fbpx

Молҳо арзон мешаванд? Гузаргоҳи “Қулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Гузаргоҳи "Қулма". Акс аз навори шабакаи YouTube Yuen Kim

Боздошти сокини Суғд дар Узбекистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Як зодаи Тоҷикистон, бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар Узбекистон боздошт шудааст. Хадамоти амнияти миллии Узбекистон бо нашри як гузориш рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки сокини вилояти Суғд ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар минтақаи Бекобод бо 24 баста маводи мухаддир дастгир гардид.

Аз ин шахс гӯё 5 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 17 кг афюн ва ҳашиш дарёфту мусодира шудааст. Ба ҳисоби мақомоти амниятии Узбекистон, арзиши бори кашфшуда дар бозори сиёҳ метавонад 100 ҳазор долларро ташкил диҳад. Нисбати шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду зодаи Узбекистон барои ҳамдастӣ дар ин ҷиноят ҷустуҷӯ мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ин хабар вокунише накардаанд ва маълум нест, ки шаҳрванди боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шудааст ё на.

Тоҷикон метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия сафар кунанд

Тибқи қарори нави ҳукумати Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия раванд. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, метавонанд ба воситаи кишварҳои дигар ки сарҳадҳояшон бо Тоҷикистону Русия кушодааст, аз 31 марти соли ҷорӣ танҳо бо роҳи ҳавоӣ ба Русия ворид шаванд.

Ҳуҷҷат замимаи фармони Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020 № 635 мебошад ва тавре маълум шуд, 31 март ҳамроҳ бо кушодани парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон қабул карда шудааст. Аммо он танҳо рӯзи 16 апрел нашр шуд.

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Русия тавассути Дубай, Истанбул, Алмаато ва Тошканд бираванд, ки ба ин шаҳрҳо аз Душанбе парвозҳои доимӣ сурат мегиранд.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна ворид шудан ба Русия тариқи кишварҳои сеюмро метавонед дар бахши русии сомонаи мо мутолиа намоед.

Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки афзоиши ҳаҷми ҷаримаро барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, пешниҳод намудааст. Тибқи тағйироти нав, ҳамакнун ҷарима барои риоя накардани ин қонун дар ҳаҷми 10 нишондод зиёд шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми як нишондод барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад. Масалан, як нафар агар барои таҷлили зодруз берун аз хонавода, то ин дам 6 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуд, акунун бар асоси тағйироти нав ӯро 6 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мекунанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, рӯзи 21 апрел дар порлумон ҳадаф аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро “пешгирӣ аз қонуншиканӣ” номид.

Гузаргоҳи “Қулма” дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд

Гузаргоҳи марзии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо иқтидори пурра ба кор даромада, то имрӯз тариқи он 131% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта молу маҳсулот ҳамлу нақл шудааст, хабар додааст вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯи телефонӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, ки рӯзи 1 март доир гардид, дар кори ифтитоҳи ин гузаргоҳ нақши муҳим бозид. Азим Иброҳим таъкид доштааст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷониби Чин арзиши боркунӣ ва борфарории молу маҳсулотро дар гузаргоҳ поин бурда, вақти бозгашти контейнерҳои холиро тезтар кард.

Ёдрас мекунем, ки постгоҳи сарҳадии “Қулма” аз оғози моҳи октябри соли гузашта пурра баста шуда буд.18 феврал муовини сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар гузаргоҳи “Қулма” зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд.

Ба муҳоҷирони тоҷик то 30 июн мӯҳлат доданд

“Шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд”, – хабар дод имрӯз, 21 апрел сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират дар Душанбе.

Ӯ ба шаҳрвандони муқими Русия ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, изҳор намуд, ки аз имкони мазкур истифода баранд ва ба воҳидҳои масоили муҳоҷират дар Русия муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷират гузоранд ва барои фаъолияти корӣ иҷозатнома гиранд.

Казакова таъкид дошт, ки бо муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ки ӯ ҳам дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, мудом дар тамос буда, талош меварзанд мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳарчӣ зудтар ва саривақт ҳаллу фасл кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки беш аз 90 шабонарӯз дар Русия қарор доранд, барои ба сохторҳои дахлдор муроҷиат кардан ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ ҳуқуқ доранд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки шаҳрвандон аз истифодаи хидмати миёнаравон худдорӣ кунанд.

“Боғи ҳайвонот”-и Душанбе фурӯхта мешавад

Шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд “Боғи ҳайвонот”-и Душанберо  бунёд кунанд ва онро соҳиб шаванд. Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки дар ин росто соҳибкоронро барои хусусӣ кардани “Боғи ҳайвонот” ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Пештар, 14 декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе барои бунёди «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар замин ҷудо карда буд.

Ҳамчунин сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи фанновариҳои муосир, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ

Ҳукумати Душанбе аз соҳибкорон ва тоҷирону хоҳишмандон хостааст, агар барои ин кор майл доранд бо рақамҳои 221-94-38, 221-27-19 тамос бигиранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend