Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав навраси 10-солаеро, ки дар релси метро афтидааст, наҷот дод, дар ин бора сомонаи русии MK.ru хабар медиҳад.
Хонандаи синфи 4 Максим (ном иваз шудааст) рӯзи 13 – уми март ҳангоми аз курси касбомӯзӣ баргаштан ба истгоҳи метрои Багратионовская медарояд ва бо роҳи доимӣ ба суи ноҳияи Сокольникий равона мешавад (дар давоми нӯҳ моҳ ӯро падараш аз мактаб ба хона мебурд).
Ҳамагӣ се моҳ пеш волидайн ба хонанда иҷозат дода буданд, ки мустақилона ба омӯзиш рафта биеяд. Ҳолати ногувор ҳангоми ивази нақлиёт дар истгоҳи метрои “Библиотека имени Ленин” рух додааст.
Яке аз мусофирони метро ба хабарнигорон гуфтааст, ки як марди зоҳиран осиёӣ кӯдакро ба болои платформа баровардааст. Маълум шуд, ки наҷотдиҳанда марди 40-солае аз Тоҷикистон будааст.
Наврасро ба беморхона бурда, ба шӯъбаи эҳё бистарӣ карданд. Вазъияти бемор вазнин аст – гурдааш дарида аст.
Наҷотдиҳандаи ӯ, зодаи Тоҷикистон, маҷбур шуд, ки бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ суҳбат кунад. Мард асли воқеаро муфассал нақл кардааст. Ӯ мушоҳида кардааст, ки чӣ тавр кӯдак канори платформаро надида афтидааст.
Худи қаҳрамон бист сол боз дар Маскав зиндагӣ мекардааст ва аз ҳисоби кор дар сохтмонҳо ва таъмиру тармим рӯзгорашро пеш мебарад. Аммо ҳоло ӯ бекор будааст.
Ин аввалин қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик нест, онҳо чандин маротиба ҷони худро дар хатар монда кӯдакон ва калонсолонро наҷот додаанд.
Соли 2019 гуруҳи муҳоҷирон аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шаҳраки Яблоновскийи Ҷумҳурии Адигеяи Русия, навраси 13-соларо аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Онҳо дар сохтмоне дар наздикии рӯдхона машғули кор буданд ва садои кумакхоҳии кӯдакро шнидаанд ва зуд барои наҷот шитофтанд.
Ҳамчунин 22 августи соли 2018 як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар деҳоти наздики Маскав, як кӯдакро аз ҳамлаи саги зоти Ротвейлер наҷот додаанд. Настяи 11 сола дар кӯча бо дӯсташ қадам мезадааст, ки ногоҳ аз паси девори саги калон баромада ба духтарак ҳамла мекунад.
Ин ҳангом якчанд муҳоҷири тоҷик дар ҳамон наздикӣ ба кор машғул буданд, ки садои кӯдакро шунида ба ёрӣ мешитобанд. Дилшод ном муҳоҷире ба пушти саг, ки аз гӯлӯи кӯдак дошта буд, се маротиба бо бел мезанад. Саг аз зарби бел мегурезад. Муҳоҷирон ба кӯдак то омадани ёрии таъҷили ёрии аввалинро мерасонанд ва кӯдакро ба мошин бор карда ба роҳ мебароянд, духтуронро дар роҳ вохӯрда кӯдакро ба онҳо медиҳанд. Духтурон ба бибии кӯдак гуфтаанд, ки Худо ба Настя ҳаёти дубора бахшидааст.
Муфасалтар дар бораи чунин қаҳрамониҳои муҳоҷирони тоҷик дар ин линк бихонед.