Муаллим барои ҳамдеҳагону шогирдонаш китобхонаи ройгон иборат аз 6 ҳазор адад китоб, ташкил кардааст

Бекназар Худойназаров 56 сол мешавад, ки омӯзгори мактаби миёна аст. Ӯ дар хонаи истиқоматияш китобхонаи шахсии худро кушодааст, ки зиёда 6 ҳазор адад китобҳои бадеӣ дорад Нафарони зиёде, хусусан шогирдонаш аз китобҳои ин китобхона ройгон истифода мекунанд.

Ҷамъоварии китобҳоро муаллим аз овони кӯдакӣ оғоз намудааст. Аз китобхонаи ӯ на танҳо фарзандону шогирдонаш, балки занҳои хонашини деҳаашон низ истифода мекунанд.

Китобхонаи ройгон барои аҳли деҳа

Муаллим Худойназаров айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Китобхонаи шахсияшро муаллим Бекназар соли 1970 ҳангоми азнавсозии хонааш ташкил кардааст. Ӯ як ҳуҷраи алоҳидаро танҳо барои китобҳояш ҷудо карда буд, ки оҳиста – оҳиста ба китобхона мубаддал шуд.

Дар китобхонаи муаллим Худойназаров айни ҳол чор навъи китоб бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ва методӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ мавҷуд аст. Ҳар рӯз донишҷӯён ва хонандагон барои гирифтани китоб ба назди муаллим меоянд. Муаллим китоби лозимаро ёфта медиҳад ва номи китобгирандаро дар дафтарчааш қайд мекунад.

Ҳамчунин ӯ ба шогирдонаш китобҳо тавсия медиҳад ва пас аз мутолиа бо онҳо атрофи китоб баҳсҳо меорояд, то хонанда китоби хондаашро хубтар дарк кунад.

Тӯҳфаи арзишманди падар барои писар – китоб

Бекназар Худойназаров дар синфи 5-ум мехонд, ки падараш як бегоҳӣ пас аз кори колхоз ба ӯ китоберо ҳадя мекунад, ки он сабаби китобхон гаштани муаллим мешавад.

“Аслан меҳри китобро дар дили ман падарам ҷо кардааст. Соли 1961-ум буд, ки як рӯз падарам дар даст як чизи чоркунҷае даруни рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” печонидашуда баргаштанд. Онро ба ман дода гуфтанд, ки ин китобро барои ту харидам, аммо ҳар шаб барои ман ҳам мехонӣ.

Китоб “Гуруғлӣ” ном дошт. Ман ҳар шаб барои падарам як-ду саҳифаи китобро мехондам. Чун медидам, ки хобашон бурдааст, рафта ба дигар кор машғул мешудам. Зеро дар аввал маънои он китобро намефаҳмидам“, – нақл мекунад, муаллим.

Бекназари наврас оҳиста-оҳиста ба он китоб дил мебандад ва на иҷборан, балки бо шавқи беандоза онро мутолеа мекунад. Баъд аз хондани китоби “Гуруғлӣ” ӯ аз падараш хоҳиш мекунад, ки барояш боз китоб бихарад. Ҳаминтавр Бекназар Худойназаров ба хондан ва ҷамъ кардани китобҳо шурӯъ мекунад. Баъд аз чанд вақт ҷилди 2-юми китоби “Гуруғлӣ” ба нашр мерасад ва Бекназар аз аввалинҳо шуда, онро мутолеа мекунад.

“Ҳоло аз падарам бениҳоят миннатдорам, маҳз он кас буданд, ки ман ба ин мартабаҳо расидам. Яке аз сабаҳои кушодашавии китобхона ҳам он кас ҳастанд”, – мегӯяд муаллим.

Вақте сафи китобҳои Бекназари наврас зиёд мешаванд, ӯ дар як кунҷи девори хонаашон аз тахтачаҳои ҳамвор рафи китоб месозад.

“Дар наврасиям барои китобҳоям дар кунҷи девори хона аз тахтачаҳо ду раф сохтам. Сипас бо зиёд шудани китобҳо дар девори хона тахтаҳои ҳамвор часпонида болои рафҳои он бо тартиб китобҳои худро ҷой медодам. Пас аз чанд сол аллакай ман ҷевони пур аз китоб доштам”, – нақл мекунад, муаллим Худойназаров.

Беҳтарин оила дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бекназар Худойназаров баъд аз хатми мактаб ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил мешавад ва ҳамон сол бо ҳамсинфи худ оила барпо менамояд. Сар карда аз курси дуввум барои пешбурди оила дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №67 ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият шурӯъ менамояд. Пас аз хатми донишгоҳ ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки дар донишгоҳ дарс диҳад, вале ӯ инро рад мекунад.

Муаллим Худойназаров ҳамроҳи ҳамсараш 8 фарзандро ба воя расонидаанд, ки ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олианд. Оилаи муаллим яке аз оилаҳои намунавӣ аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷоизаи “Оилаи беҳтарин” – ро соҳиб шуданд.

Аз сабаби хурд будани китобхона, китобҳо дар рафҳо се қатор паси ҳам гузошта шудаанд, ки барои ҷустуҷӯи китоб мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ муаллим ният доранд, ки дар оянда ҳуҷраи калонтаре сохта китобҳоро аз рӯйи алифбо ҷой кунад.

Муаллим имрӯз хушбахт аз он аст,ки шогирдону ҳамсоягон аз китобҳои солҳо ҷамъ намудаи ӯ баҳра мебаранд.

“Хушҳол аз онам, ки шогирдони зиёде аз китобхонаи ман истифода мебаранд. Ҳатто занҳои хонашини деҳа барои гирифтани китоб меоянд. Ман ба хонандагон барои хондани китоб муҳлат намедиҳам, танҳо китобҳоямро баъди хондан баргардонанд, кифоя аст. Агар тавониста бошам мисли падарам ҳатто як нафарро китобхон карда бошам, пас хушбахтам ва метавонам бигӯям, ки ба мақсадам расидам”, -дар анҷом иброз дошт, қаҳрамони мо.

Ҷовидон Раҳмоналиев

Skip to toolbar