Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5320.02.2025
Муҳлати ҳабси чор гумонбари асосӣ дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Москва ба бештар аз як моҳи дигар дароз карда шуд.
Суди ноҳияи Басманнийи шаҳри Москва дирӯз, 19-уми феврал дар мурофиаи пӯшида қарор баровард, ки муҳлати боздошти гумонбарон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин – ҳар чор шаҳрвандони Тоҷикистон тамдид гардад. Сабаби тамдиди муҳлати боздошт шарҳ дода нашудааст.
Ҳамлаи террористӣ “Крокус Сити Ҳолл” як сол пеш, 22-юми марти соли 2024 рух дод ва акнун гумонбарони асосии он то 24-уми марти соли 2025 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.
Гуфта мешавад, суд ба дархости вакили дифои Саидакрам Раҷабализода барои тағйири чораи пешгирӣ ҷиҳати анҷоми амалҳои мушаххас, посухи рад додааст.
Муҳлати ҳабсии пешакии гумонбарони аслии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” бори чорум аст, ки дароз карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва 22-юми марти соли 2024 рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ба ҳалока расида, беш за 550 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар пайванд ба ин парванда 20 нафар боздошт шудааст.
Пас аз ин ҳамла, ки гумонбарони асосии он шаҳрвандони Тоҷикистонанд, чанд қонунҳои зиддимуҳоҷиратӣ дар Русия қабул шуда, тафтишу фишор ва ихроҷи муҳоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон афзуд.
Читайте также
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
13 часов назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
15 часов назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
4 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
4 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
6 дня назад