Муҳоҷири тоҷик дар Москва сӯхтори мошинро хомӯш кард

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Москва қаҳрамонона сӯхтори як мошини сабукравро хомӯш кардааст. Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Ҳодиса 24-уми апрел рух додааст. Шаҳрванди Тоҷикистон Отабек Мадраҳимов, корманди хоҷагии коммуналии “Хорошёво Мневники” дар яке аз шоҳроҳҳо шоҳиди оташ гирифтани нақлиёти сабукрав мешавад.

“Бо гумони он, ки эҳтимол дар дохили мошин одамон бошанд, ӯ новобаста ба хатари таркиш, далерона вориди амал шуда, оташро фурӯ нишондааст”,- менависад манбаъ.

Дар суҳбати телефонӣ бо ӯ гуфтааст, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овард.

“Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”.- таъкид намудааст Отабек.

Намояндагӣ аз ҷасорату фидокории Отабек Мадраҳимов изҳори сипос намуда, рафтори ӯро намунаи ибрат арзёбӣ кардааст.

Се моҳ пеш як зодаи дигари Тоҷикистон Бахтиёр Исмоилов, дар вилояти Москва духтараки 11-моҳаро, ки дар роҳ бе либоси зимистона танҳо монда буд, наҷот дод. Бахтиёр дар як ширкати интиқоли ғизои тайёр кор мекард ва ҳангоми аз кор баргаштан дар роҳ кӯдакро мебинад.

Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ таваққуф кард, духтарро ба мошин даровард, ба матоъ печонид, ба ёрии таъҷилӣ ва полис занг зад.

Skip to toolbar