Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:4014.04.2025
Милитсияи Душанбе ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридааст, зеро, ба иттилои ин ниҳод, зан онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекардааст.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ду кӯдаки 8 ва 10-сола, ки дар шароити “ниҳоят хавфнок барои саломатӣ” ба оворагардиву талбандагӣ машғул буданд, чандин маротиба ба шуъбаи милитсия бурда шудаанд.
Зимни санҷиш ва пурсиш муайян гардидааст, ки модари онҳо – зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, қаблан ду маротиба барои дуздӣ суд шудааст. Ӯ фарзандони худро маҷбур мекардааст, ки бо мақсади ба даст овардани маблағ барои хариди маводи мухаддир ва нӯшокиҳои спиртӣ талбандагӣ кунанд.
Ба гуфтаи кӯдакон, модар онҳоро латукӯб мекардааст ва маҷбур месохтааст, ки дар кӯчаҳо талбандагӣ карда, то 300-400 сомонӣ ҷамъ кунанд.
Дар робита ба ин ҳолат, кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб додаанд. Бо қарори суд кӯдакон аз оила гирифта шуда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе барои таҳсил ва зиндагии минбаъда интиқол дода шудаанд.
Қаблан, милитсияи пойтахт огоҳ карда буд, ки “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” аз волидайне, ки “аз уҳдаи тарбияи фарзанди худ баромада наметавонанд”, кӯдак гирифта, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ ҷойгир карда мешавад.
Раёсат аз як ҳолате хабар дода буд, ки гуфта мешуд, як ноболиғи 15-сола сокини шаҳри Душанбе бо ҳалномаи Суди ноҳияи Сино тибқи моддаи 73 Кодекси оила аз модараш гирифта, дар Муассисаи махсуси таълимӣ ҷойгир карда шудааст.
Ин ноболиғ барои содир намудани дуздӣ ва мунтазам машғул шудан ба оворагардию талбандагӣ, дастгир карда шуд, ки ба иттилои ин ниҳод ӯро модараш ба ин кор маҷбур месохт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024, қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” иваз карда шуд.
Тибқи ин тағйирот масъулияти тарбияи фарзанд на танҳо ба дӯши падару модарон, балки ба зиммаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ низ гузошта шудааст.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
3 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
3 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
5 дня назад