fbpx

Модаре, ки чор фарзандашро кушт, 25 сол зиндон шуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"

Пагоҳ дар маркази пойтахт ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, рӯзи 11 декабр дар маросими муаррифии автобус ва тролеейбусҳои нав, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрдории пойтахт харидорӣ шуда, ояндаи наздик равуояшон дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳр оғоз мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Маросими муаррифӣ субҳи 11 декабр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавзеи наздикии маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” доир мегардад.

Дар ин робита, аз соати 05:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз буриши хиёбони А.Сино то буриши хиёбони А.Рӯдакӣ манъ карда мешавад.

Ба ҳукумати Тоҷикистон дастгирии муҳоҷирон ва бепарво набудан ба аҳволи онҳо тавсия дода шуд

Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини амнияту некӯаҳволии онҳо, инчунин ҳимоя аз ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари таъинот машғул шавад, қайд мешавад дар гузориши рӯзи 9 декабр нашр шудаи Бонки осиёии рушд (БОР), оиди дастгирии муҳоҷирони тоҷик.

Барои ин ба ҳукуматдорон тавсия дода мешавад, ки аз таҷрибаи пурсамари дастгирии муҳоҷирони кории кишварҳои Осиё истифода кунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки қисмати хеле зиёди муҳоҷирони кории тоҷик (85%) ҷавонон аз деҳот буда, синнашон аз 15 то 44-соларо ташкил медиҳад. Ҳудуди 98%-и онҳо бо сабаби умумияти зисти муштарак дар Иттиҳоди Шӯравӣ, забони нисбатан фаҳмо, маоши нисбатан аз ватан болотар ва инчунин реҷаи бераводид Русияро кишври муҳоҷират интихоб мекунанд.

Дар он ҳамчунин ҷой доштани рӯҳияи бегонаситезӣ дар Русия таъкид мешавад, ки муҳоҷирон баъди бозгашт ба ватан дар бораи он нақл мекунанд. Ишора мешавад, ки аксарияти муҳоҷирон дар вазъи қашшоқӣ ва шароитҳои хеле душвор кор карда, барои сарфаи пул дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки иқоматкунадагонаш хеле зиёданд ва ин ба солимии онҳо таъсир мерасонад.

Коршиносони БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо ҳукуматҳои кишвари таъинот робитаи зич роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин машварат дода мешавад, ки дар хориҷа бозорҳои нави кор дарёфт намуда, барои таъмин бо кор дар берун аз ҳудуди кишварҳои ИДМ шароиту имконот фароҳам оварда шавад.

Модаре, ки 4 фарзандашро кушт, 25 сол зиндон шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон Назокатхон Тоироваро дар куштани 4 фарзандаш муҷирим шинохт ва ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Назокатхзон Тоирова, ки дар куштори чор фарзанди ноболиғи худ айбдор дониста мешуд, имрӯз ниҳоӣ шуд.

Неъмат Мирзозода додраси парванда  Назокатхон Тоироваро дар қатли чаҳор фарзанди ноболиғи худ муҷрим шинохт ва ӯро ба 25 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҳафтаи гузашта дар мурофиаи додгоҳӣ Зарина Нурова ҳимоятгари Назокатхон Тоирова аз суд дархост карда буд, ки нисбати судшаванда озмоиши такрории комиссионӣ таъин карда шавад. Номбурда зимни қироъати дархосташ гуфт, ки дар ташхиси равоншиносии қаблие, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ гузаронда шудааст, баъзе ихтилофҳо ҷой дорад. Аз ин хотир аз суд хоҳиш карда мешавад, ки ташхиси равоншиносии комиссионӣ таъин кунад.

Аммо Неъмат Мирзозода додраси парванда дархости  ҳимоятгарро бо далели он ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ташхиси равоншиносӣ гузаронда шудааст, рад кард.

Сохторҳои қудратӣ истифодаи сарфакоронаи барқро назорат мекунанд

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ситод дар ҷаласаи селектории якҷоя таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки намояндагони ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” таъсис ёфт.

Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.

Нахустин зойирини тоҷик охири январи 2021 метавонанд Ҳаҷҷ бираванд

Намояндаи ширкати сайёҳии “Расул”, ки ба фиристодани зойирини тоҷик ба Макка ва Мадина машғул аст, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба гумони ғолиб, гурӯҳи аввали зойирини тоҷик охири моҳи январи соли 2021 ба ҳаҷ фиристода мешаванд.

“Қаблан ҳукумати Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки онҳо ба қабул ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябр омодаанд, лекин ба мо то ҳол дар бораи иҷозаи ҳаҷ мактуб нарасида, қарори мушаххас ҳам гирифта нашудааст”, – қайд карданд дар ширкат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст, ки “қабули зойирин дар моҳи шашуми қамарӣ оғоз гардад”, ки он ба охири моҳи январи соли 2021 рост меояд.

“Имсол аз шаҳрвандон начандон зиёд дархост гирифтем. Ин шояд ба пандемия ва маҳдудиятҳое, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҷорӣ кард, вобаста бошад. Вуруд ба қаламрави ин кишвар ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза дода шудааст”, – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаҷҷи умраро анҷом дода буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend