Муҳоҷири тоҷик дар Москва ба ҳалокат расид

Муҳоҷири 19-солаи тоҷик дар Москва ба ҳалокат расид

Як муҳоҷири тоҷик дар Москва аз ошёнаи 25-уми сохтмоне ба замин афтода, ҷон бохтааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҳоҷимурод Азимови 19 сола рӯзи 29-уми август ҳангоми кор аз баландии ошёнаи 25-ум афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ӯ сокини ноҳияи Ҷайҳун буд ва дар яке аз сохтмонҳои минтақаи “Люблино” кор мекард.

Пайвандонаш гуфтаанд, Ҳоҷимурод як сол пеш барои кор ба Москва рафта, корро дар сохтмони “Люблино” ҳамагӣ 2 рӯзи пеш оғоз карда буд.

Наздикони муҳоҷири фавтида барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон аз шахсони хайрхоҳ кӯмак хостаанд.

Skip to toolbar