Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:1220.04.2026
Интизор меравад, ки ҳайати Миср дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.
Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Миср дар Тоҷикистон Тамер Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммад дар Душанбе гуфта шуд. Дар ин хусус Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни мулоқот вазири энергетика имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз ҷумла ба рушди гидроэнергетика, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, идоракунии захираҳои об ва татбиқи инфрасохтори муосир таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамзамон, ҷониби Миср барои иштирок дар Конфронси дарпешистода расман даъват гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва густариши муколамаи созанда миёни ду кишвар иброз доштанд.
Конфронси мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ба шумор рафта, интизор меравад намояндагони кишварҳо ва созмонҳои гуногунро дар Душанбе ҷамъ оварад.
71 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад