Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5304.09.2023
Маркази миллии тестӣ бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба коллеҷу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз намуд. Ин тасмим дар пайи иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён дар давраи асосӣ ва ду давраи такрории қабули донишҷӯён гирифта шудааст.
Имсол, ғайр аз давраи асосӣ ду даври такрории қабули донишҷӯён мутаносибан 12 – 15 ва 24 – 26-уми август баргузор гардид.
Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ, 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ин марҳила комилан нав буда, дар он ҳама метавонанд иштирок кунанд, аммо ҷой ва ихтисосҳо маҳдуд аст.
ММТ солҳои қаблӣ як даври асосӣ ва як даври такрориро барои довталабон ҷиҳати дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мекард.
Нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда шудааст, ташкил гардидааст.
Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис намуда метавонанд:
Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13 сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12 сентябр муқаррар гардидааст.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст.
Тибқи иттилои ММТ соли ҷорӣ, нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар наздики 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ҳоле ки нақшаи қабул беш аз 110 ҳазор муқаррар шуда буд, дар даври аввали тақсимоти ММТ қариб 52 ҳазор довталаб ҳаққи донишҷӯ шуданро пайдо кардаанд.
Роҳбари ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.
Вале коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад.
Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.
Your.tj раванди кам шудани шумораи довталабонро ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин мақола таҳлил карда буд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад