fbpx

Муҳоҷирати дохилии занон. Чӣ тавр холаи Зуҳро аз талбандагӣ ба савдои кӯчагӣ рӯй овард

Зуҳро дар ҳаёти худ ду маротиба шавҳар мекунад, аммо зиндагиаш ноком мешавад. Баъдан ӯ маҷбур мешавад, ки аз Кӯлоб ба Душанбе муҳоҷират кунад.


0

Зуҳро Раҷабова аз шавҳари аввалааш як писар ва як духтар дорад. Айни замон фарзандонаш ҷудо аз ӯ зиндагонӣ мекунанд: яке дар мактаб-интернат ва дигарӣ дар хонаи амакаш. Худи Зуҳро дар шаҳри Душанбе иҷоранишин асту ба савдои кӯчагӣ машғул мебошад. Ӯ умед дорад, ки рӯзе соҳиби хонаи шахсӣ мешаваду фарзоданашро наздаш меорад.

Ӯ  аз зиндагии пурпечу тоб, ҷудоӣ аз фарзандон, таънаву маломати янгаву бародарон ва нокомӣ аз ду издивоҷи худ ба Your.tj қисса кард.

“Духтарро чиву хонданаш чӣ”

Зуҳро Раҷабоваи 46 сола зодаи деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ аз кӯдакӣ ба хондан завқи зиёд дошт ва орзуи муаллима шуданро дар қалби кӯчакаш мепарварид. Аммо пас аз хатми мактаб падар ва бародаронаш барои идома додани таҳсилаш монеагӣ мекунанду мегӯянд: “духтарро чиву хонданаш чӣ”. Ягона нафаре, ки Зуҳроро тасалло медиҳад модар буд. “Духтарҷон, ҳоло дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, рафтани ту ба марказ хеле хатарнок аст. Каме тоқат кун, пас аз тамом шудани ҷанг таҳсилатро идома медиҳӣ”.

Ҳамин тавр Зуҳро бе маълумоти олӣ мемонад. Ӯро волидон дар 25-солагиаш  ба шавҳар медиҳанд. Тавре холаи Зуҳро мегӯяд, новобаста аз он ки бо шавҳараш дар хонаи иҷора мезистанд, зиндагиашон хуб буд. Аммо шавҳараш аз бемории нобаҳангом вафот мекунад.

“Дар Душанбе зиндагии хубе доштем. Аз ҳисоби мардикории шавҳарам рӯзгорамонро пеш мебурдем. Аммо, соли 2013 вазъи саломатии шавҳарам якбора бад шуд ва ӯ ба бемории фалаҷ гирифтор шуд, – бо алам нақл кард, холаи Зуҳро. – Ӯ пас аз муборизаҳои зиёд натавонист, ки ба ин беморӣ пирӯз шавад ва бо гузашти чанд муддат вафот кард”.

Зуҳро баъди аз даст додани саробони оилааш ноилоҷ аз Душанбе ба шаҳри Кӯлоб бармегардад. Замони баргашти ӯ, аллакай волидон дар қайди ҳаёт набуданд, касе ба ӯ ва ду фарзандаш бо чеҳраи хандон нигоҳ намекард.

Ӯ доимо дар зери таънаи янгаҳояш қарор дошт ва фарзандони бародаронаш бо ду кӯдаки вай муросо намекарданд. Ӯ маҷбур мешавад, ки фарзандонашро гирифта ба маркази шаҳри Кӯлоб барои ҷустуҷӯйи кор равад.

Издивоҷ бо мӯйсафеди 75 сола

Ӯ дар шаҳр ба ошхонае ба кор медарояд. Хурсандии Зуҳроро ҳадду канор набуд, чун ӯ дар шаҳр соҳиби ҷойи кор ва раиси дилраҳме шуд. Азбаски Зуҳро ва кӯдаконаш ҷойи рафтан надоштанд, шабро дар хонаи раис саҳар мекарданд ва кӯдаконаш бошанд аз пагоҳӣ то бегоҳ дар боғ сайругашт мекарданд.

Пас аз чанд моҳи корӣ ошхона баста мешавад ва Зуҳро тасмим мегирад, ки ба шавҳар барояд, то ки фарзандонаш сарпаноҳе дошта бошанд. Наздиконаш ӯро бо як мӯйсафеди 75 сола аз ноҳияи Восеъ хонадор мекунанд. Вале тақдир ин дафъа низ ба рӯйи Зуҳро намехандад ва пас аз се моҳи зиндагӣ мӯйсафед вафот мекунад. Пас аз вафоти мӯйсафед фарзандони ӯ Зуҳроро бо кӯдаконаш аз хона пеш мекунанд.

“Ман аз ночорӣ барои издивоҷ бо мӯйсафед розӣ шуда будам. Мехостам аз таънаи янгаву бародаронам халос шавам. Афсӯс, ки тақдирам аз азал шӯр будааст ва мӯйсафед низ пас аз се моҳи издивоҷамон вафот кард”, – бо алам нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Аз Кӯлоб ба Душанбе

Пас аз ин ҳодиса Зуҳроро бародараш ҳамроҳи худ аз Кӯлоб ба Душанбе меорад. Бародари Зуҳро дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Акнун Зуҳроро лозим буд, ки роҳи зиндагиашро худаш ёбаду фарзандонашро ба воя расонад. Аз тарси сарбории бародар нашудан Зуҳро ба ҷустуҷӯйи кор мебарояд, аммо касе ӯро ба кор қабул намекунад. Баъдан ӯ маҷбур мешаваду ба талбандагӣ рӯй меорад.

“Хеле изо мекашадам, аммо ба хотири фарзандонам ин корро мекардам, то таънашунавӣ янгаву тағо набошанд. Баъдан дидам ки одамон дар кӯчаҳо ҷуворимакка, мевагӣ ва ҳар гуна маҳсулотро ба фурӯш гузоштаанд. Аз маблағи ҷамъ кардаам каме донаи офтобпараст, кукуруз ва нос харида дар сари роҳ савдо кардам, корам пеш рафт. Он чунон хушбахт будам, ки дигар виҷдон азобам намедоду шарм ҳам намедоштам”, – нақл мекунад, холаи Зуҳро.

Орзуи соҳиби хонаи истиқоматӣ шудан

Ҳоло қаҳрамони дар сари роҳи маҳаллаи 63 – юм (маъруф ба Автосентр) ба фурӯши ҳар гуна маҳсулот машғул аст. Ӯ алакай хонаи иҷораи худро дорад, ки моҳона 400 сомонӣ месупорад. Холаи Зуҳро дар як рӯз 20 – 50 сомонӣ савдо мекунад, ки бо он базӯр аробаи зиндагиашро мекашонад. Ӯ аз он афсӯс мехӯрад, ки дур аз фарзандонаш зиндагӣ дорад. Ҳоло писараш дар мактаб интернати шаҳри Кӯлоб аст, духтараш бошад дар шаҳри Турсунзода дар хонаи амакаш зиндагӣ мекунад.

Худи холаи Зуҳро ба гармиву сардӣ нигоҳ накарда савдо мекунад, то маблағе ба даст биёрад. Як қисми маблағро ба писараш ва як қисмашро ба духтараш равон мекунад, то онҳо набудани падару модарро эҳсос накунанд.

 “Як қисмати ками маблағи меёфтаамро ба умед пасандоз мекунам, то хона харида рӯзе фарзандонамро ба наздам орам. Аммо бо пули ба даст меовардаи ман харидани хона хеле мушкил аст. Оилаи ман танҳо дар таътилҳои тобистона сарҷамъ мешавад. Фарзандонамро дар вақти таътил ба назди худ меорам ва ё баъзан ба хабаргириашон меравам”,- мегӯяд холаи Зуҳро.

Холаи Зуҳро аз он дар ҳарос аст, ки фарзандонаш бе маълумоти олӣ намонанд. Ӯ мехоҳад, ки фарзандонаш хонанду маълумоти олӣ гиранд, то ки дар зиндагӣ мисли худаш азоб накашанд.

“Дурӣ аз фарзандонам бароям хеле мушкил аст, вале бояд фикри ояндаи онҳоро кунам. Ҳоло вақти хонданашон аст. Ман ҳар субҳ аз соати 7-и пагоҳӣ то 19-и шом савдо мекунам. Агар онҳоро биёрам касе нест, ки рӯзи дароз назораташон кунад. Онҳо бояд хонанд, то ки оянда мисли ман нашаванд”, – ашки чашмонашро бо нӯги рӯймол поккунон, гуфт холаи Зуҳро.

Имсол писари холаи Зуҳро Ҷумъахон ба синфи шашум гузашт, ӯ дар мактаб – интернат бо баҳои аъло таҳсил мекунад ва имсол хонандаи соли мактаб-интернат шудааст.

“Аз пешравии фарзандонам хеле шодам, ҳар гоҳе ба интернат ба хабаргирии Ҷумъахон равам муаллимонаш таърифаш мекунанд, сари ман ба осмон мерасад. Духтарам низ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад. Маълум аст, ки амакаш нисбати хонданаш сахтгир аст. Акнун ягона орзуи ман соҳиби хонаи истиқоматӣ шудан аст, то ки фарзандонам ҳамроҳам бошанд”, – гуфт дар охир, холаи Зуҳро.

Нашрияи маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Your.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend