Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:1921.02.2022
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистонро аз мақомаш барканор карданд, дар ин бора ба Your.tj як манбаъ аз вазоратb маориф хабар дод.
Ҳамчунин "Азия-Плюс" низ бо такя ба мабаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон менависад, ки, фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст. Аммо дар ин бора дар сомонаи президент то ҳол иттилоъе нашр нашудааст.
Аз табрикоти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бар меояд, ки ба ҷои Имомзода, Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе вазири нави маорф таъин шудааст.
Барканории Имомзодаро аз мақоми вазири маориф пас аз интиқоди шадид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ҳадс мезаданд.
Президент дар паём, низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзиро сахт танқид карда буд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқодҳои Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ қаблу кардаву гуфта буд, ки он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуданд, воқеиву дурустанд ва онҳо аз пайи ислоҳаш ҳастанд.
2296 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад