакоришуда ба тунукакорӣ табдил ёфт. Фикр кардам ҳунари кандакорӣ дигар аз байн меравад. Лекин ба ҳар ҳол аз ҳунари омӯхтаам рӯй натофтам".


-2
-2 points
Кандакори тоҷик дар Истаравшан
Ин ва дигар аксҳоро муаллифи мақола бардоштааст

Мурод Маманазаров аз кандакорони номдори шаҳри Истаравшан аст.  Ин ҳунарманд 51 сол дошта, қариб нисфи умрашро барои ҳифз ва эҳёи ҳунари қадимии кандакорӣ бахшидааст. Дар баробари ин собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад. Ӯ солҳо дар мактаб аз фанҳои дақиқ, ба мисли алгебра, геометрия ва физика дарс додааст.

Муаллифи Your.tj бо ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодиву ҳунариаш нақл кард.

Кандакори тоҷик

“Фикр кардам кандакорӣ аз байн рафт”…

Мурод Маманазаров аз хурдсолӣ ба ҳунари наққошӣ ва кандакорӣ шавқи зиёд дошт. Нақшҳои назарраббову рангоранг ва сутуну мизҳои кандакоришуда диққати ҷалб мекард. Мурод пайваста аз падар хоҳиш мекард, то аз асрори ин ҳунарҳои қадима баҳравар гардад.

Талабҳои бардавоми ин бачаи хушзеҳн бенатиҷа намонд. Падараш ӯро ба мактаби рассомии бачагона, барои омӯхтани ҳунари наққошӣ бурд. Вай бо ин қонеъ нашуда, назди кандакор, усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ рафт. Ӯ баъди ба камол расидан таҳсилашро аз рӯйи ихтисоси коркарди бадеии чӯб дар донишгоҳ идома дод. Вале, дар ин муддат талаботи мардум ба маснуоти кандакоришуда кам гардид.

“Чанд муддат мардум ба чизҳои кандакоришуда таваҷҷӯҳ накарданд. Катҳои чӯбӣ ба оҳанӣ, сутунҳои мунаққаш ба якранг ва сандуқҳои кандакоришуда ба тунукакорӣ табдил ёфт. Фикр кардам ҳунари кандакорӣ дигар аз байн меравад. Лекин ба ҳар ҳол аз ҳунари омӯхтаам рӯй натофтам”,

– мегӯяд ҳунарманд.

Маҳсулоти кандакорӣ дар ИстаравшанМурод ҳам мисли баъзе ҳунармандон хост аз ҳунари кандакорӣ даст кашад, зеро барои пеш бурдани зиндагӣ ҳунар кифоягӣ намекард. Хост роҳи муҳоҷиратро пеш гирад вале падар ба раъйи ӯ зид баромад.

“Падарам гуфтанд, ки агар ҳунарманд касбашро пеши по занад, як умр хору залил гардида, корҳояш бебаркат мешаванд. Аз ин рӯ дар вақтҳои холигӣ ба ҳунари кандакорӣ машғул мешудам. Наздам  панҷ шаш нафар ҷавонону наврасон низ омада ҳунари кандакориро меомӯхтанд”,- шарҳ дод устои чӯбкор.

Устои кандакор бо шогирдаш

“Бе маош кор мекардем”

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то бартараф шудани оқибатҳои он қариб ҳамаи омӯзгорон дар мактабҳо бе маош кор мекарданд. Дар ин қатор Мурод Маманазаров низ барои саводнок кардани толибилмон ба мактаб омад. Ӯ аз фанҳои технология, алгебра, геометрия ва физика дарс медод.

“Мо намедонистем, ки маош чист. Бе музди меҳнат мактаб рафта ба хонандагон дарс медодем. Талабаҳо низ иштироки хуб надоштанд. Барои баъзе чизҳо омӯзгорон талон доштанду халос. Чанд соли дигар бо 3 сӯм маош кор кардем. Вале ба ояндаи нек умед доштем”,

– ба ёд овард усто.

Маҳсули дасти устои кандакори тоҷик

Ӯро барои хуб донистани фанҳои риёзӣ ба ҳайси омӯзгор ба МТМУ №56-и шаҳри Истаравшан ба кор даъват карда буданд. Зеро норасоии кадрҳо хеле зиёд ба назар мерасид. Китобҳои фаннӣ ҳам кифоя набуд. Бо вуҷуди норасоии китобҳои фаннӣ шогирдони ӯ дар олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.

Мурод дар мактаб касбу ҳунарро низ дарс медод. Ӯ ба шогирдон бештар асрори ҳунари кандакориро меомӯзонид. Ҳатто маҳфил барои омӯзиши ҳунари кандакорӣ ташкил кард. Мақсадаш танҳо ҳифз кардани ҳунари кандакорӣ.

Маҳсули дасти кандакори тоҷик

Аз мизи шашгӯша то рангубор бо хонаи занбӯри асал. Нозукиҳои кандакорӣ

Аз қадим устоҳои чӯбкор ба ҳунари кандакорӣ машғул буданд. Онҳо сутун, дар, мизҳои шашгӯша ва лавҳаҳоро кандакорӣ мекарданд. Ҳамзамон бархе аз чӯб армуғон ва пайкараи одамону ҳайвонотро метарошиданд. Ҳайкалтарошӣ аз чӯб маъмултарин навъи ҳунари коркарди бадеӣ ба ҳисоб мерафт. Вале баъди истилои арабҳо устоҳои чӯбкор дар рӯйи лавҳаҳо гулҳои гуногунро меканданд.

“Дар ҳунари кандакорӣ баъди истилои арабҳо дигаргунии ҷиддие ба амал омад. Кандакорон ба ҷойи нақшҳои ҷисми ҷондор, рӯйи чӯб зебоиҳои табиатро наққошиву кандакорӣ мекарданд. Бандҳои меҳробгуна дар маснуоти кандакоришуда мақоми худро пайдо кард. Ҳунармандон гулҳои табиӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Ин нақшҳо дар ҳунари кандакорӣ ҳамчун санъати ороиш истифода мешуданд”,- иброз дошт ҳунарманд.

Чӯбкориҳои ҳунарманди тоҷик

Барои кандакорӣ маъмулан чӯби дарахти зарфун, роздорӣ, сиёҳбед, сафедор, булут, бук, чормағз, нок, заранг, санавбар, чинор ва ғайраро истифода мебаранд. Баъзе намуди чӯбҳо бе истифодаи ранг ҳам ҷило медиҳанд. Кандакорони пештар ба ҷойи ранг (лак) аз хонаи занбӯри асал (Воск) истифода мебурданд. Тавре қаҳрамони мо мегӯяд:

“Хонаи занбӯрро гирифта бо оби гарм меҷӯшонанд. Он як шабонарӯз дар қуттии махсус меистад. Баъди омода шуданаш онро ба чӯб мемоланд. Маҳлули омодашуда ҳам ҷилои зебо ва ҳам сифати баланд дорад. Имрӯз, рангҳои сунъӣ ки ҳастанд, кам нафарон аз ранги табиӣ истифода мебаранд”.

Аз тарабхонаи қасри Арбоб то катҳои бешумори Варзоб

Маҳсули дасти қаҳрамони моро қариб дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст. Вале дастранҷи ӯ дар биноҳои фарҳангу ҳунари шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Қурғонтеппа, Варзоб, Ашту Зафаробод ва Деваштич зиёдтар ба назар мерасад. Инчунин, як қисми тарабхонаи қасри Арбоб ва катҳои мавзеъҳои сайёҳии Варзоб ба дастони пурҳунари Мурод тааллуқ доранд.

Қаҳрамони мо дар баробари кандакории лавҳаҳо, ҳамзамон ба сохтани армуғонҳои чӯбӣ машғул аст. Ӯ аз чӯби одӣ кӯза, қандил, табақҳои ороишӣ, мизҳои шашгӯша, чоргӯшаву доирашакл, пайкараи ҳайвоноти гуногун, лоиҳаи мавзеъҳои таърихӣ, панно, оина, сандуқчаҳо омода мекунад. Маҳсули дасти ӯро бештар сайёҳон харидорӣ мекунанд.

чӯбкории асп

Мурод Маманазаров ният дорад пажӯҳише анҷом дода, дар бораи нозукиҳои ҳунари кандакорӣ китобе ба табъ расонад.

Қаҳрамони мо бар он бовар аст, ки мардум аз нав ба маҳсулоти чӯби рӯй меоранд. Чун пештара сақф, айвон, сутун, ва ҷевонҳои наққошиву кандакоришуда аз нав ба мӯд медарояд.

“Фикр мекунам мардум оҳиста-оҳиста аз нав боз ба маҳсулоти чӯби рӯй меоранд. Тайи чанд соли охир мардум барои ороиши хона аз гулқоғаз ва пластик истифода мебаранд. Вале имрӯзҳо талабот ба сақфҳои наққошиву кандакоришуда афзудааст. Мардум дарк карданд, ки маҳсулоти чӯбӣ ҳам ба саломатӣ фоида дорад ва ҳам бадошттаранд”,- гуфт ҳунарманд Мурод Маманазаров.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend