logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Милитсия: дар рӯзи ид кӯдаконро беназорат нагузоред

Ба иттилои милитсия, "махсусан дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон", ҳодисаҳои нохуш ва қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд.

Your tj

10:2128.03.2025

Милитсия: дар рӯзи ид кӯдаконро беназорат нагузоред

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда даъват кард, ки дар рӯзи Иди Рамазон кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Ба иттилои милитсия, ҳар сол дар рӯзҳои ид, "бахусус Иди Рамазон ва Иди Қурбон", бинобар беназоратии кӯдакон садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии ноболиғон ва дигар қонуншиканиҳо бо иштироки наврасон ба қайд гирифта мешаванд.

Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, милитсия аз волидайн хоҳиш намудааст, ки кӯдаконро дуру дароз беназорат нагузоранд ва шабгардию оворагардии онҳоро пешгирӣ намоянд.

Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки дар ҳолати вайрон кардани қонун аз ҷониби кӯдакон, нисбат ба волидайн чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ андешида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта тибқи тағйиру иловаҳои нав ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар як ҷаласаи парлумони кишвар қабул гардид, “идгардак” барои кӯдакон манъ карда шуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

17 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ