Боздошти ҷавони 19-сола барои бадрафторӣ ба духтар
Дар шаҳри Душанбе як ҷавони 19-соларо барои бадрафторӣ нисбат ба як ҷавондухтар боздошт намуданд. Умедҷон Мирзоалиев, пас аз нашри навори шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи духтар ва талаби чораандешӣ, аз ҷониби милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД-и Душанбе Умедҷон Мирзоалиев санаи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дақиқа дар кӯчаи М.Турсунзода ба духтаре муносибати дағалона мекунад ва он духтар ҳодисаро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор менамояд.
Пас аз таҳқиқи навор, Умедҷон Мирзоалиев, зодаи ноҳияи Восеъ, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, боздошт ва нисбати ӯ маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст.
“Дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор дошт, ки воқеан нисбат ба ҷавондухтар бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст”, – навиштааст ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи боздошти ҷавонон барои рафтори бад алайҳи духтарон нест. Қаблан низ милитсияи пойтахт аз боздошти ҷавонон дар робита ба муносибати дағал ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон хабар дода буд.
Аз якуми май дар Хуҷанд нархи оби нӯшокӣ 20% қимат мешавад
Шурӯъ аз якуми майи соли ҷорӣ нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд 20% боло бурда мешавад. Дар ин бора Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нархи 1 куб оби нушокӣ то 1 сомонию 44 дирам боло бурда хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир нархи 1 куб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.
Сабаби болоравии нархро Абдуҳалим Нӯъмонов ба болоравии нархи сӯзишорӣ ва нерӯи барқ рабт дод.
“Мо ба сӯзишворӣ ва барқ вобастагии зиёд дорем. Насосҳои калон дорем, ки қувваи зиёд мегиранд. Бинобар ин, вақте нархи сӯзишворӣ ва нерӯи барқ афзоиш меёбад, хароҷоти мо ҳам зиёд мешавад ва ин зарурати боло бурдани нархи хизматрасониро пеш меорад”, – афзуд ин муҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал”.
Қаблан иттило дода шуда буд, ки нархи оби корез низ дар ин шаҳр то 96 дирам афзоиш меёбад. Он қаблан 80 дирамро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки нархномаи мазкур бо мувофиқа ба Идораи зиддиинҳисорӣ дар назар гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки тарофаи истифодаи нерӯи барқ маротибаи охир тирамоҳи соли гузашта зиёд шуда буд.
Тибқи қарори охир нархи барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва бахши комуналӣ аз 1-уми октябри соли 2022 ба андозаи 16,9% – аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло рафт.
Модари духтарчаи тоҷикро, ки дар Русия аз ошёнаи чорум афтида буд, барои надоштани ҳуҷҷат боздоштанд
Вазъи духтараки дусолаи зодаи Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Первомайскаяи шаҳри Николскоеи вилояти Ленинград аз тирезаи ошёнаи чаҳорум ба берун афтода буд, каме беҳтар шудааст.
“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ менависад, ки намояндагони ин ниҳод ба хабаргирии духтарак ба бемористон рафтаанд.
“Духтарак таҳти назорати доимии табибони Санкт-Петербург қарор дорад, ки ба беморхонаи ноҳияи Тосненский омадаанд. Кӯдакро бо осеби сар ва шикастаҳои сершумор ба беморхона расонида буданд”,- мегӯяд манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби афтидани духтарро, тибқи маълумоти пешакӣ, беэҳтиётии калонсолон арзёбӣ шудааст.
“Рӯзи ҳодиса занҳо рӯбучин карда, тирезаро кушода гузоштаанд. Баландии диване, ки духтарак ба болои он баромада афтода буд, бо лаби тиреза баробар будааст, – шарҳ дод Назарӣ. – Ба ҷуз духтари маҷрӯҳшуда дар ин хонавода ду кӯдаки дигар низ ҳаст”.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи консули генералӣ, модари духтар Сарвинози Ҳасан ба далели надоштани асноди сабтином ва патент феълан дар идораи милиса қарор дорад.
“Ин ҳодиса дар ҳоли таҳқиқ аст ва қарор дар бораи парванда аз ҷониби суд бароварда мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки волидон ба хунукназарӣ айбдор мешаванд ё на”, – гуфт ӯ.
Назарӣ ҳамчунин гуфт, падари духтар Алишер Раҳимов 10 моҳ пеш барои кор ба Русия омада буд ва ҳамсараш чанд моҳ пеш омада, дар ҷое кор намекардааст.
Консули генералӣ итминон дод, ки консулгарӣ ва ҷамъияти тоҷикон ба ин хонавода тамоми кумакҳои зарурӣ, аз ҷумла кумаки молӣ барои муолиҷаи духтарро мерасонанд.
Ҷасади чӯпонеро ёфтанд, ки дар кӯҳҳои Трусунзода бедарак шуда буд
Дар кӯҳҳои шаҳри Турсунзода ҷасади чӯпони охири моҳи март бедаракшуда дарёфт шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири моҳи март дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ сокини маҳаллӣ аз чаронидани чорво барнамегардад. Корҳои ҷустуҷӯ, ки дар он ҳам кормандони шуъба ва ҳам сокинони маҳаллӣ иштирок карданд, натиҷа надодааст.
“Танҳо рӯзи 9 апрел ҷасади мард дарёфт шуд. Сабаби пешакии марг риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ мебошад”, – хабар медиҳад Кумита.
Кумита бори дигар аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба қадри имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 9 апрел имдодгарон аз обанбори пойтахт ҷасади марди калонсолро берун оварданд.
“Субҳи рӯзи 9 апрел ба навбатдории фаврии Кумита хабар расид, ки дар Канали Калони Ҳисор, ки тариқи Душанбе мегузарад, ҷасади марде пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардро аз канал берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – омадааст дар хабар.
Каме баъдтар маълум шудааст, ки ин мард сокини 82-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.
Сохторҳои марбута айни замон сабабҳои марги марди калонсолро таҳқиқ мекунанд.