fbpx

Муҳоҷирони қаҳрамон! Дар соли 2023 тоҷикон дар Русия чӣ қаҳрамониҳо нишон доданд

Аз наҷоти одамон аз сӯхтор то ёрии аввал, наҷоти кӯдак аз ҳамлаи саг ва ғамхорӣ ба гурбачаҳои партофташуда.


1
1 point
Муҳоҷири тоҷик мукофотпулӣ ва ифтихорнома гирифт
Манучеҳр Расулов (слева), таджикский мигрант, спасший женщину и ее ребенка из пожара

Дар баробари фишору таъқибҳо, азият ва бадномкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, зуд-зуд далериву шуҷоат ва қаҳрамонии онҳо дар шабакаҳои интернетӣ пахш мешавад. Гарчанде дар расонаҳои Русия амалҳои неки онҳо кам инъикос меёбад. Муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан аз Тоҷикистон борҳо шаҳрвандони кишвари мизбонро аз ҳолатҳои хавфнок ба саломатӣ наҷот додаанд.

Мо якчанд ҳолатеро гирд овардем, ки муҳоҷирони тоҷик дар соли 2023 муносибати инсондӯстонаи худро нишон дода, далерона ҷони одамон ва ҳатто молу мулки онҳоро дар Русия наҷот додаанд. Намунаҳое, ки дар зер овардаем, танҳо онҳое ҳастанд, ки расонаӣ шудаанд.

Пиёда то ошёнаи 25. Муҳоҷире, ки зан ва кӯдаки навзодро аз сӯхтор наҷот дод

Манучеҳр Расулов, муҳоҷири 32-солаи тоҷик рӯзи 1-уми август як зан ва кӯдаки хурдсолашро аз сӯхтор дод. Ӯ дар шаҳраки Светлийи Екатеринбурги Русия ба ҳайси бинокор фаъолият мекард ва он рӯз дар ошёнаи 25-уми як бинои наздик ба сохтмон сӯхтор сар мезанад.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия
Манучеҳр

“Ба гӯшамон овоз омад. Дар балкони як ошёна занеро дидем, ки дар даст кӯдак дошт ва аз даруни хона дуд мебаромад. Фаҳмидем, ки онҷо сӯхтор сар задааст. Ман аз он тарсидам, ки зан кӯдакашро аз баландӣ ба замин мепартояд”,- нақл карда буд муҳоҷир дар суҳбат ба Your.tj.

Манучеҳр зуд ба ёрӣ шитофта, то расидани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш ва зану кӯдакро аз миёни оташ берун мекунад. Барои шуҷоату далериаш ӯ бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл қадрдонӣ карда шуд.

Манучеҳр қариб чор сол мешавад, ки дар шаҳри Екатеринбург дар сохтмон кор карда мекунад ва дар ин муддат боре ҳам ба Ватан наомадааст. Манучеҳр Расулов оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Ҷони дигарон бар ивази ҷони худ. Муҳоҷире, ки хост пеши роҳи таркишро гирад

Муҳоҷири дигари тоҷик Муродалӣ Қувватов дар минтақаи Любертсии вилояти Москва монеъи ворид шудани марди рус бо граната ба масҷид гардида буд. Ҳодиса рӯзи 10-уми ноябр дар вақти намози ҷумъа рух дода буд.

Ба иттилои расонаҳо марде дар даст граната вориди масҷид шуда таҳдид мекунад, ки онро метарконад.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by YOUR TJ (@your_tj)

Тавре Муродалӣ ба Радиои Озодӣ нақл кардааст, он мард ҳамчунин гуфтааст, “мусулмонҳоро чашми дидан надорад” ва хостааст гранатаро барои таркондан омода кунад. Ҳамон замон муҳоҷири тоҷик давида наздаш рафта, дастонашро дошт.

Муродалӣ он рӯз бовар дошт, ки агар норинҷак таркад, ӯ ва марди ҳамлагар кушта хоҳанд шуд. Марде, ки граната дар даст ба масҷид ворид шуд, шаҳрванди Русия, Алексей Бинявский будааст.

Муродалӣ оиладор ва соҳиби се фарзанд аст, вале он замон танҳо фикри одамони дар масҷид бударо кардааст.

“Ман фикри ин бародарони узбеку тоҷикро кардам. Берун аз масҷид боз кадом мактаб буд, чизи дигар буд. Фикри он кӯдаконро кардам. Ин қадар бародари тоҷик, ин қадар бародари узбек, ин қадар бародари қирғиз дар ин дарун намоз мехонданд. Ман фикри онҳоро кардам, ки кӯдакони онҳо пагоҳ бе падар намонанд, азоб накашанд”,- мегӯяд Муродалӣ Қувватов.

Муродалӣ Қувватов аз соли 2015 дар Русия муҳоҷир аст ва бо аҳли оилааш он ҷо зиндагӣ мекунад.

Мақомот ва расонаҳои Русия дертар аз дастгир шудани Алексей Бинявский хабар дода, эълом доштанд, ки граната аслан бозича ё ороишӣ ва Алексей Бинявскийи 45-сола як бемори рӯҳӣ аст.

Вале Муродалӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, кормандони милитсия вақте ба ҷойи воқеа расиданд, аз норинҷак тарсиданд ва ба он наздик намешуданд.

Ёрии аввал ва самарабахш. Табиби тоҷике, ки дар Русия як занро аз марг наҷот дод

Мукомил Сангинов, як табиб-кардиологи зодаи Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон, бо қатораи электрикӣ (электричка) аз Нижний Тагил ба Екатеринбург мерафт. Яке аз мусофирон ногаҳон бемор шуда, аз ҳуш меравад ва фишори хунаш аз меъёр хеле поин мефарояд.

Табиби тоҷик ки дар Русия нафареро аз марг наҷот додааст
Мукомил Сангинов

Мукомил, ки дар наздикии ин зан менишаст, дарҳол ба ёрӣ шитофта, то расидан ба истгоҳи наздиктарин, ки беш аз як соат вақт монда буд, кӯшиш кард ҳолати ӯро муътадил нигоҳ дорад.

“Вақте наздик шудам, зан аллакай беҳуш буд. Мусофирон бо худ фишорсанҷак доштанд ва боз касе шоколади сиёҳ дод. Тавассути саъю кӯшиши якҷоя ба мо муяссар шуд, ки то ба истгоҳ расидан кори системаи дилу рагҳои занро муътадил нигоҳ дорем”,- нақл кардааст ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс”.

Ин бори аввал набудааст, ки табиби тоҷик ҷони мардумро берун аз беморхона наҷот медиҳад.

“Соли 2017 ман чанд моҳ дар Красноярск будам. Ҳангоми гаштугузор дар кӯча мушоҳида кардам, ки духтаре худро бад ҳис мекунад. Зуд, ба ӯ ёрии аввалин расонидам ва сипас ёрии таъҷилӣ даъват кардам”,- мегӯяд Мукомил.

Мукомил Сангинови 31-сола тақрибан як сол мешавад, ки дар бемористони давлатии рақами 1-и Нижний Тагил ба ҳайси духтури дил кор мекунад.

Соҳиби қалби меҳрубон. Ҷавони тоҷике, ки гурбачаҳоро аз марг наҷот дод

Моҳи ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки як ҷавони зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Сургути Русия се гурбачаи навзоди ба канализатсия партофташударо наҷот дод. Ӯ мустақилона гурбачаҳоро ба ҷузвдонаш гирифта, онҳоро гарм ва шикамашонро сер кардааст.

Ҷавоне гурбаҳоро наҷот додааст
Ҷавони тоҷик, ки гурбаҳоро наҷот додааст

Ин ҷавони некхоҳ Алӣ ном доштааст ва дар суҳбат ба расонаҳои маҳаллӣ нақл кардааст, бегоҳ ҳангоме ки аз кор ба хона бармегашт, аз канализатсия садои аҷиберо шунидааст.

Ӯ сарпӯши канализатсияро кушода дар даруни об халтаеро бо гурбачаҳои навзод меёбад. Алӣ дарҳол онҳоро берун овард.

Алӣ онҳоро бо худ бурда, шуст ва ғизо дод. Ӯ баъдан дархост гузошт, ки гурбачаҳоро одамон ба худ гиранд, зеро Алӣ имкони нигоҳубини онҳоро надошт. Худи ҳамон рӯз одамони дилсӯз ба ҳайвонот гурбачаҳоро аз дасти Алӣ гирифтанд.

Бетараф набуд. Тоҷики зодаи Узбекистон, ки кӯдакро аз ҳамлаи саг наҷот дод

Рӯзи 9-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он ҳамлаи як саги ҷангӣ ба духтараки тахминан 10-сола сабт шудааст ва марде омада, сагро меронад ва ноболиғи дар тарс афтодаро муҳофизат мекунад. Баъдан расонаҳои русӣ аз марди наҷотдода Шокирҷон Раҳматов ном бурданд.

@your_tjВ Калуге водитель такси из Центральной Азии Шокиржон Рахматов спас ребёнка от бойцовской собаки, сообщают местные СМИ. По словам Шокиржона, прибыв на место нового заказа, он увидел, как собака кусает ребёнка за ноги. «Люди стояли, никто не помог, все на телефон снимали. С шестого этажа одна женщина кричала», – рассказал он. Рахматов добавил, что после того, как отбил пострадавшую девочку от собаки, он посадил ее вместе с подругой в свой автомобиль. Он хотел сам отвезти школьницу в больницу, однако к месту случившегося подоспел отец девочки, который забрал ее и отвез в медицинское учреждение. «Конечно, жалко. Детям надо помогать. У меня четверо детей… Без намордника нельзя отпускать собак», – добавил Шокиржон. #россия #центральнаяазия #таджикивроссии #помощь #спасение #дети #собака #новости #события #происшествия #yourtj @your_tj♬ оригинальный звук – Your.tj

Шокирҷон Раҳматов, тоҷики зодаи Узбекистон буда, дар шаҳри Калугаи Русия такси меронад. Ӯ дар суҳбати кӯтоҳе бо Your.tj аз ҳодисаи рухдода ва қадрдонии раиси шаҳри Калуга ёдовар гардида буд.

Ӯ мегӯяд, замоне аз ҳодиса хабар ёфт, ки мусофирашро мефаровард. Садои фиғони кӯдаку аккоси сагро шунида ба он сӯ мешитобад.

“Ҳангоми фаровардани мусофир овози кӯдакро шунида, дидам, ки саг ба духтараке ҳамла мекунад. Давида ба он тараф рафтам ва ба кӯдак ёрӣ расонидам”,– зикр намуд Шокирҷон.

Ин муҳоҷир мехост духтараки саг газидаро ба бемористон барад, вале падари духтар омада, худаш ба маркази тиббӣ бурдааст.

“Ман хостам кӯдакро ба беморхона барам, вале падари кӯдак бо телефон гуфт, ки маро интизор шав ва худам ба бемористон мабарам. Дар ҷои ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсол буд ва ман ҳар сеи онҳоро наҷот додам”,– нақл кард қаҳрамони мо аз ҳодисаи рухдода.

Муҳоҷире ки дар Русия кӯдаконро аз саг наҷот дод
Шокирҷон Раҳматов (аз чап)

Раиси шаҳри Калуга Шокирҷон Раҳматовро барои ин шуҷоаташ қадрдонӣ кардааст. Ӯ гуфт аз дасти раиси шаҳр танҳо ифтихорнома гирифтам.

Шокирҷон Раҳматови 41-сола аз тоҷикони Ӯзбекистон аст ва ҳамроҳи оилааш дар маҳаллаи Лутфкори ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Давоми 10 сол аст, ки Раҳматов ба муҳоҷират рӯ овардааст ва дар шаҳри Калуга такси меронад.

Ёрии аввал намебуд ба ҳалокат мерасид. Ҷавони тоҷике, ки нафареро аз марг наҷот дод

Рӯзи 18-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он дида мешавад, як ҷавон ногаҳон аз ҳуш меравад ва як ҷавони дигар ба ёрии ӯ мешитобад.

@your_tj В Москве таджикистанец спас россиянина от смерти. По данным «Парвиз ТВ», в одном из московских супермаркетов россиянин внезапно потерял сознание. Первую медицинскую помощь до приезда скорой помощи ему оказал уроженец Душанбе по имени Хабиб. Прибывшие на место сотрудники МЧС заявили, что молодой человек мог погибнуть, если бы ему вовремя не оказали первую помощь. #россия #скораяпомощь #мигранты #спасение #таджикивроссии #инцидент #перваяпомощь #помощь #случай #новости #события #происшествия #Таджикистан #центральнаяазия #мир #yourtj @Your.tj ♬ оригинальный звук – Your.tj

Гуфта мешавад, ҷавони азҳушрафта шаҳрванди Русия будааст ва ҳодиса дар яке аз марказҳои савдои Москва рух додааст. То расидани мошини ёрии таъҷилӣ ба ӯ зодаи шаҳри Душанбе бо номи Ҳабиб ёрии аввалия расонидааст.

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд, гуфтаанд, ки агар сари вақт ба ӯ ёрии аввал расонида намешуд, ҷавон ба ҳалокат мерасид.

Гурӯҳи ҷавонони тоҷик, ки дар Русия як сӯхторро хомӯш карда, занеро наҷот доданд

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхторе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, ҷавонони тоҷик онро хомӯш карда, инчунин занеро аз оташ наҷот додаанд.

@your_tj Ҷавонони тоҷик занеро аз оташ наҷот доданд. Дар шаҳри Челябински русия сӯхтор сар задааст, ки зане ба кӯча баромада, ба кӯмак даъват кардааст. Чанд нафар ҷавонони тоҷик овозро шунида, ба кӯмак шитофтаанд. Онҳо то омадани оташнишонҳо сӯхторро қариб хомӯш кардаанд ва роҳи паҳншавии онро ба дигар хонаҳо гирифтаанд. #Тоҷикистон #хабар #видео #ток #тикток #рек #россия #мир ♬ оригинальный звук – Your.tj

Сӯхтор дар шаҳри Челябински Русия сар задааст ва зане ба кӯча баромада, одамонро ба кӯмак даъват кардааст.

Чанд нафар ҷавонони тоҷик овозро шунида, ба кӯмак шитофтаанд. Онҳо то омадани оташнишонҳо сӯхторро қариб хомӯш кардаанд ва роҳи паҳншавии онро ба дигар хонаҳо гирифтаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend