Муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷиро барои паҳн кардани “фейкҳо” оиди амалиётҳои артиши Русия ба ҷавобгарӣ мекашанд

Ба Кодекси ҷиноии Русия барои муҷозоти паҳнкунандагаони маълумоти бардурӯғ дар бораи амали низомиён ва бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва даъват ба таҳримҳо ба муқобили Русия моддаҳои нав ворид карда шуданд. Шуруъ аз 5 – уми март ин қонун эътибор пайдо кард.

Чӣ ҳодиса рух дод?

Рӯзи 4 март қонун дар бораи ҷавобгарӣ барои паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи амалҳои низомиёни Русия, бадном кардани артиш ва даъвати таҳримҳои зидди Русия  қабул шуд.

Рӯзи 5 март онро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кард. Ва ӯ эътибор пайдо кард.

Ин чӣ гуна тағйирот аст?

Ин ислоҳот ба таври фаврӣ баъд аз паҳн шудани иттилоъ дар бораи амалкарди артиши Русия дар Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо сурат гирифт, ки ба гуфтаи мақомот, ба воқеият мувофиқат намекунад.

Вакилон карор доданд, ки барои ин чавобгарии маъмурй ва чиноятй чорй карда шаванд. Дарвоқеъ, ин лоиҳа ҳанӯз дар соли 2018 муаррифӣ шуда буд, вале баъдан рад карда шуд ва ҳоло он навсозӣ ва зуд бо муҳтавои дигар пазируфта шуд.

Акнун нашри матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи теъдоди қурбониён, асирафтодагон, тирпарронӣ бидуни тасдиқи расмии вазорати дифоъ ё расонаҳои расмӣ метавонад маълумоти бардурӯғ дониста шавад.

Дар кадом ҳолат ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд?

Дар ҳолати оммавӣ кардани маълумоте, ки ба бадном кардани низомиён нигаронида шудаанд ва даъватҳои оммавӣ барои пешгирӣ кардани истифодаи артиш. Яъне плакати «Нет войне» низ метавонад ба ин банд дохил шавад.

Ҷаобгари барои шаҳрвандон ва ташкилотхо, аз чумла хориҷиён пешбинӣ шудааст.

Гумонбарони ин ин гуна ҳуқуқвайронкунӣ тибқи ду моддаи Кодекси маъмурӣ – м. 20.3.3 ва 20.3.4 Кодекси маъмурии ҳуқуқвайроникунии Федератсияи Русия ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Барои шаҳрвандон, ҷарима аз 30 то 100 ҳазор рубл, барои ширкатҳо ва мансабдорон то 1 миллион рубл пешбанӣ шудааст.

Дар кадом ҳолат ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд?

Ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолате ба миён меояд, ки агар нисбати шахс қаблан парвандаи маъмурӣ боз шуда бошад ё  ҷиноят дар ҳолатҳои вазнинкунанда содир шуда бошад.

Онҳоро метавонанд тибқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ  207.3, 280.3 ва 284.2-и ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Моддаи 207.3 “Дар бораи барқасдона паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия бо мақсади ҳифзи манфиатҳои Русия ва шаҳрвандони он”. Ҷазо тибқи ин модда ба мўҳлати аз 10 то 15 соли (дар сурати сар задани оқибатҳои вазнин) зиндон мебошад. Илова бар ин, додгоҳ метавонад аз 700 то 1,5 миллион рубл ҷарима, то як сол корҳои ислоҳӣ ва то се сол кори маҷбурӣ таъин кунад.

Моддаи 280.3 «Амалҳои оммавӣ, ки ба бадном кардани истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи РФ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои Федератсияи Русия ва шаҳрвандони он, ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ нигаронида шудаанд». Ҳадди ақали ҷазо барои ин ҷарима аз 100 то 300 ҳазор рубл ва ё то 5 сол зиндон хоҳад буд.

Моддаи 284.2 “Даъват ба ҷорӣ намудани чораҳои маҳдудкунанда нисбат ба Федератсияи Русия, шаҳрвандони Федератсияи Русия ё шахсони ҳуқуқии Русия”. Барои даъват ба давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалӣ барои ҷорӣ кардани таҳримҳо то 500 ҳазор рубл ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо ҷаримаи ҳамзамон то 200 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.

То имрӯз ягон нафарро тибқи модаҳои нав ба ҷавобгарӣ кашиданд?

Додгоҳи Кемерово рӯзи 6 март як сокини маҳаллиро бо иттиҳоми бадном кардани истифода аз артиши Русия (қисми 2 моддаи 20.3.3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) 60 ҳазор рубл ҷарима кард. Нашрияи Кемерово NGS42 менависад, ки сабаби парвандаи маъмурӣ даъват ба амалиёти зиддиҷангист.

Ба ҷуз аз ӯ, рӯзи 6 март дастикам ду нафари дигар низ тибқи ин модда ҷарима гирифтанд, хабар медиҳад тарҳи “Озодиҳои шабакавӣ”. Яке аз онҳо сокини Кострома буд, ки дар арафаи як пикет бо овезаи “Ин ҷанг як амалиёти вижа барои андозҳои шумост, аммо мо барои табобати кӯдакон паёмак ҷамъ мекунем” баромад. Вай ба маблаги 30 хазор рубл ҷарима  шуд.

Хориҷиён низ ҷазо мегиранд?

Қонуни қабулшуда на танҳо ба шаҳрвандони Русия, балки ба хориҷиён низ дахл дорад.

Александр Хинштейн, раиси Кумитаи иттилооти сиёсии Думаи давлатии Федератсияи Русия ба хабарнигорон гуфт, ки “қонун ба ҳама шаҳрвандон дахл дорад, на танҳо Русия.”

Эҳтимол, вай онҳоеро дар назар дошт, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд. Ба ин гурӯҳ донишҷӯёни хориҷӣ, муҳоҷирони корӣ ва дигар категорияҳои шаҳрвандон дохил мешаванд.

“Фейк” –ҳоро чӣ гуна мекобанд?

Парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ оид ба “фейкҳо” бештар барои нашри матлабҳоҳо дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмҳо дар мессенҷерҳо оғоз мешаванд. Сабаби ҷалб метавонад паёмҳо ва репостҳои аслӣ, паёмҳои овозӣ дар мессенҷерҳо бошанд.

Skip to toolbar