fbpx

Муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия 40 фоиз афзудааст

Дар семоҳаи аввали имсол 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Русия рафтаанд, ки нисбат ба соли гузашта 40 дарсад бештар аст.


0
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия
Акси марбута аз интернет

Наздики 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазор нафар ё 40 дарсад бештар аст. Хадамоти федеролии омори давлатии Русия дар ин бора хабар медиҳад.

Тибқи ин нишондод Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Аз Ӯзбекистон дар ҳамин давра беш аз 630 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 72 дарсад ё 264 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (тақрибан 35 ҳазор нафар) низ ба панҷгонаи таъминкунандагони қувваи кории аслии Русия дохил шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, беш аз 516 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафҳои мухталиф (тиҷоратӣ, сайёҳӣ, хусусӣ, таҳсил, сафарҳои транзитӣ ва ғайра) ба қаламрави Русия ворид шуданд.

Аксари онҳо (тақрибан 364 ҳазор нафар) ба қаламрави Русия тавассути нақлиёти ҳавоӣ, 130 ҳазор нафар тавассути автомобил, беш аз 16 ҳазор нафар тавассути роҳи оҳан, 4 нафар тавассути нақлиёти обӣ ва ҳудуди 7 ҳазор нафар пиёда (масалан, тавассути сарҳади Қазоқистону Русия. –идора) рафтаанд.

Тибқи омори Русия, дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Русия шудаанд, ки ҳадафи сафари худро “кор” қайд кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст. Дар семоҳаи аввали соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 840 000 хориҷӣ марзро убур кардаанд.

Соли 2022 ҳудуди 3,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ барои кор вориди Русия шудаанд, ки ҳудуди 987 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирати корӣ ба Русия яке аз сарчашмаҳои асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мемонад.

Мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумот ба расонаҳо дар бораи интиқолҳо худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.

Соли 2021 маблағи интиқоли муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 21% ММД-и ҷумҳурӣ баробар буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend