fbpx

Монолог аз муҳоҷират. Чӣ тавр журналисти тоҷик ба муҳоҷират рафту ба “муҳоҷир-шикор” дучор шуд

Журналисти тоҷик Эмомалӣ Сайидзод дар бораи муҳоҷират ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса кард.


1
1 point
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Эмомалӣ Сайидзод

Муҳоҷират яке аз роҳҳои асосӣ барои пешбурди зиндагии мардуми тоҷик шудааст. Ҳар нафаре, ки кораш дар ватан омад накунад ё музди кам бигирад,  роҳ пеш мегирад ба сӯйи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ. Эмомалӣ Сайидзод, яке аз журналистони ҷавони тоҷик низ соли гузашта маҷбур шуд ба муҳоҷират равад. Ӯ дар 5 моҳи дар Русия буданаш, се маротиба бе асос ба шӯъбаи полис афтида ҷарима шуд, бе кор монд, муздашро надоданд ва ниҳоят маҷбур шуд, то ба ватан баргардад.

Ӯ ба Your.tj  дар бораи муҳоҷират ва аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бекорӣ, тафтишоти беасоси полисони рус ва кори бемузд нақл кард

“Намехостам муҳоҷир бошам”

Аз замони хурдӣ то ин вақт намехостам, ки муҳоҷир бошам, калимаи муҳоҷир умуман бароям ба маънои бад ошно буд. Аммо дар мо ҳар касе бо ҳар роҳу сабабе ҳатман ин шаҳди талхро мечашад. Ҳамагӣ як сол қабл донишгоҳро дар риштаи рӯзноманигорӣ хатм кардам. Аммо, қабл аз ин дар айёми донишҷӯӣ аллакай бо расонаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ мекардам ва матлабҳоям дар онҳо ба табъ мерасид.

Ҳамзамон бо Оҷонсии хабарии “Азия Плюс” низ дар бахши видео ҳамкорӣ мекардам. Кор дар оҷонсӣ хуб буд ва тақрибан 7-8 моҳ кор кардам. Дар ин замон бародари хурдиям, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, хост, ки барои худ лоақал хона ё замини наздиҳавлигӣ бихарад.

Эмомалӣ бо ҳамкоронаш дар Азия плюс

Фикр кардам агар барои муддате ба муҳоҷират равам, метавонам ҳам ба ӯ кӯмак кунам ва ҳам барои худам шояд пасандозе намоям. Бо мусоидати чанд дӯсти муҳоҷирам, моҳи сентябри соли 2021 ба Русия рафтам. Аммо, аз ҳамон аввал бахтам омад накард, парвозам тариқи кишвари севвум буд ва онро дар Татаристон бо чӣ сабабе тақрибан 8 соат боздоштанд. Дар ниҳоят ба фурудгоҳи Домодедовои Москва расидам.

Таҳдиди пулис ва ҷаримаи беасос дар рӯзи аввал…

Дӯстонам маро аз фурудгоҳ гирифтанд ва мебоист тариқи метро ба манзили зисти онҳо мерафтем. Тибқи қавонини Русия ҳар нафаре, ки ба ин кишвар меояд, ӯ барои се рӯз озод аст ва баъди се рӯз бояд ба дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш шурӯъ намояд.

Аммо вақте мо дар назди даромадгоҳи метро расидем, корманди пулис аз ман ҳуҷҷат хост, барояш фаҳмонидам, ки ҳамагӣ чанд соат қабл аз фурудгоҳ берун шудам ва ҳоло ҳуҷҷате дуруст накардаам. Аммо гуфт, ки ин баҳона намешавад ва бояд бо онҳо ба шуъбаи пулис равам.

Дигар илоҷе набуду хосташонро рад кардан имкон надошт, ниҳоят ҳамроҳашон рафтам. Аммо танҳо баъди 8 соати интизорӣ дар шуъба як корманди пулис маро ба утоқи корӣ даъват карду чанд варақ навиштаҷотро пешам гузошт, то ба онҳо имзо гузорам.

Ҳайрон шудам ва пурсидам, ки чаро ман бояд ин ҷо имзо гузорам. Он варақаи ҷарима дар ҳаҷми 500 рубли русӣ буд, таъкидам карданд, ки ҳарчӣ зудтар имзо гузорам, то раҳоям кунанд. Гуфтам, ки ман ҳеҷ қоида ё қавонинеро вайрон накардаам, ки ҷарима шавам ва ман ба ин имзо нахоҳам гузошт!

Аммо корманди асабии паҳлуяш бо қаҳр гуфт, ки  агар имзо накунам  “депортатсия” мекунанд. Аз дӯстонам шунида будам, ки аз дасти пулиси инҳо ҳар коре омаданаш мумкин ва чун аз интизории зиёд хаста шуда будам, имзо кардаму зуд баромадам.

Ноомади кор дар Қрим…

Сипас баъди се рӯз аз Маскав ба Қрим рафтам. Онҷо дар як сохтмон корро оғоз кардам. Тибқи ҳисоби худамон агар сохтмон дуруст идома меёфт, маоши хуб мегирифтем.

Аммо баъди тақрибан 20 рӯзи корӣ комисияе, ки бояд кори ин сохтмонро қабул мекард, аз чӣ сабабе корро напазируфт ва аз онҷо маош гирифта натавонистем. Баъди он ба кори дигар рафтам, он ҷо низ наздики 20 рӯз кор кардам ва ниҳоят тасмим гирифтам, ки ба Маскав баргардам. Тамоми маблағе, ки ба даст овардам онро барои ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳоям сарф кардам.

Кори мувофиқ ёфтан дар Русия хело мушкил аст, намедонӣ чӣ тавр кори хуб пайдо кунӣ ва агар пайдо низ кунӣ, кафолат нест, ба ту маош медиҳанд ё не.

Тамоми ҳуҷҷатҳоям қонунӣ буданд, аммо ман наметавонистам ҷое кори мувофиқ пайдо кунам. Дар ин моҳ аллакай ҳавои Маскав хело сард буд. Пушти дари даҳҳо корхона барои кор мерафтам, тақрибан ҳеч корхонае ба коргар ниёз надошт. Ба ҳамин минвол тахминан якуним моҳ бекорӣ кашидам ва танҳо бо кӯмаки дӯстон зиндагӣ мекардам.

Он замон танҳо ман набудам, ки аз бекорӣ ранҷ мебурдам, балки муҳоҷирони зиёде  бо омадани фасли замистон бекор монданду дар ҷӯстуҷӯи кор буданд. Чизи бадтар ин буд, ки ту кор мекунӣ ё на, бояд маблағи “патент”, ки тақрибан 6 ҳазор рубли аст, супорӣ. Ман бо ҳар роҳу воситае онро месупоридам то пулисҳо агар ҳуҷҷатҳоямро тафтиш кунанд бароям мушкил эҷод нашавад, аммо буданд нафароне, ки маблағ надоштанду пардохт намекарданд.

Шикори ғайрирусҳо дар Маскав…

Рӯзе замони берун шуданам аз даромадгоҳи метро 5-6 корманди пулис назди даромадгоҳ истода буданду танҳо ғайрирусҳоро ба қавли муҳоҷирон шикор мекарданд. Ин амалиёт тақрибан пас аз ҳодисаи кушта шудани хазиначии мағоза аз тарафи муҳоҷирон оғоз ёфт. Дар ин миён ман ҳам аз шикор эмин намондам ва наздам омада, ҳуҷҷатҳоямро барои тафтиш хостанд. Ҳамаашро пешниҳод кардам, аммо исрор карданд, ки ҳоло имкон надоранд ва онро дар шуъба тафтиш хоҳанд кард.

Ман гуфтам, ки фурсат надорам ва ҳуҷҷатҳои маро дар ҳаминҷо тафтиш карда зудтар раҳоям кунанд, аммо бо пулиси миллатгарои Рус мешавад магар баҳс кард?

Ман аллакай аз таҷриба медонистам, ки агар ба шуъба равӣ, хоҳӣ нахоҳӣ туро ҳатман бо иттиҳоме ҷарима хоҳанд кард. Ин навбат ҳам маҷбур шудам ва бо онҳо ба шуъба рафтам. Ин дафъа ман низ хело пофишорӣ кардам, то ҳарчӣ зудтар тафтиш кунанд ва баргардам хона.

Фазои дохили шуъбаи пулиси Русияро оне медонад, ки лоақал соатеро онҷо паси сар кардааст. Ҳар дақиқа муҳоҷирони зиёдро аз кӯчаву хиёбонҳо боздошт карда, ба онҷо меоварданд, якеро бо кадом ҷурме маҳкам мекарданд, дигареро мисли ман ҷарима.

Баъди тақрибан як соат айнан сенарияи пешина такрор шуд. Як полиси дигар даъват кард ва ба пешам чанд ҳуҷҷатеро гузошт, ин навбат барои надоштани ниқоб бояд 500 рубл ҷарима месупоридам.

Аҷобаташ дар он буд, ки ҳамон вақт ман аз сардии зиёди ҳаво ду ниқобро рӯ ба рӯ пӯшида будам. Ман, ки аллакай баъзе аз ҳуқуқҳои худамро медонистам бо онҳо тақрибан ним соат баҳс кардаму ҷаримаашонро насупоридам ва хушбахтона баъди чанде аз ноилоҷӣ раҳоям карданд.

Охирон рӯзи корӣ дар Маскав

Сипас ман дар ширкати Яндекс ҳамчун қосид(курьер) ба кор даромадам. Воқеан ин кор бароям хело писанд буд. Чун реҷааш озод буду вақтҳои холигӣ зиёд дошт. Ман мехостам дар вақтҳои холигӣ аз Русия навору аксҳои ҷолиб омода кунам.

Аммо камбахтона рӯз то рӯз вазъ дар Русия бадтар мешуд. Пулисҳо тӯда тӯда дар хиёбону кӯчаҳо мегаштанд ва фақат муҳоҷир шикор мекарданд. Ин навбат на барои ҷарима, балки тамоми имконотро истифода мекарданд то муҳоҷирони боздоштшударо аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.

Намедонам ин тасмим барои чӣ буд. Аммо дигар гашту гузор дар кӯчаҳо ваҳшатнок шуда буд. Ширкате ки ман дар он кор мекардам, ба писари Собянин шаҳрдори Маскав тааллуқ дошт, ки ба гуфти баъзеҳо мебоист кормандони онро пулисҳо ташвиш надиҳанд.

Аммо ин дар бораи ман нест, рӯзи 17 уми феврал охирин рӯзи кориям буд. Ҳатто охирин фармоише, ки ба ким кудом муштарӣ мебурдам. Ба он хотир охирин мегӯям, ки он рӯз ман ҳам дар “рейд” афтидаму бори севвум ба шӯъбаи пулис бурдандам.

Як шаб дар шуъбаи пулис

Баъди чанде интизорӣ гуфтанд, ки “патент”- и ман дар хазинаи маълумотҳо вуҷуд надорад ва ман то омадани сардорашон дар шӯъба бояд мунтазир бимонам. Ман намедонам чаро яку якбора чунин шуд, чун то ду рӯз пеш тамоми ҳуҷҷатҳоям дуруст буданд.

Ҳар қадар ки исрор кардаму фаҳмонидам, фоидае надошт. Маҷбур шудам шабро дар онҷо саҳар кунам. Он бегоҳ наздики 30 нафар муҳоҷирро ба шуъба оварданд, дар қатори тоҷикон, ӯзбакҳову қирғизҳо низ буданд, ҳамаро ҷарима карда, ҷавоб доданд ба ҷуз ману як ҷавони ӯзбакистонӣ. Ғайр аз ин як ҷавонзани тоҷикро низ дар боздошгоҳи махсус нигоҳ медоштанд. Ӯ алакай чор шабонарӯз аст, ки ин ҷо будааст.

Ҷавонзан бо алам гиря мекард, на барои он, ки ӯро ин ҷо нигоҳ медоштанд, барои он, ки ӯро ихроҷ карданӣ буданд. Мегуфт агар ба Тоҷикистон равад намедонад чӣ гуна зиндагиашро пеш барад. То субҳ аз Худо таввало мекард, ки ихроҷаш накунанд.

Аммо субҳ ӯро кормандони Омон омада бураданд, дигар намедонам тақдираш чӣ шуд.

Субҳ нозири минтақавӣ омаду гуфт, ки маро 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима мекунанд. То нисфирӯзӣ корро кашола доданду баъдан ҷарима карданд.

Акунун дигар аз ҳама ҳуҷҷати даркориям корношоям шуда буд ва дигар имкони кор кардан дар Русия набуд. Фақат метавонистам бо 20-30 ҳазор рубли русӣ бори дигар ҳуҷҷат кунам, аммо дигар дилам намехост ва аллакай аз ҳамон кишвару низомаш дилгир шуда будам.

Тасмим гирифтам аз ҳама хубаш ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардам ва ҳар даромаде, ки онҷо пайдо мекардам агар ҷиддӣ кор кунам дар Тоҷикистон низ пайдо мекунам. Ҳамагӣ баъди се рӯз ман чипта гирифтам ва баргаштам Тоҷикистон.

Қиёси вазъияти муҳоҷирон дар Туркияву Русия

Аз ин пеш соли 2019 замоне, ки дар бахши севвуми донишгоҳ таҳсил мекардам, барои аввалин бор эҳтиёҷоти зиндагӣ маро муҳоҷир кард. Барои 1,5 сол ба Туркия рафтам. Онҷо дар як рестурон ба ҳайси пешхидмат кор мекардам. Надонистани забони мардуми он кишвар ва сарфаҳм нарафтани корашон дар аввал бароям хело сахт буд, аммо оҳиста – оҳиста ба ин ҳама одат кардам.

Дар миёни тақрибан 2 моҳ забони туркиро омӯхтам ва равиши корро низ аз худ кардам. Дар қиёс ба кишвари Русия муомилаи пулиси Туркия беҳтар буд.

Дар Туркия бо арзиши 300 дуллор барои 1 сол ҳуҷҷатҳои будубошамро қонунӣ кардам ва то баргаштан ба Тоҷикистон ҳамагӣ 2 маротиба пулиси он кишвар ҳуҷҷатҳои маро тафтиш кард ва он ҳам бидуни мишкилӣ эҷод кардан.

Ҳарчанд Туркия барои муҳоҷирони меҳнатияш дастмузди кам медиҳад, аммо фазои кориаш озодтару роҳҳаттар аз Русия аст. Баъди баргаштан аз Туркия ки тақрибан қисме аз мушкилоти зиндагиро бартараф кардам, донишгоҳро низ барқарор карда, таҳсилро ба охир расонидам, аммо аз Русия як танга ҳам наовардам. Ин бисёр бад аст, вақте бо ҳазор нияту умед меравӣ ва бо дасти холӣ бармегардӣ.

Вазъият дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатии мо рӯз то рӯз бад шудан дорад ва кору пул ёфтан онҷо сахтар аз он аст, ки дар Тоҷикистон фикр мекунанд.

Ҳоло бо худ мегӯям, ки  ин аввалину охирин муҳоҷирати ман ба Русия буд ва худо кунад, ки дигар ҳеҷ гоҳ онҷо наравам.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend