Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:0510.02.2026
Дар соли 2026 моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал оғоз шуда, то 20-уми март идома хоҳад ёфт.
Дар ин бора "Азия-Плюс" бо такя ба иттилои Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, хабар дод.
Манбаъ гуфтааст, ки санаи аввали моҳи шарифи Рамазон тибқи ҳисобҳои илмӣ ва хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян шудааст. Ҳамин хулосаро Шӯрои уламо дар ҷаласаи рӯзи 10-уми феврал тасдиқ кардааст.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст:
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим сабаби ин тағйирот дар маблағи фитри рӯза, фидяи савм ва нисоби закотро нисбат ба соли гузашта ба нархи тилло ва гандум рабт додаанд.
Гуфта мешавад, нархи тилло гарон шудааст, бинобар ин нисоби закот афзоиш ёфтааст ва нархи гандум арзон шуда, фитри рӯза ва фидяи савм камтар ҳисоб шудааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки 18-уми феврал оғози моҳи Рамазон аст. Аммо намояндаи Кумита гуфтааст, он ба ҳисобҳои астрономӣ мувофиқ наомад ва ӯзи аввали Рамазон соли 2026 бар асоси гардиши Моҳ муайян шудааст. Дар Тоҷикистон моҳи Рамазонро Шӯрои уламо ва Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян мекунанд.
Соли гузашта моҳи шарифи Рамазон 1-уми март оғоз шуда, 30-уми март бо иди Рамазон ба поён расида буд.
Моҳи Рамазон яке аз панҷ рукни ислом ба ҳисоб меравад. Рӯза иборат аст аз худдорӣ кардан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб.
Паёмбари ислом (с) рӯзаи моҳи Рамазонро “сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ” номида, таъкид кардааст, ки "рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад".
Мусулмонон дар ин моҳ бештар ба ибодат машғул шуда, моҳи шарифи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад