Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия барои қисме аз мардуми тоҷик ҳаётан муҳим мебошад. Чун вазъи зиндагии онҳо аз фаъолияти кориашон дар Русия вобастагӣ дорад. Тоҷикон то хуруҷи бемории коронавирус низ дар ин кишвар мушкилоти зиёде доштанд. Баъд аз эълон шудани карантини сарторсарӣ дар ин мулк кору зиндагии муҳоҷирон ба куллӣ тағйир ёфт.
Ҳолату кору зиндагии ҳар як муҳоҷири тоҷик дар давраи пандемия дар минтақаҳои Русия гуногун аст, қисме аз онҳо бекору бе маблағ монда, қисме дигар бемор, як гуруҳашон бо парвозҳои махсус ба ватан баргаштанд. Зеро ҳар як рӯзи бекорӣ барои муҳоҷир бар зарари ӯ меанҷомад. Бинобар ин мехоҳем оиди зиндагии Муслиҳиддин Худойбердиев, ки ӯ низ бо амри тақдир ба сафи артиши муҳоҷирони тоҷик пайвастааст ва карантини сартосарӣ ба фаъолияти ӯ низ таъсири худро расонидааст, ба шумо нақл кунем.
Аз Дубай то Маскав дар ҷустуҷӯи кор
Муслиҳиддин Худойбердиев 23 – сол дорад ва тӯли 3 сол аст, ки барои дарёфти қути лоямут ба Русия барои кор рафта меояд. Ӯ ягона писари хонадон мебошад, яккаписарӣ ӯро бештар водор кард, то роҳ сӯйи муҳоҷират гирад.
“Ман пеш аз хатми мактаб ду роҳро барои оянда интихоб кардам, якум – дар яке донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилро идома додан ва дувум – сафар ба Дубай барои кори муносиб ёфтан”, – мегӯяд, Муслиҳиддин.
Вазъияти иқтисодии оила ӯро водор кард, ки роҳи дуюмиро интихоб кунад. Моҳи октябри соли 2017 бо гирифтани раводиди сайёҳии якмоҳа ӯ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб рафт ва то моҳи ноябр онҷо ҷӯёи кор буд. Дар муассисаҳои АМА чунин қоида ҳаст, ки то 15 – рӯз корҷӯён аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд ва пас аз он ба кор қабул мешаванд. Мушкилоти визаро корфармо пас аз қабул кардани коргар ба муҳлати ду сол омода мекунад. Аммо ба Муслиҳиддин бинобар маҳдуд будани вақт муяссар нашуд, то ҷое кор ёбад.
Баъд аз тамомшавии муҳлати раводид Муслиҳиддин бинобар пӯшонидани масрафҳои молии харҷкардааш роҳ сӯи Маскави Русия пеш гирифт.
Бо пули қарз ба Русия
Муслиҳиддин мегӯяд, вақте ба Маскав омад дар кисааш ҳамагӣ сӣ доллари амрикоӣ пул дошт ва ҳатто билети ҳавопайморо низ бо пули қарз гирифта буд. Пас аз чад рӯзи ҷустуҷуву саргарониҳо ба Муслиҳиддин муяссар мешавад, ки дар мағозае кор пайдо намояд. Вале он ҷо низ тақдир ба ӯ намехандад ва бинобар сабаби баъзе нофаҳмиҳо бо роҳбари мағоза ӯро аз кор пеш мекунанд.
Муслиҳиддин боз дар ҷустуҷӯи кор мешавад ва дар охир ба хулосае меояд, ки дар яке аз нуқтаҳои савдои шаҳр дӯконеро ба иҷора гирифта, ба савдогарӣ машғул шавад. Ӯ аз ёру дӯстони худ қарз гирифта ба савдо машғул мешавад. Муслиҳиддин дар мағоза фурӯши мағзу мавиз, мухашшару чормағз, бодому писта, меваҳои хушккардашуда, асалу хурмои арабӣ ва дигар маҳсулотро ба роҳ мемонад. Маҳсулотро аз бозорҳои марказӣ, ки аксарияташон аз Тоҷикистон содирот мешаванд, харидорӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд: “Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро барои фаъолият дар мағоза дуруст кардам, ҳатто хариду фурӯш бо тариқи корти элекронӣ ва додани расид сурат мегирифт. Бинобар пурра риоя кардани қоидаҳои ҷорӣ ҳангоми фаъолият, зимни тафтиш мақомот камбудие намеёфтанд. Аммо кор инҷо низ зиёд тӯл накашид ва бинобар кушодашавии як маркази савдои нав дар наздикии дӯкони ман маҷбур шудам мағозаро ба фурӯш монам. Зеро рақобат бо мағозаи бузург боиси муфсилшавиам мегардид. Аммо зарар накардам, чун бо нархи гарон дӯконро харидорӣ карданд”.
Карантин мушкилотро дучанд кард
Пас аз оғози карантин печидагии мушкилоти муҳоҷирон дучанд шуд ва ёфтани ҷойи кор низ барояшон хеле душвор буд.
“Вақте карантин оғоз шуд, рафтуомади байни шаҳрҳо баста, кормандони муассисаву корхонаҳо ба рухсати меҳнатӣ, фаъолияти нақлиёт пурра қатъ шуд, ҳатто автобус ва метро дар як рӯз дар ду вақт, саҳарӣ ва бегоҳӣ ҳаракат мекард. Гашту гузори бидуни зарурат дар кӯчаву хиёбонҳо пурра манъ шуд. Агар шахсе талаботи ҷории замони карантиниро риоя намекард, ҷарима карда мешуд. Хулоса вазъияти бе ин ҳам бади мо муҳоҷирон дар замони пандимеяи коронавирус дучанд гардид”, – иброз медорад, Муслиҳиддин.
Муслиҳиддин дар замони карантин низ бо машаққатҳои зиёд илоҷе карда дар ширкати “Яндекс Еда” ба ҳайси боррасон (доставщик) ба кор даромад, ки дар он вақт ёфтани кор барои ҳар кас муяссар намегардид. Дар вақти карантин расонидани хӯрокҳои фармоишӣ аз ошхонаву тарабхонаҳо кори осон ва муносибе буд. Кори боррасон тариқи барномаи махсуси телефонӣ ва харитаи электронӣ сурат мегирад. Аз коргар танҳо ҷаққонӣ ва донистани суроғаи кӯчаву хиёбонҳои минтақааш муҳим аст.
“Бо дучарха барои сокинони дар хона нишастаи Маскав хӯрокҳои фармоишиашонро мерасонидам. Дар замони карантин бе корти махсуси иҷозатӣ ба кӯча баромадан манъ буд. “Яндекс Еда” ба мо корти иҷозатиро дода буд ва барои гаштугузор мушкиле надоштем. Ҳама бо ниқоб хизмат мерасонидем, кӯчаҳои Маскав холӣ аз анбуҳи одамон буд. Аз тарси воҳимаи вирус сокинон ҳама дар хонаҳои худ буданд. Дар қисми бегоҳ як-ду соат боррасонӣ мекардам ва моҳонаам миёна буд”, – нақл мекунад, Муслиҳиддин Худойбердиев.
То маблағи туйро кор накунам барнамегардам
Муслиҳиддин дар иҷора ҳамроҳи ҳамватанон истиқомат мекунад. Ӯ меафзояд, ки то бекор кардани марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо қисме аз ҳамхонаҳои ӯ дар хона бекор мехобиданд ва пас аз бекор шудани маҳдудиятҳо аксари онҳо кор ёфтанд. Умуман ба фаъолияти пурра шурӯъ кардани аксари муассисаҳои хизматрасонӣ имкониятҳои навро барои муҳоҷирон ҷиҳати дарёфти ҷойҳои корӣ фароҳам овард.
Худойбердиев низ дар қатори дигар муҳоҷирон ҷойи кори беҳтаре ёфта, онҷо ба фаъолият шурӯъ кард. Зеро маблағи кори пештарааш барои харҷи моҳонааш мерасиду тамом. Ҳоло ӯ дар як ширкат ба ҳайси ронанда-боркашон кор карда истодааст. Дар кори ҳозираи худ Муслиҳиддин дар як рӯз зиёда аз 3 ҳазор рубли русӣ музд мегирад.
Айни замон орзуи ягонаи Муслиҳиддин ин пасандоз намудани маблағ ва баргашт ба Ватан мебошад. Ӯ мехоҳад оила барпо намояд, то орзуи падару модари худро амалӣ гардонад. “Ман тибқи нақшаи пешакиам бояд то охири соли 2020 инҷо монам, зеро нақшаи бунёди хона ва оиладор шудан амалӣ шаванд. То маблағи туйро кор накунам ба хона барнамегардам”. – афзуд, Муслиҳиддин.
Нуралӣ Карим