Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов, Шоҳида Маҳмадҷоноваро бо ҷурми ифротгароӣ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Вазорат бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш гуфт, ки нисбати Шоҳида Маҳмадҷонова тибқи моддаи 307 қисми 2 – и КҶ барои ташкили фаъолияти экстремистӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мувофиқи ин модда Маҳмадҷоноваро 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои ташкили вохӯрии дастгиршуда Маҳмадҷонова бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад.
Аммо тай чанд рӯзи охир пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова хабар надоштанд, ки ӯ дар куҷо аст ва дар ҷустуҷӯяш буданд. Шоҳида Маҳмадҷонова модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар Олмон қарор дорад, ва бо тахалуси Абдураҳмон 09 маъруф аст, мебошад.
Дар изҳороти вазорат омадааст, ки фарзанди ин зан Шерзод Маҳмадҷонов “блогер ё опозитсионер нест балки барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ – терорристӣ дошта, дар ҷустуҷӯ қарор дорад”.
Вокуниши вазорат дар ҳолест, ки дар расонаҳо хабари нопадид шудани Шоҳида Маҳмадҷонова нашр шуд ва дар шабакаҳои иҷтмоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Корбарон гуфтанд, ки “барои гуноҳи фарзанд модарро ба ҷавобгарӣ кашидан аз рӯи адолат нест”.
Шоҳида Маҳмадҷонова аз 3-юми феврали соли 2022 баъди аз хона барои гирифтани телефонаш аз як корманди ШВКД дар шаҳри Ваҳдат баромада, бедарак шуда буд.
Дар изҳороти ВКД гуфта нашудааст, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро кай боздошт кардаанд ва тули чанд рӯзе, ки наздиконаш ӯро мекофтанд, дар куҷо буд.
Идимо Маҳмадҷонова аз нопадид шудани духтураш нигарон буд ва чанд рӯз боз Шоҳидаро мекофт. Ӯ барои пайдо кардани духтараш, рӯзи 7-уми феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен мактуб исрол кардааст ва аз онҳо хоҳиш намуданд, ки макони нигоҳдории ӯро муайян намоянд.
Соли 2020 Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз бемористони шаҳри Ваҳдат аз кор ронда буданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт, вале Шерзод гуфта буд, ки модарашро барои интиқодҳои ӯ аз кор ронданд.
Ин ҷавон ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб суҳбат мекунад ва сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад. Ҳамчунин мансабдорони тоҷикро дар интернет танқид мекунад.
Шерзод Маҳмадҷонов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки , модарашро маҳз барои баромадҳои ӯ дастгир кардаанд. Ӯ мегӯяд, солҳои гузашта низ модарашро борҳо ба идораи пулис даъват карда, талаб мекардаанд, ки фарзандаш ба ватан баргардад.