Мишустин дар Тоҷикистон

Мишустин Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташвиқ кард

Шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русияро ҷустуҷӯ доранд

Як шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русияро пайвандонаш ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи онҳо шаш моҳ боз тамос нагирифтааст ва зинда ё мурда буданаш маълум нест.

Аҳмадалӣ Нурови 34-сола дар тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина бурда шудааст.

Ӯро ду сол пеш ба иттиҳоми даст доштан ба фурӯши маводи мухаддир дар Русия шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Наздиконаш дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми март навиштаанд, “моҳе пеш шахси ношиносе занг зад ва хабар дод, ки Аҳмадалӣ дар Украина кушта шуд”, вале то ҳол нишоне аз ӯ намеёбанд.

“Аз зинда ва мурда будани ӯ хабаре нест ва ба муроҷиатҳои мо мақомоти Русия ва мақомоти зиндонҳои Русия посух надодаанд,” – омадааст дар нома.

Ба иттилои дарёфтӣ, соли гузашта даҳҳо зиндонии тоҷик дар Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд.

То кунун номи беш аз 10 зиндонии кушташудаи тоҷик дар ҷанги Русия дар Украина расонаӣ шудааст. Ҷасади баъзе аз онҳоро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон додаанд. Қабри як нафари дигар дар яке аз оромгоҳҳои маъруф ба “вагнериҳо” дар Маскав ёфт шуд.

Мишустин Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташвиқ кард

Сарвазири Русия бори дигар Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ташвиқ кард. Ин даъват ҳангоми сафараш ба Душанбе садо дод.

Радиои Озодӣ” менависад, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, масъаларо меомӯзанд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, рӯзи 2-юми март дар нишасти нӯҳуми ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе гуфт, ҳамкории наздик бо ЕАЭС метавонад барои кишвар имкониятҳои зиёд фароҳам биорад.

Мишустин барои Тоҷикистон “имкониятҳои бемисл” ва ширкат “дар барномаҳои зарурӣ”-ро ваъда дод, аммо мушаххас аз ягон имконият ва барномае ном набурд.

“Ҳамроҳи панҷ шарики дигарамон интиқоли озоди маҳсулот, хидматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро дар ҳудуди созмон таъмин мекунем,” — гуфт нахуствазири Русия.

Изҳори назари Михаил Мишустин дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои узв, ба мисли Қирғизистон мегӯянд, дар фикри тарки созмон ҳастанд, чун ба сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистони ҳамсоя, қоидаҳои созмон дуруст иҷро намешавад.

Як мушкили ҷиддии дигар дар нобаробарии вазъи иқтисодии кишварҳои узв аст, ки дар даромадҳои гумрукиву иқтисодии дигар кишварҳо таъсиргузор мешавад.

Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Тарафдорони пайвастшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС дар дохили кишвар кам нест. Бахусус муҳоҷирон бовар доранд, ки дар сурати узвияти Тоҷикистон дар ин созмон вазъи онҳо дар Русия беҳтар мешавад.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем”, посух додаанд.

Мансабдорони баландпояи Амрикову Русия мулоқот кардаанд

Дар бештар аз як соли гузашта бори аввал дипломатҳои баландпояи Русия ва Амрико дидору гуфтугӯи кӯтоҳ карданд.

Акс аз “Озодӣ”

Мулоқот дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии бист кишвари саноатии олам, маъруф ба G-20 дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор шуд. Ҷое, ки таҷовузи Русия ба хоки Украина дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Ба гуфти мансабдорони амрикоӣ, мулоқот дар роҳравҳои нишаст тахминан даҳ дақиқа тӯл кашид.

Дар ин суҳбат котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен аз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хостааст, Маскав ба музокироти силоҳҳои стратегии “New START” баргардад.

Ҳамчунон Блинкен ба Лавров таъкид кардааст, ки Вашингтон омодааст, то чанде зарур бошад, аз Украина дастгирӣ хоҳад кард.

То ҳол Русия дар бораи мулоқот чизе нагуфтааст.

Skip to toolbar