fbpx

Муаллиме, ки барои ношунавоён имову ишораро меомӯзад кист

Дар тӯли 30 соли фаъолият ӯ ба муҳити ношунавоён одат кардааст ва берун аз он худро тасаввур карда наметавонад.


3
3 points

Саттор Қувватов зиёда аз 30 сол аст, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ӯ аслан ба ин соҳа тасодуфан омада, мутахассиси соҳа ва яке аз асосгузорони имову ишораи тоҷикӣ гардид.

Саттор Қувватов муовини директор оид ба таълими Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муассиси Маркази кӯдакони ношунаво ва Маркази кор бо волидайн, муаллифи китоби “Имову ишора” ва тарҷумони имову ишора мебошад. Дар тӯли 30 соли фаъолият ӯ ба муҳити ношунавоён одат кардааст ва берун аз он худро тасаввур карда наметавонад.

“Дунёи ношунавоён дунёи дигар аст. Сухан гуфтану шунидан натавонанд ҳам хеле фарҳангдӯстанд. Мо барои рӯҳия гирифтани онҳо маҳфили “Субҳи кӯдакони ношунаво”-ро ташкил намудем. Баъдан ин маҳфил “Гӯши дунё бишнавад овози ангушти маро” ном гирифт. Мо ҳар субҳ пеш аз оғози дарсҳо ин маҳфили фарҳангиро баргузор мекунем, то кӯдакон тавонанд, ғизои маънавӣ гиранд. Тасаввур кунед, ки ҳар кадоми мо монда мешавем ё аз чизе нороҳатем худро бо гӯш кардани мусиқӣ ё тамошои филм ором мекунем. Аммо ин бачаҳо гӯши шунаво надоранд, чӣ кор кунанд”- бо гуфтани ин суханҳо аз дидагони қаҳрамони мо ашк ҷорӣ шуд.

Маълум шуд, ки ӯ чӣ қадар ба касби хеш содиқ аст ва дарди шогирдонро дарди худ меҳисобад.

Қаҳрамони мо аслан зодаи ноҳияи Ванҷ мебошад. Рӯзҳои аввале, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун омӯзгор ба кор омад, ӯро шогирдон хуб қабул накарданд. Чун ӯ имову ишораро намедонист. Саттор Қувватов баъд аз хатми мактаби миёна, мехост ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шавад, аммо аз сабаби нарасидани ҳуҷҷатҳояш он замон ин мақсадаш амалӣ нагашт. Сипас ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) супорид. Ӯ омӯзишгоҳро соли 1990 аз рӯи ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намуд. Аз тарафи омӯзишгоҳ ӯ ба яке аз мактабҳои ноҳияи Ванҷ барои кор роҳхат гирифт ва азми сафар ба зодгоҳро дошт.

Тасодуфе, ки тақдирашро дигар кард

Ӯ рӯзе дар роҳ бо як устодаш вохӯрд, ки ин шахс дарёи қисмати Саттори ҷавонро ба маҷрои дигар бурд. Он омӯзгор дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард ва ба Саттори фориғутаҳсил пешниҳод кард, ки он ҷо ба кор дарояд. Ҳангоме, ки Саттор Қувватов ба мактаб-интернат рафт, сараввал директор ӯро ба кор қабул накард.

“Вақте ки бо устодам ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво рафтем, директор маро ба кор қабул накард. Чун ман мутахасиси соҳаи онҳо набудам ва имову ишораро умуман намедонистам. Баъдан бо хоҳиши устодам маро ба таври санҷишӣ барои се моҳ ба кор қабул карданд. Дар рӯзҳои аввали кориям бисёр азоб мекашидам. Чун бо хонандагон муошират карда наметавонистам. Ҳатто кӯдакон ба ҳоли ман механдиданд, ки ман имову ишораро намедонам”,-ёд меорад, ҳамсӯҳбати мо.

Надонистани имову ишора ва ӯро хуб қабул накардани шогирдон барои қаҳрамони мо бисёр нороҳаткунанда буд. Аз ин рӯ ба хулосае омад, ки аз кор кардан дар мактаб-интернат даст кашад. Аммо кори қисмат буд, ки хамон вақт аз Русия мутахассисони имову ишора ба Тоҷикистон омаданд ва ба онҳо имову ишораро омӯзониданд. Бо омӯхтани имову ишора хонандагони ношунаво омӯзгори ҷавонро оҳиста-оҳиста қабул карданд.

Илҳом аз сухани президент

Соли 1994 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо шогирдон ва омӯзгорон аз наздик ҳамсӯҳбат мешавад.

“Ҳангоме ки президент ба Мактаб-интернати мо омаданд, аснои суҳбат бо мо қайд намуданд, ки коре ки шумо карда истодаед, ниҳоят кори савоб мебошад. Ҳар қадар ки тавонед ба ин кӯдакон хизмат кунед.

Бинед, ки ҷаноби Олӣ чӣ қадар сухани бузург гуфтанд. Фикр мекунам ҳамин суханҳои эшон буд, ки ман умри худро ба ин касб бахшидам”,-бо ифтихор афзуд, устод.

Пас аз он вохӯрӣ, муаллими ҷавон бештар аз пайи омӯзиш шуд ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро аз рӯи ихтисоси методикаи таҳсилоти ибтидоӣ хатм намуд. Аз соли 2005 то соли 2015 ҳар сол дар шаҳри Маскав курси такмили ихтисосро гузашт. Бо дидани бисёр вазнинӣ ва мушкилоти ин соҳа ӯ пеши худ мақсад гузошт, ки барои пешравии он саҳми худро гузорад.

Робита бо мутахассисони ҷаҳон

Қаҳрамони мо бо яке аз марказҳои шаҳри Маскав, ки дар ин соҳа фаъолият мекард, робита барқарор кард ва ин марказ дар рушди фаъолияти ӯ саҳми назаррас гузошт. Он замон таълим дар мактаб-интернатҳо бо имову ишораи русӣ буда, имову ишораи тоҷикӣ умуман вуҷуд надошт. Тамоми мутахассисони русзабон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда буданд. Баъдан устод Қувватов бо як мутахассиси австралиягӣ ошноӣ пайдо кард ва ин мутахассис талошҳои омӯзгори ҷавонро дида, барояш кӯмак расонид. Бо дастгирии ин нафар қаҳрамони мо ба кишварҳои Русия, Урдания, Литва, Афғонистон, Арманистон ва Гурҷистон сафар намуда, дар чандин конференсияҳои байналхалқӣ иштирок ва такмили ихтисос намуд.

Кор бо волидайн

Саттор Қувватов соли 2000 дар шаҳри Душанбе “Маркази кӯдакони ношунаво”-ро таъсис дод, аммо бо ин низ ӯ худро ором карда наметавонист. Чунки дар соҳаи пешгирифтаи ӯ мушкилот ниҳоят зиёд буд. Баъдан соли 2005 “Маркази кор бо волидайн”-ро таъсис намуд, ки ҳоло ин марказ дар 10 минтақаи ҷумҳурӣ кор бурда истодааст. Мақсади асосии ин марказ роҳандозӣ намудани муоширати кӯдаки ношунаво бо волидайн мебошад.

“Дар бисёр оилаҳое, ки кӯдаки ношунаво доранд, волидон ҳангоми ду-се сола шудани кӯдакон инро мефаҳманд. Аммо аз сабаби надонистан имову ишора, онҳо муошират карда наметавонанд. Дар ин ҳолат, ки кӯдак эҳтиёҷоти худро ба волидон гуфта натавонад, асабӣ мешавад, ки ин ба кӯдак зарари калон мерасонад. Барои ҳамин, мо “Маркази кор бо волидайн” – ро таъсис додем. Мо дар 10 минтақа ба назди чунин оилаҳо рафта, имову ишораро ба онҳо меомӯзем, то ин ки волидон бо кӯдакони ношунаво озодона муошират намоянд”,- афзуд, ҳамсуҳбати мо.

“Хуб шуд, ки ба ин соҳа омадам”

Мутахассисони “Маркази кор бо волидайн” то имрӯз ба 216 нафар кӯдаки ношунаво аз 2 то 4-сола ва волидони онҳо имову ишораро омӯзониданд, ки аз онҳо 113 нафарашон барои таҳсил ба мактаб-интернатҳо сафарбар карда шудаанд.

Албатта, дар аввал ин кор осон набуд. Аксар оилаҳо онҳоро қабул намекарданд. Ҳатто кӯдакон низ, ки рӯҳан азоб мекашиданд, намехостанд бо мутахассисон алоқа барқарор намоянд. Аммо мутахассисони ин марказ гаштаю баргашта ба он оилаҳо мерафтанд, то онҳоро розӣ кунанд.

“Вақте мо корро шурӯъ намудем, ниҳоят душвор буд. Оилаҳо моро қабул намекарданд. Мегуфтанд, ки шумо кӣ ҳастед, аз куҷо омадаед. Онҳо бовар надоштанд, ки чунин марказҳо вуҷуд доранд, ки холисона ба мардум кӯмак мекунанд. Ҳатто кӯдакон ҳам моро дидан намехостанд. Вале мо ҳам якравӣ мекардем ва чандин маротиба назди дари чунин хонаводаҳо мерафтем.

Дар ёдам ҳаст, ки модаре барои кор кардан бо фарзандаш иҷозат намедод ва ба мо чандин суханҳои пасту баланд гуфта буд. Дар охир ман ӯро розӣ кардам ва баъди як моҳ модар пешравии фарзандашро дида, гиря мекард, аз мо узри зиёд мепурсид ва миннатдорӣ менамуд. Дар ин лаҳзаҳо ба худ мегуфтам, “хуб шуд, ки ба ин соҳа омадам””,-қайд намуд, устод.

Нашри китоби “Имову ишора”

Соли 2012 дар вохӯрии навбатиаш президент зимни шиносоӣ бо вазъи онрӯзаи мактаб-интернат пеши масъулин мақсад мегузорад, ки китоби имову ишораи тоҷикиро нашр намоянд. Саттор Қувватов бо устоди худ Зикриё Раҳмонов ҳамон сол ба навиштани китоб шурӯъ карда, соли 2015 китоби якуми “Имову ишора”-ро бо забони тоҷикӣ нашр карданд. Ин китоб дар асоси имову ишораи забони русӣ таҳия гардид, вале китоби дуюми “Имову ишора”, ки соли 2019 нашр шуд, дар асоси имову ишораи сирф тоҷикӣ таҳия шудааст. Бо супориши президент ин китобҳо дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ройгон паҳн гардиданд.

“Бо роҳнамоии президент мо китоби “Имову ишора”-и тоҷикиро таҳия намудем. Чун мо халқи тоҷик ҳам забони асили худро дорем ва бояд ба он арҷ гузорем. Сабаби дигари таълифи китоб он буд, ки дар забони тоҷикӣ калимаҳое ҳаст, ки дар забони русӣ нест. Аз қабили кулча, самбӯса, атлас ва ғайраҳо. Ин китобҳо ройгон ба волидони кӯдакони ношунаво дошта ва мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Фикр мекунам то ҷое метавонад мушкилоти волиданро осон кунад”,- гуфт, қаҳрамони мо.

Мушкилоти ношунавоён

Саттор Қувватов аз он афсӯс мехӯрад, ки баъзе волидон фарзандони ношунавояшонро ба таълим фаро намегиранд. Ҳатто нафароне ҳастанд, ки аз фарзанди худ шарм медоранд. Баъзеи дигар фарзандонашонро ба мактаб-интернатҳо супурда моҳҳо суроғ намекунанд. Мушкилоти дигари шахсони ношунаворо дар набудани тарҷумонҳои имову ишора мебинад, ки барои шахсони ношунаво ройгон хизмат кунанд. Устод Қувватов орзу мекунад, ки рӯзе ин мушкилиҳо низ бартараф мешаванд.

“Мушкилоти шахсони ношунаво бениҳоят зиёд аст. Аввалан онҳоро дар ташкилоту корхонаҳо ба кор қабул намекунанд. Дигар ин ки дар мо тарҷумонҳои имову ишора нест, ки ба онҳо ройгон хизмат кунад. Масалан як шахси ношунаво ба духтур рафтанӣ мешавад, аммо ба духтур дарди худро гуфта наметавонад. Бисёриҳо дар чунин ҳолатҳо муроҷиат мекунанд. Ман барои онҳо ройгон тарҷумонӣ мекунам, аммо ин ҳодисаҳо хеле зиёданд ва ман наметавонам ба ҳамаи онҳо расидагӣ кунам. Тарҷумонҳо ҳастанд, лекин музд талаб мекунанд”,- бо таассуф илова намуд, ҳамсуҳбати мо.

Барои камтар шудани чунин ҳолатҳо қаҳрамони мо иқдом гирифтааст, ки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент ва Хоруғ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, суд, бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ имову ишораро омӯзонад.

Интихоби ҳамсафари рӯзгор

Устод аз фаъолияти худ ва шогирдонаш ифтихор дорад ва фикр мекунад, ки хато накардааст, ки дур аз зодгоҳи худ ва падару модар ба мардум хизмат намудааст. Ӯ дар ҳамин ноҳия оила барпо намудаву зиндагии худро сохтааст.

“Ман ба ин макон ва ин кӯдакон одат кардаам. Агар аз ин ҷо дур равам, гӯё чизеро гум кардаам. Ҳамсарамро низ аз ҳаминҷо пайдо намудам. Ӯ ҳамчун мураббия аст. Мо аксар вақт дар хона бо ишора гап мезанем, чунки одат кардаем. Бисёр вақт меҳмонҳо ба хона оянд, ҳайрон мешаванд. Мегӯянд мо чӣ гуфтани шуморо намефаҳмем”,- бо ханда нақл кард, Саттор Қувватов.

Ҷовидон Раҳмоналиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend