Ҳуқуқи кӯдакон ба муҳофизат аз ҳама гуна зӯроварӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун ҳуқуқи асосӣ эътироф шудааст. Вобаста ба ин Тоҷикистон низ муҷозоти ҷисмонии кӯдакон дар мактаб ва хонаро манъ кард.
Артур ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, рӯзи 12 декабр дар мулоқот бо журналистон гуфт, ки ЮНИСЕФ аз иқдоми муҳими ҳукумати Тоҷикистон барои манъи муҷозоти ҷисмонии кӯдакон истиқбол мекунад.
Ҳадафи ин иқдоми нав ҳифзи ҳуқуқи 4 миллион кӯдак дар Тоҷикистон аз ҳама гуна муҷозоти хушунатомез мебошад.
“Ин тағйироти нави сиёсат пешрафтҳои назаррасро дар соҳаи ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон нишон медиҳанд ва аз ӯҳдадории қавии ҳукумат ба эҳтироми шаъну шараф ва якпорчагии кӯдакон шаҳодат медиҳанд.
Тағйироти қонунгузорӣ як қадами муҳиме ба пеш аст, аммо кори зиёде бояд анҷом дода шавад, то ин тадбирҳо боиси тағйироти мусбӣ дар ҳаёти ҳар як кӯдак гардад”,- гуфт Артур ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Миллионҳо кӯдакон зери шиканҷа
Тибқи гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ), ҳар сол миллионҳо кӯдакон, аз ҷумла духтарони ноболиғ, зери таъсири шиканҷа ва зӯроварӣ қарор мегиранд.
Кӯдаконе, ки шиканҷа шудаанд, дар оянда бештар ба мушкилоти иҷтимоӣ, равонӣ ва ҳатто ҷинояткорӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
“Дар аксари мавридҳо, шиканҷа ба кӯдакон бо баҳонаҳои тарбия ё одобомӯзӣ анҷом дода мешавад. Ба монанди “гӯшатро мебурам”, “дастатро месӯзонам” ё “забонатро бурида мегирам”.
Аммо чунин муносибатҳо на танҳо ба рушд ва саломатии онҳо зарар мерасонанд, балки худбоварии онҳоро аз байн мебарад. Кӯдакони осебдида дар оянда аксар вақт аз мушкилоти равонӣ, аз ҷумла депрессия ва стресс, ранҷ мебаранд”,- қайд намуд Саидаҳмад Икромов, коршинос оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон.
Яке аз мисолҳои равшани шиканҷа ин истифодаи усулҳои ҷисмонӣ барои “тарбия”-и кӯдакон, аз ҷумла латукӯб, таҳқир ва маҳрум кардан аз ҳуқуқҳои асосӣ мебошад.
Тибқи таҳқиқоти ЮНИСЕФ, беш аз 30% духтарони ноболиғ дар баъзе кишварҳо дар хонаҳо ё мактабҳо аз шаклҳои гуногуни зӯроварӣ ранҷ мебаранд.
“Яке аз сабабҳои асосии кам будани шумораи духтарони таҳсилкунанда дар мактабҳои олӣ суннатҳои маҳаллӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ мебошанд. Дар муҳити камбизоат, афзалият бештар ба таҳсили писарон дода мешавад.
Ҳастанд падару модароне, ки мегӯянд шароити хуби зиндагӣ надоранд аз ин рӯ онҳо наметавонанд духтаронашонро дар макотибҳои олӣ барои таҳсил равон намоянд. Аммо онҳо ҳангоми ба шавҳар додани духтарони 18 солаашон аз 25 то 40 ҳазор сомониро барои чиҳози арӯси сарф мекунанд”,- таъкид кард Маҳбуба Мамад Атохонова коршиноси масоили иҷтимоӣ.
Манъи шиканҷаи кӯдак тибқи қонун – қадами ҷиддӣ барои пешгирии он
Ба тахмини ЮНИСЕФ, зӯроварӣ алайҳи кӯдакон дар саросари ҷаҳон густарда буда, тақрибан 330 миллион кӯдак муҷозоти ҷисмонӣ мешаванд, ки ба саломатӣ, рушд ва некӯаҳволии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
“Шиканҷаи кӯдакон, махсусан духтарони ноболиғ, як мушкили глобалист, ки наметавонад беэътино монда шавад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бе зӯроварӣ ва шиканҷа зиндагӣ кунад.
Ҷомеа бояд барои муҳофизати онҳо чораҳои қатъӣ андешад, то ки ҳар кӯдак имкони зиндагии шоистаро дошта бошад. Ҳақиқати талх он аст, ки бидуни муборизаи дастаҷамъона ин мушкил ҳал намешавад”,- гуфт Артур ван Дизен, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон вобаста ба манъи шиканҷаи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо 20 июни соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби таҳрири нави Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд” (Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” бори аввал соли 2011 қабул шуда буд) мавриди амал қарор гирифтааст.
Ба шарофати ин ислоҳоти қонунгузорӣ Тоҷикистон 67-умин давлати ҷаҳон гардид, ки ҳуқуқи кӯдаконро барои ҳимоя аз ҳама гуна ҷазоҳои бераҳмона амалӣ мекунад.
С.У.