Муҳоҷир-гуманист. «Шумо наҷотбаши моед!» Қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Миннатдории падари кӯдаке, ки Дилшод аз ҳамлаи саги Ротвейлер дар соли 2018 наҷоташ дод. Аз чап ба рост: Дилшод, падари духтарча ва худи ӯ. Акс аз сомонаи Asia tv

Имрӯз рӯзи ҷаҳонии муҳоҷир аст, ки миллионҳо тоҷикон ин унвонро доранд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон зиндагии худро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ пеш мебаранд. Муҳоҷирон дар кишварҳои бегона бо машаққатҳои зиёд кору зиндагӣ мекунанд, то ки оилаи худро таъмин намоянд. Дар баробари машаққату кори ҷисмонии ин инсон буданро фаромӯш намекунанд.

Имрӯз рӯзи ҷаҳонии муҳоҷир аст, муаллифи Your.tj  Малика Сафарзода маводеро оиди қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия омода намудааст.

Наҷоти сокинони бино аз сӯхтор

Ду ҷавони зодаи Тоҷикистон аввалҳои моҳи декабри соли 2020 дар сӯхтори як бинои 12 ошёнаи шаҳри Санкт- Петер-Бург сокинони биноро наҷот доданд. Сӯхтор дар яке аз хонаҳои ин бино рӯй дода буд. Ҷавонони тоҷик Зариф Ниязов и Фаррух Умаров, ки дар бинои дигар зиндаги  мекарданд, ҳодисаро дида зуд барои ёри мешитобанд.

“Мо ба даромадгоҳи бино давидем, лифт кор намекард, аз тарси он ки мумкин он ҷо кӯдакони хурдсол бошанд, бо зинапояҳо зуд боло шудем”, – мегӯяд Зариф.

Дар ҳамин ҳол ҷавонон ҳамроҳи ҳамсояҳо барои аз таги девораҳо баровардани сокинон кумак карданд. Бо шарофати зудамалии ҷавонони тоҷик, касе дар ин сӯхтор осеб надид.

Муҳоҷирон кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷот доданд

Ду ҷавони тоҷик дар шаҳри Москва субҳи 26 январи соли ҷорӣ то омадани кормандони оташнишонӣ кӯдаконро аз сӯхтор наҷот додаанд. Худи ҷавонони тоҷик низ дар ҳамон бино зиндагӣ мекарданд. “Мо аз кор омада, истироҳат карданӣ будем, ки садои таркишро шунидем. Фирдавс гуфт, ки биё биравем бубинем, ки чӣ гап аст, шояд кумак лозим бошад”, – нақл кардааст Далер.

Далер ва Фирдавс. Акс аз сомонаи Москва.24

Ба гуфтаи падари кӯдакон, ҳангоми сӯхтор ҷавон аз тиреза гуфтааст: “Кӯдакро ба ман диҳед” ва бо зинапояи оташнишонӣ ӯро ба поин фаровардааст.

“Ба тиреза нигоҳ кардам, ки як ҷавоне бо зинапояи оташнишонӣ боло меояд ва гуфт: “Кӯдакро ба ман диҳед”. Духтарамро ба дасти ӯ додам ва онҳо поин фаромаданд. Дар фикри додани писарчаамон будем, ки кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулода расиданд. Онҳо боло баромада, ба ӯ ниқоби кислородӣ бастанд ва ба поин расониданд. Дар пайи онҳо мо ҳам фаромадем. Лозим аст, ки чунин одамон зиёд бошанд. Агар онҳо намебуданд, намедонистам, ки ҳоли мо чӣ мешуд”, – гуфтааст падари кӯдакон ва ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Шумо наҷотбахши моед!

Як моҳ пеш муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Москва гурбаеро наҷот доданд. Наворе, ки дар он ду муҳоҷири тоҷик гурбаи сиёҳеро ки ба болои дарахт баромада, дигар фуруд омада натавонистааст, соҳиби гурба Ярослава бо изҳори сипосу миннатдорӣ дар интернет гузоштааст.

Дар навор Ярослава мегӯяд, ки ба полис ва МЧС муроҷиат кардаст, вале касе ба додаш нарасидааст. Ду ҷавони тоҷик Шодмон ва Абдуллоҷон, ки ногоҳ шоҳиди ин воқеа мешаванд. Ба ин зану духтари хурдсолаш раҳмашон меояду тасмим мегиранд, ки ба онҳо кӯмак кунанд. Абдуллоҷон дастонашро ба ҷои зинапоя медораду Шодмон ба ҳамин восита болои дарахт баромада гурбаро аз он ҷо гирифта ба дасти соҳибаш месупорад.

Акс аз сомонаи metronews.ru

Ин ҳангом кӯдаки зиёде гирди дарахт ҷамъ омада, “герои, герои” гӯён садо мебароранд. Соҳиби гурба низ, ки рафти ҳодисаро ба навор мегирифт, “Шумо наҷотбаши моед! Шумо қаҳрамони моед!”, мегуфту шодиашро канор набуд.

Ярослава наворро дар интернет гузошта гуфтааст, ки: “ Ман ин некиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард! Ман акнун ба амали хайру мӯъҷиза боварӣ ҳосил кардам!”

Наҷоти навраси рус аз ғарқшавӣ

Гурӯҳи муҳоҷирон аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шаҳраки Яблоновскийи Ҷумҳурии Адигеяи Русия  шоми 24- уми июни 2019, навраси 13-соларо аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Дар наворе ки Радиои Озодӣ нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирон барои наҷоти наврас худро ба рӯдхонаи Кубан андохтаанд. Хайём Эгамбердиев, яке аз наҷотдиҳандагон, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар сохтмоне дар наздикии рӯдхона машғули кор буданд ва садои кумакхоҳии кӯдакро  шнидаанд ва зуд барои наҷот шитофтанд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон ду соле пеш дар ҳамин минтақа як зан ва як кӯдакро аз об берун оварда буданд. Ҳарчанд мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия пешниҳод карда буданд, ба онҳо ҷоизаи ҷасорат дода шавад, ба қавли муҳоҷирон, он дар сатҳи гап мондааст.

Наҷоти кӯдак аз зери дандони саг

22 августи соли 2018 як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар деҳоти наздики Маскав, як кӯдакро аз ҳамлаи саги зоти Ротвейлер наҷот додаанд. Настяи 11 сола дар кӯча бо дӯсташ қадам мезадааст, ки ногоҳ аз паси девори саги калон баромада ба духтарак ҳамла мекунад.

Ин ҳангом якчанд муҳоҷири тоҷик дар ҳамон наздикӣ ба кор машғул буданд, ки садои кӯдакро шунида ба ёрӣ мешитобанд. Дилшод ном муҳоҷире ба пушти саг, ки аз гӯлӯи кӯдак дошта буд, се маротиба бо бел мезанад. Саг аз зарби бел мегурезад. Муҳоҷирон ба кӯдак  то омадани ёрии таъҷили ёрии аввалинро мерасонанд ва кӯдакро ба мошин бор карда ба роҳ мебароянд, духтуронро дар роҳ вохӯрда кӯдакро ба онҳо медиҳанд. Духтурон ба бибии кӯдак гуфтаанд, ки Худо ба Настя ҳаёти дубора бахшидааст.

Чӣ тавре ки Дилшод нақл кардааст, ӯ падари шаш фарзанд буда дар ин гуна ҳолатҳо бетараф буда наметавонад.

“Мо ба кор машғул будем, ки ногоҳ садои доду фиғонро шунидем. Саросема ба сӯи садо шитофтем. Вақте расидам саг аз гӯлуи кӯдак дошта буд. Шитобон бо бели дастам ба пушти саг пайдар ҳам зарба задам, ки саг гурехт. Ман худам шаш фарзанд дорам, дар ин гуна ҳолатҳо бетараф буда наметавонам”- мегӯяд наҷотдиҳандаи кӯдак.

Чунин корнамоиҳоро муҳоҷирони тоҷик на як бору ду бор, балки чандин маротибаҳо анҷом додаанд, ки шоистаи таҳсинанд.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия ва интиқоли маблағ ба ватан

Муҳоҷирати тоҷикон ба Русия пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. Шаҳрвандони кишвар бо умеди пайдо кардани кор ва маблағи бештар ба муддати муайян ба Русия мераванд. Тибқи маълумоти департаменти муҳоҷирати Русия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистони 9,5 миллионнафара дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аксари онҳо аллакай шаҳрвандии Русияро низ доранд, зеро қонунгузории ҳарду кишвар душаҳрвандиро иҷозат медиҳад.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар се квартали  соли равон муҳоҷирон ва шахсони алоҳида аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 224 млн доллар интиқол додаанд, ки ҳаҷми интиқолҳо дар соли ҷорӣ дар натиҷаи пандемия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 37% коҳиш ёфтааст (717 миллион доллар).