Моҳи август Тоҷикистон ба Афғонистон ба 12,2 млн доллар маҳсулот фиристод. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Мирзиёв: Поккории марзи Тоҷикистон аз мина ҳосили “музокироти мушкил” бо Раҳмон буд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, баъди “музокироти мушкили” якунимсола бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон безарар карда шудаанд. Президенти Узбекистон дар ин бора 24-уми сентябр дар мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Самарқанд изҳори назар кардааст.

Ӯ дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Самарқанд, ки макони зисти ҳазорҳо тоҷикон низ мебошад, ба навиштаи www.gazeta.uz гуфтааст, баъди музокироти мушкил ниҳоят ӯву Раҳмон “давоми се соат нишаста бо ҳам сӯҳбат кардаанд” ва дар ин мулоқот “99,9 фоийзи мушкилотеро, ки давоми 20 сол вуҷуд дошт, ҳал намуданд”.

Марзбонони Тоҷикистон “боздошту омодабош” дар марзи Қирғизистонро рад карданд

Бино ба гузоришҳо, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯяд, хабаргузории русии ТАСС тасмими охири Бишкекро ба боздошт ва раҳоии ду мактабхони қирғиз дар рӯзи 23-юми сентябр пайванд додааст.

Идораи марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иддаои боздошт шудани ду сокини 16-солаи Қирғизистонро “аз тарафи шахсони ношинос дар Тоҷикистон” рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон дар иддаои тоза гуфтанд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 26-уми сентябр сокини деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро дастгир кардаанд. Манбаъ 27-уми сентябр хабар дод, ки пас аз мулоқоти раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон “сокини ноҳияи Лайлак озод карда шуд”

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро расман шарҳ надодааст.

Моҳи охир Тоҷикистон ба Афғонистон ба 12,2 млн доллар маҳсулот фиристод

Моҳи августи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон 12,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Дар сохтори савдои дуҷониба байни кишварҳо 12,2 млн доллар (99,2% аз ҳаҷми умумӣ) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва каме бештар аз 0,1 млн доллар (0,8%) ба воридот аз Афғонистон рост меояд.

Ҳамагӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон 64,5 млн долларро ташкил додааст, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 63,5 млн доллар ва воридот аз Афғонистон ба Тоҷикистон – 1 млн долларро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти асосие, ки Афғонистон аз Тоҷикистон мегирад, неруи барқ аст. 65% содироти Тоҷикистон ба Афғонистонро дар соли 2020 барқ ташкил дода буд.

Толибон барқарор намудани хатсайрҳои байнулмилалии ҳавоиро дархост карданд

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ муроҷиатнома нашр карда, ваъда дод, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкории мукаммал роҳандозӣ мекунад ва изҳор дошт, ки мушкилот дар фурудгоҳи Кобул ҳал шудааст.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Абдул Қаҳҳор Балхӣ гуфтааст, қатъи парвозҳои байналмилалӣ ба он оварда расонидааст, ки афғонҳо аз ҳаққи сафар барои кору таҳсил маҳрум шудаанд.

“Азбаски мушкилот дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳал карда шуда, фурудгоҳ ба парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пурра омода аст, Аморати Исломии Афғонистон ба ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ итминон медиҳад, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи худро таъмин мекунанд”, – гуфтааст вай.

Зодаи Тоҷикистон барои латукӯби духтур баъди муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфт, ки таҳқиқи қазияи аз ҷониби як марди 29-солаи тоҷик латукӯб шудани як пизишки русро баъди муоина кардани ҳамсари ҳиҷобпӯши ӯ таҳти назорати худ гирифтааст. Матбуоти Русия менависад, марди тоҷик ба авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ қарор кардааст, ки дар ҷараёни тафтишот Баҳриддин Азимов, ки зимнна шаҳрвандии Русияро дорад, аз ҳаққи тарки ҷои зист, сӯҳбат бо шоҳидон ва аз истифодаи воситаи алоқаву Интернет маҳрум мешавад. Назари худи Азимов ба ин қазия маълум нест.

Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр рух дод. Дар хабарҳо омадааст, ки баъди он ки як духтури пӯст ҳамсари ҳиҷобпӯши Азимовро муоина мекунад, ӯ ба утоқи пизишк даромада ба рӯяш ду мушт мезанад. Дар ҷараёни бозпурсӣ Азимов гуфтааст, ки духтур ҳангоми аз назар гузаронидани ҳамсараш ба ӯ «гап партофтааст ва пурсидааст, ки чаро халтаро ба сараш кашидааст».

Гӯё ин ҳарфзо боиси хашми зодаи Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ба ӯ то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ширкати 4 филми “Тоҷикфилм” дар кинофестивали байналмилалии Тошканд

Дар доираи 13 – умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд – “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки 28 сентябр ифтитоҳ мешавад, 4 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ширкат мекунанд.

“Филми “Автобус” – и коргардон Абдулҳай Зокиров, “Рақси зиндагӣ”- Муҳаббат Сатторӣ, “Сафарӣ ҳавоӣ”- Далер Рахматов, «Сафи домодҳо» – Румӣ Шоазимов дар фестивал ширкат мекунанд”, – хабар доданд аз “Тоҷикфилм”.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи кинофестивал ҳамчунин Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он беш аз 10 филми Тоҷикистон барои тамошобинони ӯзбек намоиш дода мешаванд.

Дар доираи баргузории ҷашнвора, ҳамчунин имзои меморандум доир ба таҳияи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар назар аст.

Пешбинии ҳавои чанголуд дар Тоҷикистон

Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки чанд рӯзи оянда дар саросари Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда буда, бо ғубору чангбод омехта мешавад ва дар бархе манотиқ меҳ ё туман мефурояд. Пешбинӣ шудааст, ки аз 27 то 29-уми сентябр дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад.