fbpx

Муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро озод кардаанд

Сафорати Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёти мақомоти Русия дар минтақаи Котелники чанд муҳоҷир боздошт гардида буданд.


0
Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Акс: намогирифт аз АП

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар минтақаи Котелникии вилояти Москва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои иқомат озод кардаанд. Онҳо рӯзи 20-уми майи соли равон боздошт шуда буданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот навиштааст, ки сафорат аз ҳолати баргузории амалиёти боздошти муҳоҷирони тоҷик дар ҷараён аст ва ҳоидсаи мазкур зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад.

“Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки шаҳрвандони боздоштшуда пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои будубошашон аз шӯъбаи корҳои дохилии ин минтақа озод шудаанд”, – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон.

Манбаъ нагуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёти мақомоти Русия дар минтақаи Котелники чанд муҳоҷир боздошт гардида буданд.

Дар ҳамин ҳол, давоми чанд рӯз аст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои алоҳидаи Русия мавриди боздошт ва латукӯби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар қарор мегиранд. Аз ҷумла, полиси Русия шаби 23-24-уми май қариб 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда буданд.

Ҳамчунин, рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомоти Тоҷикистон вокуниш карданд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми май Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват ва изҳори нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Русия расонида шуд.

ВКХ гуфт, “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Ҳамчунин, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова бо ирсоли нома хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар пайи ин, субҳи имрӯз ВКД хабар дод, ки Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба рейдҳои мақомоти Русия дар дар шаҳраки Котелники ва дигар шаҳрҳои Русия, ҳамчунин латукӯб ва шиканҷа беш аз сад донишҷӯи тоҷик ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳодисаҳои мазкур холисона баррасӣ гардида, “таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend