fbpx

Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна метавонанд шаҳодатномаи ронандагии русӣ бигиранд?

Барои нафароне, ки ба ронандагӣ машғул нестанду мошини шахсии худро додаранд, иваз кардани шиноснома шарт нест.


1
1 point
Акс аз сомонаи Риа Новости

Таксиронӣ яке аз корҳои сердаромад барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад. Аммо шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 дар якчанд минтақаи Русия онро барои муҳоҷирон манъ карданд. Аз ин муҳоҷиронеро, ки мехоҳанд ронандагиро идома диҳанд, лозим аст, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро бигиранд. Аммо чӣ тавр?

Your.tj дар такя ба маводҳои сомонаҳои расмии Русия ба саволҳои Шумо оиди дастрас кардани шаҳодатномаи ронандагии русӣ ҷавоб омода намудааст.

Чаро бояд муҳоҷирони тоҷик шаҳодатномаи ронандагии русӣ бигиранд?

Тибқи қарорҳои думаи давлатии Русия аз 1 – уми июни соли 2017 дар моддаи 25 – и банди 13-и ҳамин қарор омадааст, ки “шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хуқуқи кор кардан бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷиро надоранд. Ба ин нигоҳ накарда, то имрӯз муҳоҷирон бо шаҳодатномаи миллӣ ронандагӣ мекарданд.

Аммо аз моҳи январи имсол дар чандин минтақаҳои Русия ба монанди Тюмен, Якутия, Приморск ва Ханты-Мансийск таксиронии муҳоҷирон манъ шуд. Эҳтимол ин мамнуъият дар Хабаровск ва дигар шаҳру навоҳии Русия ҷорӣ шавад. Аз ин рӯ гирифтани шаҳодатномаи ронандагии русӣ ба манфиати муҳоҷироне, ки бо ронандагӣ рӯз мегузаронанду намехоҳанд корашонро аз даст диҳанд, хоҳад буд.

Чаро барои қирғизҳо иҷозат ҳасту барои тоҷикон не?

Тибқи қонун дар Русия танҳо муҳоҷирон аз Қирғизистон ва Белоруссия метавонанд бо шаҳодатномаҳои миллии худ таксиронӣ кунанд, чун дар ин кишварҳо забони русӣ ҳамчун забони расмӣ эътироф шудааст. Аммо дигар муҳоҷирон, ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик низ барои идомаи фаъолияти ронандагӣ бояд шаҳодатномаи ронандагии русиро ё бо гузаштан аз омӯзиш ё бо супоридани имтиҳон бигиранд.

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Агар Шумо ягон намуд шаҳодатномаи ронандагӣ надошта бошед, пас Шуморо лозим аст, ки аз омӯзиши пурра гузаред ва имтиҳонотро супоред. Барои гирифтани шаҳодатнома ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

Шиносномаи миллӣ (ё шиносномаи хориҷӣ), тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ бо тасдиқи нотариус;

Ду акси андозаи 3х4 см.Акс метавонад ранга ё сиёҳу сафед;

Ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии муваққатӣ, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат дар Русия;

Шаҳодатномаи тиббӣ;

Дар оянда барои имтихонот справка аз мактаби ронандагӣ (мактаби ронандагӣ онро худаш тайёр мекунад) ва квитансия дар бораи супурдани боҷи давлатӣ лозим аст. Ҳамаи ин ба шумо дар мактаби ронандагӣ гуфта мешавад.

Барои гирифтани “права”-и русӣ шаҳрванди Русия будан ҳатмист?

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии русӣ шаҳрвандии Русия шарт нест. Аз Шумо танҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки қонунӣ будани будубошатонро дар қаламрави Русия тасдиқ мекунад. Ин метавонад, бақайдгирии муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи иқомат бошад(ВНЖ).

Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи миллиро бо русӣ иваз кард?

Бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин ба Нозироти давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД)ва гузаштани бо муваффақияти имтиҳон шаҳодатномаро иваз карда метавонед: шиноснома ва нусхаи он, ҳуҷҷате, ки қонунӣ будани будубошро дар кишвар тасдиқ мекунад, шаҳодатномаи тиббӣ, шаҳодатномаи ронандагии миллӣ, расид ё квитансияи пардохти боҷи давлатӣ барои имтиҳонот.

Бо супоридани се намуди имтиҳон, назариявӣ, ронандагӣ дар автодром ва дар шаҳр шаҳодатномаро ба Шумо то пас аз 7 рӯзи супоридани имтиҳон медиҳанд.

Пас аз ивази шаҳодатномаи миллӣ бо шаҳодатномаи русӣ таҷрибаи корӣ нигох дошта мешавад?

Не, таҷриба мувофиқи шаҳодатномаи ронандагии қаблии шумо ба шаҳодатномаи русӣ интиқол дода намешавад, зеро тибқи қонунгузории Федератсияи Русия, таҷриба аз рӯзи додани шаҳодатнома ҳисобида мешавад.

Пас аз ивази шаҳодатномаи миллӣ бо русӣ, шаҳодатномаи миллиро бармегардонанд?

Бале, пас аз додани шаҳодатномаи ронандагии Русия, ба Шумо шаҳодатномаи миллиатонро бармегардонанд.

Муҳлати эътибори шаҳодатномаи ронандагӣ дар Русия чӣ қадар аст?

Шаҳодатномаи ронандагӣ барои шаҳрванди хориҷӣ, инчунин барои шаҳрвандони Федератсияи Русия барои 10 сол эътибор дорад. Аммо дар хотир доред, ки шаҳодатнома танҳо дар сурати мавҷуд будани бақайдгирии муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) эътибор дорад.

Оё барои нафароне, ки дар таксӣ кор намекунанд, гирифтани “права”-и русӣ лозим аст? 

Барои нафароне, ки ба ронандагӣ машғул нестанду мошини шахсии худро доранд, иваз кардани шаҳодатнома шарт нест.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend