fbpx

Мирзиёев вуҷуди Толибон дар Афғонистонро раднопазир хонда хостори мулоқот шуд. Дар ҷаласаи СҲШ доир ба вазъи Афғонистон чиҳо гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад.


0
Акс аз сомонаи barometr.kg

Имрӯз 17 сентябр, дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор гардид. Яке аз мавзӯи асосии ин ҷаласа вазъи Афғонистон буд. Андеша ва пешниҳодоти роҳбарони узви ин созмон оиди Афғонистон ва ҳукумати Толибон* яксон нестанд.

Фишурдаи суханронии аъзоёни СҲШ оид ба вазъияти Афғонистонро ҷамъ овардем.

Эмомалӣ Раҳмон аз оқибатҳои вазъи кунунии Афғонистон гуфт

Акс: Хадамоти матбуоти президент

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ дар Душанберо раҳбарӣ мекунад, гуфт, вазъи Афғонистон ба ҷуз ин ки аз хатари терроризм истисноӣ шудааст, як фалокати башариро низ ба бор овардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳайати ҳукумати ҷадиди Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳаракати Толибон бисёрқавмӣ дар кишварро нодида гирифта, аз роҳи яккатозии як қавм пеш меравад.

“Мо мехоҳем Афғонистонро озод аз терроризм ва маводи мухаддир, як кишвари амну осоишта ва рӯ ба рушд бубинем. Бар инем, ки низоми сиёсии Афғонистон бар асоси раъйи озоди мардумаш ва бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ шакл бигирад. Бор кардани низоми сиёсӣ бар сари Кобул бидуни ризоияти мардуми Афғонистон, ки аз қавмҳои мухталиф иборат аст, авоқиби ногувори бузургеро дар пай хоҳад дошт”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш таъкид кард, ки вазъи имрӯзи Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсири мустақим дорад.

“Тайи ҷанги дохилии қариб 50-сола Афғонистон ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, ки натиҷаҳояшро ҷаҳон дар намунаи ҳаводиси соли 2001 дид ва такрори онҳо истисно нест. Аз ин хотир ҷаҳон набояд ба сарнавишти мардуми Афғонистон ва ҳамсояҳояш бетараф бошад, ки маҷбуранд, аз мушкилоти низомиву башарии дар пайи хуруҷи эътилофи ғарбӣ ба амаломада бигзаранд”, – гуфт ӯ.

Ӯ дар идома қайд кард, Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ, СММ, Салиби Сурх ва дигарон муроҷиат кардааст, то ёрии таъҷилии худро ба мардуми Афғонистон, хусусан ба вилояти Панҷшер, ки ду моҳ боз дар муҳосира қарор дорад, бирасонанд.

Владимир Путин: Толибон бояд ваъдаҳояшонро амалӣ намоянд

Акс: Спутник

Раисҷумҳури Русия, ки дар ҷаласа ба таври онлайнӣ иштирок дошт, афзуд, ки ҳукуматдорони ҷадидро зарур аст, ваъдаҳояшонро амалӣ намоянд.

“Ҳукуматдорони нав дар Афғонистонро бояд ба иҷрои ваъдаҳояшон дар мавриди барқарор кардани сулҳ, ба эътидол овардани ҳаёти ҷомеа ва таъмини амнияти кор барои ҳама ҳавасманд сохт”, – изҳор дошт ӯ.

Путин хост, аз зарфиятҳои СҲШ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон амалӣ кор гирифта шавад.

Раисҷумҳури Русия ҳамоҳангии миёни кишварҳои узви СҲШ-ро дар мавриди Афғонистон муҳим хонда, эҳёи фаъолияти гурӯҳи Афғонистони СҲШ-ро пешниҳод намуд.

Ӯ ҳамчунин таҳкими иқтидори сохтори минтақаи мубориза бо терроризмро бо ҷалби мутахассисони бахши мубориза бо пулшӯию паҳншавии қатли силоҳи ом пешниҳод намуд

Мирзиёев кишварҳои СҲШ-ро ба гуфтушунид бо Толибон даъват кард

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон сари қудрат омадани Толибон*-ро дар Афғонистон далели раднопазир хонда, муколамаю мулоқот бо ҳукуматдорони навро пешниҳод кард

Раисҷумҳури Ӯзбекистон, ки соли равон раёсат дар Созмони ҳамкории Шонгҳойро ба уҳда мегирад, пешниҳоди мулоқоту муколамаҳо бо Толибон-ро кард.

Ба гуфтаи Мирзиёев, Толибон дар Афғонистон далели раднашавандаест ва бояд бо он муколамаҳо баргузор шаванд. Ӯ гуфт, ки дар идораи сиёсии давлат бояд тамоми намояндагони зану мард иштирок намоянд. Ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва занҳо риоя гардад, таъкид намуд Мирзиёев.

Ӯ барои ҷилавгирӣ аз буҳрони башарӣ дар ин кишвар масъалаи бозкушоии дороиҳои басташудаи давлати Афғонистон дар хориҷро ба миён гузошт.

Мирзиёев инчунин ташкили мулоқотҳои сатҳи баланди СҲШ – Афғонистонро пешниҳод намуда, изҳори омодагӣ кард, ки нахустин чунин як мулоқотро дар Тошканд баргузор созад.

Имронхон: Вазъи имрӯз фурсати хубе барои хотимаи ҷанг дар Афғонистон аст

Акс: Спутник

Имрон Хон, сарвазири Покистон бо зикри он ки Толибон тақрибан бидуни хунрезӣ ба қудрат дар Афғонистон омаданд, вазъи феълиро имкони хуби хатми ҷанги чилсола дар ин кишвар номид

Сарвазири Покистон аз омехта кардани терроризм бо дин дар ҷаҳони муосир интиқод намуда, изҳор дошт, ки кишвараш даҳсолаҳо аз терроризме ранҷ мекашад, ки аз хориҷ ташкил, назорат ва идора мешавад.

Вай дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе ба қудрат омадани Толибон-ро дар Афғонистон воқеияти ҷадид хонда, изҳор дошт, ки ин кор бидуни хунрезию ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт.

“Толибон бояд тамоми ваъдаҳояшонро иҷро кунанд, ҳукумати ҳамашумулро ташкил намоянд, ҳуқуқи инсонро риоя кунанд, Афғонистон набояд паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ шаваду ба манбаи силоҳ, маводи мухаддир ва фирориён табдил ёбад”,-изҳор кард Имрон Хон.

Си Ҷинпин: Бояд Толибонро такон дод то ҳукумати фарогирро ташкил кунанд

Акс: Спутник

Раисҷумҳури Чин зикр намуд, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъ дар ин кишвар ба таври куллӣ тағйир ёфт. Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар марҳилаи ҷадид, ки Афғонистон дучори он шудааст, мушкилоти зиёд дар пеш хоҳанд буд.

Ба гуфтаи Ҷинпин, бояд қудратдорони нави Афғонистонро такон дод, то ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанд. “Ин бо он мақсад аст, ки Афғонистон тавонад дар ҳамгироӣ бо кишварҳои хориҷӣ пеш равад”,- илова намуд ӯ.

Дар баробари ин роҳбари Чин махсусан таъкид намуд, ки мубориза бо тундгароии исломӣ, аз ҷумла бо Ҳаракати Туркистони шарқӣ* бояд таҳким ва тамомияти арзии кишварҳо эҳтирому ҳифз шавад.

Тоқаев: Набояд мардуми гуногунмиллати Афғонистонро танҳо гузошт

Акс: Спутник

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҷаласа ҳангоми суханрониаш таъкид кард, ки вазъи Афғонистон кишварҳои минтақаро дар рӯ ба рӯи хатарҳои ҷадид гузошт. Ӯ бо таъкиди зарурати таъмини амният афзуд, ки набояд мардуми гуногунмиллати Афғонистонро бо мушкилоташон танҳо гузошт.

Роҳбари Қазоқистон гуфт, ояндаи Афғонистонро чун як давлати воҳиду мустақил мебинад, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар пеш хоҳад рафт.

Ӯ илова намуд, ки Қазоқистон бо интиқоли идеологияи тахрибкорона, маводи мухаддир ва таҳдидҳои терроризму экстремизм мубориза бурда, ҳамчунин кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон ироа хоҳад кард.Тоқаев пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Алмато Маркази ШОС барои кумаки башардӯстона ба Афғонистон ташкил карда шавад.

*-Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend