fbpx

Моҷаро миёни ду Корея. Ба кори муҳоҷирон чӣ таъсир мегузорад

Мо бо чанд нафари онҳо ҳамсуҳбат шуда, аз вазъияти кору зиндагӣ ва назари онҳо оид ба ҳодисаҳои охир огоҳ шудем.


0
Ким Чен Ин бо духтараш ҳангоми сафар ба корхонаи истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ дар кишвараш. Акс аз расонаҳо

Субҳи 5 – уми январи соли ҷорӣ Кореяи Шимолӣ ба самти ҷазираҳои Пэннёндо ва Ёнпхёндои Кореяи Ҷанубӣ бештар аз 200 тири тӯп сар дод. Зимнан, бо амри Сеул мардуми осоиштаи ҷазираи Ёнпхёндо ба хотири зарар надидан аз иғвои низомии Кореяи Шимолӣ ба паноҳгоҳҳо кӯчонида мешаванд. Оҷонсии “Рёнҳап” бо истинод ба иттилои неруҳои низомии Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, ки тири тӯп ба минтақаи мобайнӣ (буферӣ) афтида, касе осеб надидааст.

Таърихи 28 – уми декабри соли сипарӣ роҳбари кишвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба артиш ва саноати низомӣ амр дода буд, ки сатҳи омодагиро ба ҷанги эҳтимолӣ афзоиш диҳанд.

Муаллифи Your.tj бо чанд тан муҳоҷирони тоҷик, ки дар минтақаҳои гуногуни Кореяи Ҷанубӣ ҳаёт ва фаъолият доранд ҳамсуҳбат шуд. Онҳо нақл карданд, ки дар пайи тирпаронӣ чӣ ҳол доранд.

Тӯпҳои Кореяи Шимолӣ

“Шимол 3 рӯз пайиҳам тир меандозад”

Дирӯз расонаи “Вся Корея”, ки дар Instagram ва Telegram бо интишори хабару ҳодисаҳои ҷолиб дар бораи Корея ва кореягиҳо машғул аст, хабаре бо сарлавҳаи “Шимол 3 рӯз пайиҳам тир меандозад” нашр кард.

“Имрӯз, (7 – уми январ) тақрибан аз соати 16:00 то 17:10 низомиёни Кореяи Шимолӣ ба сӯи ҷазираи Ёнпхёндои Кореяи Ҷанубӣ тақрибан 90 тири тӯп партоб карданд. Ҳама тирҳо дар минтақаи мобайнии хати шимолии тақсимот (NLL) дар қаламрави баҳрии Ҷумҳурии Халқӣ – Демократии Корея афтоданд”, – менависад “Вся Корея”.

Дар ин радиф, низомиёни ҳар ду ҷониб ҳамдигарро дар фитнаангезӣ айбдор карда, ба амалҳои тирпаронӣ “ҳазли паст” унвон додаанд.

“Машқҳои ҳарбӣ оғоз шуданд”

Камолиддин Атоеви 36 сола зодаи шаҳри Душанбе мебошад. Тайи 2 сол аст, ки дар шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷири меҳнатӣ аст. Дар самти сохтмон кор мекунад.

“Тавре фаҳмидам, дар ҳарду тараф машқҳои ҳарбӣ оғоз шуданд. Боз медонам, ки машқҳои ҳарбӣ аввал аз тарафи Кореяи Шимолӣ сар шуд. Мо, муҳоҷирон танҳо дуо карда метавонем, ки оқибат ба хайр бошад. Дар ин ҷо барои меҳнат кардан ва ризқу рӯзии оилаамонро ёфтан омадем. Намехоҳем, ки ҷанг сар шавад. Шукр, ки ҳозир дохили Кореяи Ҷанубӣ, махсусан, шаҳри Пусан тинҷ аст. То ин дам тирпаронию машқҳои ҳарбӣ ба кори мо таъсири манфие нарасонидааст”, – нақл кард Камолиддин.

Муҳоҷири тоҷик бар ин назар аст, ки як сабаби тирпаронӣ дар он аст, ки амрикоиҳо дар шаҳри Пусан бандари нав сохта истодаанд. Гӯё Кореяи Шимолӣ ҳангоми оғоз ёфтани сохтмони бандар ба Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор додааст, ки бар зидди сохтмон аст.

“Тирпаронӣ як роҳи нишон додани қувваҳои ҳарбӣ аст”

Наимҷон Абдуллоев сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ соҳибкор буда, чанд сол боз дар шаҳри Самсунги Кореяи Ҷанубӣ зиндагӣ ва фаъолият дорад. Зимни суҳбати онлайнӣ гуфт, ки дар бораи амалҳои тирпаронӣ миёни Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ маълумоти кофӣ надорад.

“Ростӣ, дар бораи ҳамлаи Кореяи Шимолӣ зиёд намедонам. Дар ҷойи зисти мо оромист ва ҳаёти ҳаррӯза идома дорад. Корҳоям мисли пештара хуб аст. Ман фикр мекунам, ки тирпаронӣ дар миёни низомиён як роҳи нишон додани нерӯҳои ҳарбии як тараф ба ҷониби дигар аст. Бовар дорам, ки ҳама боз хуб мешаваду корҳо боз ҳам пеш мераванд. Руҳафтода набояд шуд”, – изҳор дошт соҳибкори муҳоҷир.

“Оромӣ аст ва дар кор мушкиле нест”

Восит Бердиев як тан муҳоҷири дигари тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ аст. Ӯ дар шаҳри Йонгин зиндагӣ мекунад. Вай дар соҳаи варзиш фаъолият дорад, хоса, корманди бахши баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аст.

“Аз 5 – уми январи соли ҷорӣ то имрӯз дар кори мо ягон мушкилӣ рух надод. Чун рӯзҳои пешин кор карда истодаем. Кореягиҳо шахси боғайрат коркунанда, чобук ва қавииродаро дӯст медоранд. Барои ҳамин агар ҳар муҳоҷир чунин хислатҳоро доро бошад, соҳиби кори хуб шуда, мавриди эҳтироми онҳо қарор гирифта метавонад”, – афзуд Восит.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон тасмим дорад, то ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шавад. Баъд аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Бо ин низом имкон фароҳам меояд, ки то ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҷараёни кор дар ин кишвар ҳифз карда шаванд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend