Содир Жапаров президенти Қирғизистон гуфтаҳои вакили парлумони ин кишвар Султонбой Ойҷигитовро дар бораи созишномаи марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон интиқод кард. Ба гуфтаи Жапаров, мавқеи ин вакил “демагогия ва иғвоангезӣ” аст.
Тибқи гузориши хабаргузории “Фергана”, 5-уми март, дар ҷаласаи парлумон, Ойҷигитов, ки қаблан раиси вилояти Бодканд ва афсари мақомоти амниятӣ буд, бо таваҷҷуҳ ба моддаи 12-и созишнома, онро санади доимӣ ва бебозгашт гуфтааст.
Вай иддао намудааст, ки созишнома бештар ба манфиати Тоҷикистон аст ва гӯё тибқи ин созиш Тоҷикистон ба ҳадафи деринаи худ – дастрасӣ ба Ворух расидааст.
Инчунин, Ойҷигитов изҳор доштааст, ки деҳаи Достук, ки аҳамияти стратегии баланд барои Қирғизистон дорад, ба Тоҷикистон дода шудааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки роҳи Достук-Оқ-сой-Ворух бояд мавриди истифодаи муштараки ду кишвар қарор гирад ва дар ин замина созишномаи нав ба имзо расад.
Аммо аксари вакилон ин иддаоҳоро беасос дониста, созишномаро ҳамчун як дастоварди таърихӣ номидаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки қабл аз тасвиби расмии санад бояд аз ҳар гуна изҳороте, ки метавонад байни мардум иғво барангезад, худдорӣ шавад.
Баъд аз ин баҳсҳо, Ойҷигитов барои “мавқеи нодуруст” ва талош барои барангехтани мардум, аз ҷиноҳи парлумонӣ ихроҷ гардидааст.
Содир Жапаров дар посух ба ин ҳодиса таъкид кардааст, ки масъалаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон комилан ҳал шудааст ва дигар баҳсу муноқиша дар ин бора асос надорад.
Ба гуфтаи ӯ, Ойҷигитов дидаву дониста маълумотро таҳриф мекунад ва дар бораи Ворух маълумоти нодуруст медиҳад. Жапаров таъкид кардааст, ки дар воқеъ, “дарвоза”-и Ворух деҳаи Оқ-сой мебошад, на Достук.
Президенти Қирғизистон изҳор дошт, ки созишнома бо дарназардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб таҳия шудааст ва табодули заминҳо танҳо дар он мавридҳо сурат гирифтааст, ки баҳсҳои доимӣ вуҷуд доштанд.
“Мо ҳамеша барои ҳалли ин масъала ба роҳҳои мусолиматомез талош кардем. Агар созиш намешуд, мо бояд ҳар сол бар сари ин заминҳо ҷангу муноқиша мекардем? Акнун ин масъала барои ҳамеша ҳал шудааст, нуқта гузошта шудааст. Таърих ин тасмими моро арзёбӣ хоҳад кард ва ман итминон дорам, ки он баҳои “аъло” хоҳад гирифт”,- таъкид кардааст Жапаров.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо гардида буд ва интизор меравад, охири моҳи март санадҳои ниҳоӣ аз тарафи президенти ду кишвар имзо гардад.
27 феврал раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев ҳангоми суханронӣ дар назди вакилони парлумони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард ва гуфт, ки ду кишвари ҳамсоя кадом қитъаҳоро иваз кардаанд.
Ҷузъиёти изҳороти Тошиевро дар ин ҷо хонед.