Муаллим аз Хоруғ омӯзгори соли Тоҷикистон эътироф шуд

Дари ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2021” рӯзи 25 – уми январ оғоз ёфта буд.


Акс: Дафтари матбуоти вазорати маориф

27-уми январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ ва туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуниОмӯзгори соли Тоҷикистон-2021” баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии вазорати маориф.

Манбаъ меафзояд, ки давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабони озмун аз рӯйи 7 шарт санҷида шудааст. Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон Хушбахт Азизбеков – омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” дониста шуд.

Нахуст Муҳаммадовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф гуфтааст, ки вазорат доим омодаи дастгирӣ ба омӯзгорони навовару эҷодкор аст ва меҳнати онҳоро ҳамеша қадр мекунад.

“Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намоянд ва дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд”,- мегӯяд, муовини аввали вазири маориф.

Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи низомнома ҳакамон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар як довталабро таҳлил намуда, баҳогузорӣ карданд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар яке аз шартҳо миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

“Ба ғайр аз ин иштирокчиёни дигари озмун  Моҳира Мусоева – омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова – омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова – омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Шавкат Тағоев – омӯзгори фанни физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун” дар ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд”, – омадааст, дар хабарномаи вазорат.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун “Сипоснома” ва туҳфаҳои пулӣ супоридаанд.