Модари Гулбиддин Зиёбеков мехоҳад бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунад. Мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд

Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон боз 700 ҳазор воя ваксина ворид шуд

Дар доираи татбиқи механизми COVAX аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя (доза) ваксинаи «Covidshield» (Astrazeneca) оварда шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ медищад, ин миқдор ваксина шоми 1 декабр ба Тоҷикистон расонида шудааст.

Мебояд гуфт, Ҳиндустон аз нахустин давлатест, ки моҳи марти соли 2021 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи Astrazeneca фиристод. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба маъракаи ваксинзании сартосарӣ шурӯъ намояд.

Бино ба маълумоти Вазорат, то имрӯз ба Тоҷикистон ба миқдори 6 млн 137 ҳазор воя 5 навъи ваксина ворид карда шуд.

Ба ҷуз ваксинаи аврупоии «Covidshield» (Astrazeneca истеҳсоли Ҳиндустон), дар Тоҷикистон зидди корнавирус метавон аз ваксинаҳои CoronaVac аз Чин, Moderna ва Pfizer-и амрикоӣ, инчунин «Спутник V»-и Русия низ эм гирифт.

Модари Зиёбеков мехоҳад бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунад. Мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд

Модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, ки ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид, хоҳони суҳбат бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин, рӯзи 1-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри имсол дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, вале дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд. Дар хабарномаҳои расмӣ дар бораи кушта шудани ӯ чизе нагуфтанд.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбуддин Зиёбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбуддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии “Бадахшон” ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки ӯ ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Певистамоҳ Абдулмуминова пойфишорӣ дорад, ки писараш ҳеч гоҳ дар даст силоҳ надошт. Вай гуфт, давоми даҳ моҳи охир, баъди онки гаравгонгирии додситон рӯй дод, касе писарашро суроғ накарда ва “ҳатто барои бозпурсӣ ба ӯ даъватнома нафиристода буд”.

Ба бовари ӯ, дар ҳар сурат, имкони зинда дастгир кардани писараш вуҷуд дошт, аммо барояш муаммо мондааст, ки чаро ӯ кушта шуд. Абдулмуминова мегӯяд, бо гузашти рӯзҳо ба ин ва суолҳои дигар посух наёфтааст. Мақомот ҳамвора таъкид доранд, ки Зиёбеков ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон дод ва бо тири ҷавобӣ маҷруҳ карда шуд.

Марзбонони қирғиз як сокини Овчиқалъачаро нагузоштанд, ки атрофи хонаашро девор бикашад

Марзбонони қирғиз баъд аз зуҳри 30-юми ноябр монеъи оғози корҳои сохтмонӣ дар манзили як сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудаанд. Соҳиби манзил Муродҷон Қирғизбоев мегӯяд, мехост атрофи манзилашро девор бикашад, вале ногаҳон марзбонони қирғиз монеъи кораш шуда гуфтаанд, барои анҷоми ин кор иҷозат надорад.

Аммо ин сокини маҳаллӣ мегӯяд, ки мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаблан иҷозаи сохтмонро дода буданд.

Ба гуфтаи Қирғизбоев, ӯ дирӯз ҳамроҳи устоҳо ба девор кашидан оғоз кард. Марзбонони қирғиз бо баҳонаи иҷозат надоштан монеи кораш шуданд. Баъди ин раис ва чанд тан аз сокинони ҷамоати Овчиқалъача ба ҷойи ҳодиса омадаанд.

Деҳаи Қалъача ҳаммарз бо деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон аст, ба гуфтаи ин сокини маҳаллӣ то охирҳои моҳи апрел ва шурӯъи муноқишаҳои марзӣ баҳс сари сохтмон дар ин маҳал мавҷуд набуд. Вай афзуд, замоне, ки ӯ ва ҳамсояҳояш хона сохта ба ин маҳал омада буданд он вақт дар ин ҷойҳо қирғизҳо набуданд.

“Имрӯз омада монеи деворкашии мо шуданд. Ҳар рӯз бачаҳои мактабхони қирғиз аз пеши хона мегузаранд. Дар хона духтар дорам, намедонам чӣ кор кунам”,-мегӯяд Муродҷон.

Муродҷон Ҷумъаев, раиси деҳаи Қалъача мегӯяд, ки дар ин маҳал аз солҳои 1985 ба ин тараф тоҷикон хонаҳо сохтаву зиндагӣ мекунанд. Вай афзуд, баъди баҳси ногаҳонӣ “чанд тан аз марзбонони қирғиз болотар аз маҳалли тоҷикон камин гирифтаанд”.

“Дар ин ҷо ду хонаи қирғизнишин ҳасту дигар ҳама тоҷиконанд. Онҳо баъди муноқишаҳои ахир ҳудуди 10 хона сохтанд ва таҳкурсии чанд хонаи дигарро гузошта хонаҳояшонро чароғон карданд, симчӯбу зеристгоҳи барқӣ гузоштанд. Ба онҳо ин гуна корҳо мумкин, вале вақте як сокини мо девор зада бачаҳоям шабу рӯз бехавотир зиндагӣ кунад гӯяд, монеъ шуда истодаанд”,-мегӯяд раиси деҳа.

Раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Аҳмадҷон Шукуров таҷаммуъи марзбонони қирғизро таъйид кард ва гуфт онҳо монеъи корҳои сохтмонии Муродҷон Қирғизбоев шуданд. Ӯ гуфт, ин масъаларо дар сатҳи ноҳияҳо ҳал мекунанд.

“Мо дар сатҳи ноҳия гапзанон кардем, давоми ду рӯз масъалаи сохтмон ҳал мешавад. Ҳоло қирғизҳо монеъ шуда ин мавзеъро баҳсӣ меҳисобанд, вохӯри мешавад дар он ҷо бояд ин масъала ҳал мавад”-гуфт, раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача.

Ду филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Стогҳолм сазовори ҷоиза шуданд

Филмҳои ду коргардони тоҷик дар 12- умин Ҷашнвораи байналмилалии “САМО”, ки дар шаҳри Стогҳолми Шветсия баргузор шуд, дар бахши филмҳои байналмилалӣ миёни филмҳои кишварҳои форсзабон сазовори ҷоиза шудаанд.

Ин ҷашнвора аз 26 то 28 ноябри соли равон баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии фестивал менависад, дар байни чанд филми пешниҳодшуда, филми “Нолаи танбур”- и коргардон Аниса Собирӣ ва “Бачаи обӣ”-и коргардон Файзуллои Файз дар бахши филмҳои байналмилалӣ сазовори ҷоиза шуданд.

Дар шарҳи гирифтани ҷоизаи филми “Нолаи танбур” ҳакамон гуфтаанд, “ин филм услуб ва равиши хоси худро дорад, он барои тасвири ҷанг ва таъсири он ба ҳаёти инсонҳо сазовори эътироф мебошад”.

Ҳакамони фестивал ба филми “Бачаи обӣ”-и Файзулло Файз барои дастоварди аввалинаш ҳамчун коргардон, ки иқтидори бузурги инсонпарвариро нишон медиҳад, тақдим кардаанд.

Ҷашнвораи 12- уми байналмилалии “САМО” як чорабинии озмунӣ буда, ғолибон ҳайкали фестивалро мегиранд. Ҳайати ҳакамон, ки аз синамогарон ва мунаққидони ватанӣ ва хориҷӣ иборат аст, филмҳоро дар ду бахши миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

Skip to toolbar