fbpx

Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна метавонанд аз Русия нафақа бигиранд?

Ҷавоб ба саволҳои шумо оиди гирифтани нафақа аз Русия.


0
Муҳоҷирон дар Русия
Акс аз сомонаи restate.ru

Порлумони Тоҷикистон шартнома миёни Тоҷикистону Русия оиди нафақаи муҳоҷиронро имзо кард. Акнун барои соҳиби нафақаи Русия шудани муҳоҷирони тоҷик, танҳо имзои порлумони Русия мондаасту халос. Киҳо метавонанд соҳиби нафақа шаванд, барои дарёфти он чӣ кор бояд кард ва дигар маълумотҳои лозимиро дар ин мавод бихонед.

Агентии Азия плюс дар мавриди нафақаи муҳоҷирон дар Русия бо Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон суҳбат кард, ки мо фишурдаи онро нашр мекунем.

Ҳоло имзои Русияро итизоранд

Созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ба имзо расидан аз ҷониби парлумони ҳарду кишвар дар амал татбиқ мегардад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 13 апрели соли равон созишномаро имзо кард. Ҳоло парлумони Русия онро имзо накардааст. Аз палатаи поёнии парлумон гуфтаанд, ки он рӯзҳои наздик аз ҷониби Русия низ ба имзо мерасад. Баъди ба имзо расидани созишнома аз ҷониби Русия муҳоҷирон метавонанд, худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия ба қайд гузоранд.

Патент боиси гирифтани нафақа шуда наметавонад

Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент, муҳоҷир бояд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ тартиб диҳад, дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия худро ба қайд гирад (суғуртаи иҷтимоӣ) ва ҳар моҳ мустақиман ва ё тавассути корфармо андози иҷтимоиро ба буҷети Русия пардохт кунад.

Ҳаҷми нафақаро бошад аз рӯи собиқаи корӣ муаян мекунанд, яъне ҳар қадаре, ки собиқаи корӣ зиёд бошад нафақаи иҷтимоӣ низ ҳамон қадар зиёд мешавад. Андозаи ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа беш аз 10 ҳазор рубл аст.

Як нафар метавонад ҳам нафақаи Русия ва ҳам аз Тоҷикистонро бигирад

Вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор кунаду баъд ба Тоҷикистон омада бознишаста шавад, қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад. Нафақаи ин нафарон ҳам аз сӯй Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия пардохт мешавад. Яъне аз ду тараф нафақа мегирад. Агар дар Русия зиндагӣ кунад, нафақаи Тоҷикистон ба Русия ва агар дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, ба Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Агар шаҳрванд дар ҳарду кишвар таҷрибаи корӣ дошта бошад, вале собиқаи кориаш барои нафақа нарасад, собиқаи кории кишвари дигар зимни ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад.

Вақте шахс  ба синну соли нафақа (дар Русия синни нафақа айни замон барои мардон аз 65 сол ва барои занон 60 сол аст. Дар Тоҷикистон синни нафақа барои мардон 63 ва барои занон 58 сол аст) мерасад, метавонад, бо аризаи худ ба мақомоти дахлдори Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад. Мақомоти ҳарду кишвар собиқаи корӣ ва андозҳои пардохтнамудаи ӯро ба буҷети якдигар ба назар гирифта, ҳамчун собиқаи пурраи корӣ ҳисоб ва ба ӯ нафақа таъин мекунанд.

Агар муҳоҷир танҳо дар Русия кор кардаву андоз супорида бошад аз Тоҷикистон низ нафақа гирифта метавонад.  Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар кишвар расман кор накардаанд, ба миқдори 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд. Дар Русия нафақа намегирад.

Муҳоҷироне, ки то тавсиби созишнома дар Русия кор кардаанду андоз супоридаанд метавонанд нафақа бигиранд

Шартномаи мазкур  баъди ба тасвиб расидани парлумони ду кишвар ҳукми қонунӣ пайдо мекунад. Вале агар  муҳоҷир то ин дам ба буҷети Русия андоз скпоридааст, метовонад нафақаи ин кишварро бигирад. Ин муҳоҷирон  метавонанд, худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гиранд ва аз мақомоти  андози ин кишвар маълумот бигиранд, ки то ин дам андози иҷтимоӣ супурдаанд.

Бояд қайд кард, ки шартнома соли 2014 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи сентябри соли гузашта ба ин масъала нуқта гузошта шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend